logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳанги он 29 - умин солгарди Ҷашни миллӣ – Истиқлолияти  давлатиро таҷлил менамоянд. Миллати сарбаланди тоҷик ин рӯйдоди пурифтихор ва шоистаро дар шароите ҷашн мегиранд, ки мафҳумҳои ормонҳои миллӣ, истиқлол, озодӣ, демократия барои ҳар як сиёсатмадору зиёӣ, олиму муҳаққиқ ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшан аст ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда, ҳаракат барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ вусъати нав пайдо менамояд, ки дар ин замина мақоми сиёсати хориҷӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Зикри ин нукта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расидан ба истиқлоли худ ба ҷаҳониён пайғом дод ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз кард. Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонист, хеле муҳим мебошад.
Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Шароити мушаххаси таърихии таъсису инкишофи давлати соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ  дар марзи ду садсола, табиатан, аҳамияти хоссаи омили  беруниро  дар  ҳаёти  ҷумҳурӣ ва робитаи наздики рушди дохилиро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.
Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Кишвари мо бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ифтихори баланд аст.
Имрӯз Тоҷикистон ва кулли давлатҳои дунё дар шароите қарор доранд, ки ҷаҳонишавӣ ба раванди ҳокими таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст. Он ҳам барои рушди иқтисодиву технологӣ миёни давлатҳо имкониятҳои бузург фароҳам меорад ва ҳам метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, инчунин, торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани буҳрони маънавии ҷомеаи ҷаҳон гардад.
Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд муҳтавои амалгаро ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатӣ мусоидат намояд.
Феълан,  бемории  ҳамагири COVID-19 башариятро бо таҳдид ва хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Аз ин рӯ, тамоми давлатҳоро мебояд сарҷамъона ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ талош намоянд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки дар мубориза бо ин бемории ҳамагир тадбирҳои амалӣ андешида шаванд ва ҳамватанони мо дар дохилу берун аз ҳудуди кишвар аз ин сироят эмин бошанд. Маҳз тавассути сиёсати дурбинона ва ташаббусҳои миллатдӯстонаи Сарвари давлат новобаста ба вазъияти душвор як қисми ҳамватанони мо аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркия, Аврупо, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо ба Ватан баргардонда шуданд.  
Бояд зикр намуд, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ, усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик бисёр муассиру корсоз аст. Хусусияти тақвият ёфтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталоши дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии мамлакат таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ки бар асари он ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши хоссаи худро то ҳол ҳифз намуданд.
Роҳи пурифтихори тайкардаи давлати мо ва дипломатияи тоҷик тайи 29 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осон набуд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали омадан ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчун заминаи муҳими таъмини амният ва суботи давлат муайян намуданд.
Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ғайра, ширкати фаъолона дорад. Президенти мамлакат самтҳои пешрафти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мушаххас намуда, бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ, инчунин, омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо равобити дӯстонаро бо ҳамаи кишварҳо танзим намуданд.
Асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои амалгарона ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд оварда шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо, хостаҳои давлат ва мардуми мамлакат дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ барои соҳиб шудан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз давлат ба вуҷуд оварда шуданд.
Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эълоннамудаи Сарвари давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро пайгирона татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки кишвари мо узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монда, дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро пайдо намояд.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон, баёнгари мавқеи хосаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди Президенти Тоҷикистон дар назди маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки, инак, он дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.
Ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронда шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо карда, назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоангез, аз ҷумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ, пайгирӣ мекунанд.     
Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо шурӯи рисолати олии тамаддунсозии хеш, бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.
Мо итминони комил дорем, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи баланди созандаи мардум, дар заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳамкории густарда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои аз ин ҳам бештар даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоиста касб менамояд.

Сироҷиддин МУҲРИДДИН,
вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 378
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед