logo

иҷтимоиёт

ИҚБОЛИ БАЛАНД

Ба бахти миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳури шахсияте дар саҳнаи таърих рост омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ шуълавар буд.
Таърих гувоҳ аст, ки тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ аз  барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ то бунёдкориҳои азим, аз қабили иншооти бузурги  аср – НБО «Роғун», НБО - ҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Озодӣ», «Шаҳристон», роҳҳои оҳани Душанбе - Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, пулҳои  байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, хатҳои интиқоли неруи барқ, бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва садҳо иншооти замонавии дорои таъйиноти гуногун, ки дар маҷмӯъ, ба беҳбуди рӯзгори мардум ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат мекунанд, бо кору пайкор ва номи мубораки Пешвои миллат пайванд мехӯранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳёи ваҳдати миллӣ рамзҳои сиёсиро аз нав барқарор намуда, ба давлатдории нави тоҷикон ҳусни тоза бахшиданд. Дар пойтахти кишвар -  шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои Парчаму Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуданд, ки дар раванди худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватанпарастии ҷавонони кишвар нақши муҳиме хоҳанд гузошт.
Рисолати Президенти кишвар ҳамчун инсони таҳаммулпазир, Сарвари шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор бо заковати худододии хеш дар миёни мардуми сулҳпарвари тоҷик маҳбубияти беандоза касб карда, ба эҳтироми ҷомеаи башарӣ сазовор гардидаанд.
Албатта, ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони азизи мо аз файзи ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди халқи шарафманди тоҷик дар атрофи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар аст. Зимнан, набояд фаромӯш созем, ки ваҳдати миллӣ барои миллати мо бисёр гарон ба даст омадааст ва роҳу равишест, ки дарвозаи бахту иқболи навро барои ба даст овардани андешаҳои бузурги миллӣ боз менамояд. Дар баробари ин, пояҳои худшиносии миллиро устувор намуда, мардумро ба созандагию ҳувиятсозӣ ҳидоят менамояд. Дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз нақше боқӣ гузошта, дастовардҳои замони истиқлолият ва арзишҳои сулҳу ваҳдатро ҳифз намоем. Зеро сулҳу ваҳдати комил пойдевори ҳастии миллати тоҷик ва ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани маҳбубамон аст.

Музаффар САФАРЗОДА,
прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар
муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 261
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед