logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ҶАШНЕ, КИ АЗ ОИЛА МАНШАЪ МЕГИРАД

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мисли хуршед шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшаниву гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳои беназир роҳ кушод. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Сарвари давлат бо талошҳои хастанопазир, заҳматҳои шабонарӯзӣ тавонистанд, ки миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо бахшида, сулҳу субот ва аҳкоми давлатдории навини тоҷиконро поярезӣ намоянд. Инчунин, ормонҳои ҳазорсолаи мардуми соҳибтамаддуни моро амалӣ намуда, кишвареро бо номи Тоҷикистон дар ҷаҳон шуҳратёр намуданд, ки ин хидматҳои ватандӯстона дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини мо барои ҳамеша бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар зарфи бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расондем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.
Имсол мо Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатиро дар замоне таҷлил менамоем, ки ҷаҳон ба гирдоби бемории коронавирус печидааст. Бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ, дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюм гузарондани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ манъ гардиданд.
Вале новобаста ба вазъияти баамаломада, мо бояд ин санаи муборакро дар доираи оилаи худ ҷашн бигирем. Зеро қалби инсон бо вуҷуди кӯчак будан, метавонад меҳри бузурги Ватанро дар худ ғунҷонад.  

Суҳроб БАРОТЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 265
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед