logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ КАЛИДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

«Ба шарофати истиқлолият тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба даст гирифта, бо симои хос ва азму иродаи созандагӣ сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ меравем».
Эмомалӣ РАҲМОН


Бисту нуҳ сол муқаддам, 9 - уми сентябри соли 1991 дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик муҳимтарин воқеаи таърихӣ ба вуҷуд омад, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин воқеаи фараҳбахш то ба имрӯз барои миллати сарбаланди тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад.
Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум бо қарори худ 9 сентябрро Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон намуд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил шинохта шуд.
Соҳибихтиёрӣ имкон фароҳам овард, ки мо – тоҷикон роҳи оянда ва тақдири худро ба даст гирифта, эъмори давлати миллиамонро оғоз намоем. Моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар бо номи ӯ иртиботи мустақим доранд.
Вале бо эълони истиқлол қувваҳои зиёде аз дохилу хориҷи кишвар ба ноором сохтани давлати тозабунёд кӯшиш намуданд ва тавонистанд, ки дар Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилии бародаркушро афрӯзанд, ки он ҳисороти бузурги ҷонию молӣ ва маънавиро ба бор овард.
Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлат ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистони сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис ёфт ва баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати мустақил дошта бошад, он рӯзҳо боз ҳам нақшаҳои тақсими ин давлат ба миён омада буданд. Чунин тарҳро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, доир ба амалисозии он қадамҳои мушаххас низ гузошта буданд.
Вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию мадании кишвар ноустувор гардида, ба ҷойи таҳкиму такмили пояҳои давлатдорӣ ва корҳои ободонию созандагӣ мансабталошӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалгароӣ, майдоннишинию кашмакаш ва дигар зуҳуроти номатлуб қувват мегирифтанд.
Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхту Тоҷикистон дар хоку хун қарор дошт ва масъалаи буду набуди давлати тоҷикон дар тарозуи таърих меистод, давлати ҷавони мо соҳиби роҳбари ҷавоне гардид, ки ӯ барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии кишвар ва сарҷамъии мардум камари ҳиммат баста, ҷони худро бо ҷони миллати маҳбубаш пайванд намуда, дар ҳифзи миллат ва давлат мардонавор қадамҳои устувор гузошт.
Нахустин сухане, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод: «Ман ба шумо сулҳ меорам» буду бо дастгирии мардум амалӣ гардид, дар муддати кӯтоҳ кишвари ҷангзада ва миллати ранҷкашидаи тоҷик дар радифи кишварҳои мутараққӣ ва миллатҳои номдори олам ҷой гирифт.
Чанде пеш мо шоҳиди воқеае гардидем. Ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз як гурӯҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ, дар марзи кишвари худ интизори Пешвои тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, аз ӯ ҳалли мушкилоти иҷтимоии худро дархост карданд.  
Дар партави истиқлоли давлатӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» - ро интихоб намудем, ки ин равиш мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ муаррифӣ кард, Ҳоло моро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ҳамчун шарики боэътимод мешиносанд.
Аммо бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони Ватан, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда, тавассути расонаҳои хабарии  хоҷагони хориҷӣ бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд ва теша ба решаи хеш мезананд.
Сарвари маҳбуби тоҷикони ҷаҳон ҳамеша таъкид мекунанд: «Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем. Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем».
Имрӯз ҷойи ифтихор аст, ки бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Сарҷамъу муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат кафолати таъмини амният, пойдории истиқлолу озодӣ, кафили сулҳу субот дар ҳар як хонадон ва боз ҳам тараққӣ кардани давлати миллии мо – тоҷикон мебошад.

Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 301
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед