logo

иҷтимоиёт

АРЗИШИ ОЛӢ Ё САРЧАШМАЕ, КИ ҒУРУРИ МИЛЛИРО ТАВОН МЕБАХШАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши таърихии истиқлолиятро  дар ҷойгоҳи баланд қарор дода, онро чунин қаламдод намуданд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд».
Пас, мо соҳибватанонро мебояд, ки истиқлолиятро бо ҳама бузургиаш гиромӣ дорем ва танҳо бо доштани ин неъмати бебаҳо қаноат накарда, ба афзун намудани дастовардҳою музаффариятҳои он ва  эҳтироми муқаддасоташ дар пайи амали фаъол ва бунёдкорона бошем. Зеро истиқлолият ба мо озодӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад, ғурури миллиамон аз он сарчашма мегирад, лек дар баробари ин ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ,  фидокорӣ ва матонату садоқат мехоҳад.
Ҳар падидаи нек рамзу нишон ва файзу баракати худро дорад. Истиқлолият  барои миллати тоҷик рамзи саодат ва асолат, хушиқболӣ,  соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи озодӣ, бақову пойдории давлат ва  ифтихормандӣ мебошад. Бузургтарин дастоварди истиқлолият – соҳиб гардидан ба давлатдории мустақили миллист. Комёбии азимтарини ин даврон расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ  ва таъмини оромии ҷомеа аст. Ба ҳамин маънӣ аст, ки Пешвои муаззами миллат воқеъбинона ва мавридшиносона чунин таъкиди барҳақ намуданд, ки «истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад».
Дар зимн бояд ёдрас шуд, ки истиқлолият дар ибтидо ормони миллӣ буд, ки баъдтар ба рӯзи мурод ва санаи фархунда табдил ёфт. Шинохти аслии ин ҳақиқати ифтихорангези  таърихӣ ва воқеияти фараҳбахши замон бо вуҷуди 29 – сол гузаштан аз умри он ҳанӯз  ниёз  ба дарки огоҳонаи ин рӯйдод  дорад, таблиғи васеи мақому манзалати ҳувиятсози ин ҷавҳари марказии ҳастии миллат имрӯз ва оянда низ як ҷузъи муҳими рисолати ватандорӣ ва масъулияти истиқлолдорист. Ҳаммаромӣ, сафарбарии умумимиллӣ дар роҳи амалӣ намудани иқдомҳои наҷиби истиқлолхоҳона ва татбиқи ҳадафҳои муҳими рушди миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ зери парчами хидмат ба Ватан ва ҳифзу тақвияти истиқлолият кори пуршарафест, ки аз ҳар яки мо тақозо мешавад. Самти роҳи дурахшон муайян аст, Пешвои миллат дар ин масир роҳнамоию ҳидоятгарӣ карда, уфуқи тозаи кору амали бунёдкорона, ҷабҳаи зарбдори ободонию созандагиро сарварию мудирияти оқилона намуда, маҷрои бонизоми тавсеаву шукуфоиро зери назорати доимии хеш қарор додаанд. Дар ин робита, танҳо моро зарур аст, ки бо нишони садоқат ба истиқлолу озодии Ватани азизамон - Тоҷикистони маҳбуб азми қавӣ, иродаи шикастнопазир дошта бошем ва аз як гиребон сар бароварда,  ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сӯи музаффариятҳои боз ҳам бештару беҳтар дилпурона қадам гузорем.

Суҳроб  РУШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 293
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед