logo

иҷтимоиёт

ДАСТОВАРДИ МУҚАДДАС

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик роҳи пур аз шебу фарозро тай намуд. Ва барои расидан ба ин рӯзгори орому осуда давлату миллати мо бо мушкилоти вазнине дучор шуд, ки сангинтарини он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Доираҳои муайяни дохилӣ ва хориҷӣ аз усулҳои озмудашудаи худ истифода намуда, кишвари моро ба гирдоби маргбори муқовиматҳои мусаллаҳонаи дохилӣ кашида, хостанд онро аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв созанд. Миёни доираҳои сиёсии хориҷӣ ва ҳамназарони дохилии онҳо тарҳи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлати тозабунёди тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Мутаассифона, душманони мо то андозае ба ин ҳадафи шуми худ ноил гаштанд. Бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ теъдоде аз ҳамватанони мо ҷони ширини худро аз даст дода, бархе хонаву ҷой тарк намуда, иҷборан ба дигар мамлакатҳо кӯч бастанд.
Дар он солҳои мудҳиш Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати тоҷик нақши муҳиме бозида, бори масъулияти давлатдориро ба дӯши шахсе гузошт, ки тамоми  ҳастиашро барои расидан ба ин рӯзгорони орому пур аз рифоҳи миллат бахшид. Дар уфуқҳои сиёсати минтақа ва ҷаҳон чеҳраи нави сиёсӣ – Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва қадамҳои устувор чун ситораи тобнок дурахшид ва бо хиради азаливу дасти тавонои хеш миллати азиятдидаи худро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Неруҳои солим ва огоҳи ҷомеа бо ҳидоятҳои парчамбардори нангу номус ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу субот камари ҳиммат бастанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар суханронии хеш ба ифтихори Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ (соли 2011) чунин зикр карданд: “Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам.”  
Баъд аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона – 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди беҳамтои миллати тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад.
Давлати Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар тӯли бисту нуҳ соли истиқлолият бо такя ба анъанаҳои фарҳангию миллии хеш, бо дарназардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифт, ки дар ин масир муваффақиятҳои беназиреро ба даст овард. Мардум бо ҳидоятҳои Сарвари худ аз имтиҳони мушкили таърих бо сарбаландӣ гузашт ва шароите барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам омад. Ин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, инчунин, бо комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳангу тамаддуни башарӣ ба ҷомеаи мутамаддини демократии ҷаҳонӣ ворид гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба вуҷуд омадани фазои солим ва муҳити озоду озодандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки танзими муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон - озодии сухан, озодии виҷдон, чандандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма аз ҷониби давлат дода шуд. Пайгирии чунин сиёсати муваффақонаи дохилӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамқадами таҳаввулотҳои ҷаҳонӣ бошад.
Воқеаҳои таърихие, ки дар сарнавишти миллати тоҷик рух доданд, исбот намуданд, ки ба даст овардани истиқлолият амри ниҳоят мушкил мебошад, аммо ҳимояи ин истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.
Ва ба ин хотир, ҳар яки моро мебояд, ки дар ҳифзу нигаҳдории истиқлолият ва дастовардҳои он пайваста кӯшиш намоем ва барои боз ҳам боло рафтани шаъну шарафи миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар саҳми бориз гузорем.

Абдураҳмон ХАЛИЛОВ,
прокурори шуъбаи назорати иҷрои
қонунгузории андози Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2020    №: 171    Мутолиа карданд: 271
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед