logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ ва шохаҳои хокимияти давлатӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда, барои амалигардии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар замина, дар нахуст санаде, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон эълон гардид, ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд.
Баъдан, бо дарназардошти муҳим будани нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар рушди ҳокимияти судӣ нақши босазои худро гузошт.
Ҳамзамон, Президенти кишвар 31 майи соли 2002 зимни суханрониашон дар машварат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо иброз доштанд: «Имрӯз барои ҷамъият ҳимояи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан неруманд ва дахлнопазир бошад».
Ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, мутобиқ намудани санадҳои ҳуқуқӣ ба талаботи муосири ҷомеа ва эътирофи як қатор санадҳои байналмилалӣ 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо, аз ҷумла ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани мустақилияти судҳо, таъмини адолати судӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо нигаронда шуда буданд.
Аз ҷумла, қисми 1 моддаи 84 дар таҳрири нав: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.» ифода шуда, мустақилият ва аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ гардидани он мушаххасан омадааст.
Дар қисми 2 моддаи мазкур дар ҳайати Суди Олии иқтисодӣ судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе таъсис дода шуданд. Дар қисми 4 моддаи 84 муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол тағйир ёфт.
Ислоҳоти болозикр барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, дар таъмини адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши босазо гузоштанд.
Ҳамчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, амалӣ намудани дигар чораҳои соҳавӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ нақши назаррас дорад.
Вобаста ба татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва бо дарназардошти он, ки ҳокимияти судӣ дар ташаккули давлатдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад, бо мақсади рушду таҳкими ҳокимияти судӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан боз се барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2011 - 2013, 2015 - 2017, 2019 - 2021 қабул гардид.
Имрӯз мо шоҳиди онем, ки бо дастгирии Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми судии кишвар рушду такомул ёфта, дар ин замина барои таъмини амалишавии ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс ба кафолати ҳифзи судӣ чораҳои муассир андешида шуданд.
Дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.
Бояд зикр кард, ки дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Конститутсия ба ташаккули падидаҳои нави демократӣ, аз ҷумла ба таъсиси мақоми нави махсуси назорати конститутсионӣ - Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти судӣ, мақоми махсус дода шуда, моддаи 89 ба Суди конститутсионӣ бахшида шуд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад.
Мақсади асосии назорати конститутсионӣ ин таъмин намудани мутобиқати ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ ба конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар кишвар асосҳои сохтори конститутсионӣ устувор гаштаву қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд таъмин карда мешавад. Гузашта аз ин, тавассути он фаъолияти мақомоти судӣ (дар кишварҳое, ки судҳо ваколати назорати конститутсиониро доранд) ба фаъолияти парлумон ва ҳокимияти иҷроия таъсир расонда, принсипи боздошт ва мувозинат таъмин карда мешавад.
Суди конститутсионӣ вобаста ба салоҳияти касбии худ масъалаи ҳуқуқро баррасӣ намуда, дар асоси дархосту пешниҳоди субъектони муроҷиат ба он, дар тӯли фаъолияти хеш масъалаҳои зиёдеро оид ба муайян намудани номутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба конститутсия баррасӣ намуда, қарору таъйиноти дахлдор қабул намудааст, ки онҳо дар таҳкими адолати конститутсионӣ дар кишвар саҳми назаррас доранд.
Қарорҳои Суди конститутсионӣ барои тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳатмӣ буда, онҳо барои бартараф намудани номувофиқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба конститутсия равона гардида, барои татбиқи дурусти қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Имрӯз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 130 мақомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳо ҳамкориҳои байналмилалиро ба роҳ мондааст, ки сол то сол таҳким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунанд.
Суди конститутсионӣ дар фаъолияти худ 140 дархосту пешниҳоди субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ доштаро баррасӣ намуда, тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба онҳо 39 қарор ва 101 таъйинот қабул кардааст.
Дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи ҳокимияти судӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза, бомаром идома ёфтани ислоҳоти низоми судӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ боиси он гардид, ки ҳокимияти судӣ дар кишвар ташаккул ёфта, боварии аҳолӣ ба ин ниҳоди ҳокимияти давлатӣ рӯз аз рӯз меафзояд.
Суди конститутсионӣ, ки дар ҳифзи конститутсия қарор дорад, минбаъд низ дар таъмини суботи конститутсионӣ ва таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ва бо ҳамин васила дар таъмини ҳамаҷонибаи кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки конститутсия пешбинӣ намудааст, саҳми арзандаи худро мегузорад.

Абдулҳафиз АШУРЗОДА,
раиси  Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2020    №: 172    Мутолиа карданд: 212
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед