logo

Хабарҳо

НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

АИР Новости. Наздики 50 дарсади хурдсолоне, ки ба коронавирус сироят ёфтанд, онро сабук паси сар намуданд, - маълумот додааст «Роспотребнадзор».
Дар шаш моҳи гузашта дар Россия 47 712 ҳодисаи гирифтории кӯдакон ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд, ки аз теъдоди умумии беморон 8,4 дарсадро ташкил дод. «Дар ин давра дар 49,9 дарсади онҳо сироят дар шакли сабук ба мушоҳида гирифта шуд», - омадааст дар тавзеҳи ниҳод.
Зикр мегардад, ки дар 32 дарсади ноболиғон коронавирус бидуни аломат ошкор шуд. Бемории вазнин миёни онҳо ҳамагӣ 0,2 дарсадро ташкил дод.


ДОНАЛД ТРАМПРО БА ҶОИЗАИ СУЛҲИ НОБЕЛ ПЕШБАРӢ НАМУДАНД
Fox News. Узви парламенти Норвегия Кристиан Тибринг-Гедде мутмаин аст, ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои саҳм дар ҳалли муноқишаҳои тӯлонӣ арзандаи ҷоизаи сулҳи Нобел мебошад.
Ба гуфтааш, сарвари Амрико назар ба дигар довталабони ҷоиза дар кори муқаррарсозии сулҳ миёни халқҳо бештар саҳм гирифтааст. Дар номаи худ ба кумитаи Нобел Тибринг-Гедде таъкид доштааст, ки маъмурияти Президенти ИМА, аз ҷумла дар ташаккули муносибат миёни Исроил ва Амороти Муттаҳидаи Араб, нақши калидӣ бозид. Вакили норвегӣ бар он аст, ки Трамп ба тақвияти иртибот байни Ҳиндустону Покистон, ҳалли мушкилоти неруи ядроии Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея таъсир гузошт.


ДАР ҲИНДУСТОН ЗИЁДА АЗ 4,4 МИЛЛИОН ОДАМ АЗ КОРОНАВИРУС СИРОЯТ ЁФТ
АИР Новости. «Дар ин кишвар шумораи гирифторони коронавирус бештар аз 4,4 миллион нафарро ташкил дод», - иттилоъ медиҳад Вазорати тандурустӣ ва некуаҳволии хонаводаҳо.
Дар натиҷа Ҳиндустон дар рӯйхати кишварҳои сироятзадаи дунё ба ҷои дуюм баромад. Дар Бразилия, ки то ин вақт дар сатри дуюм қарор дошт, қариб 4,2 миллион бемори COVID-19 сабт шудааст. ИМА ҳамоно давлати пешсаф мемонад: тибқи маълумоти донишгоҳи Ҷон Хопкинс, дар қаламрави он теъдоди гирифторон ба беш аз 6,5 миллион нафар расидааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Ҳиндустон теъдоди маризони коронавирус 64,3 ҳазор нафар афзуд.


МАКОТИБИ ОЛИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СЕМЕСТРИ ДУЮМ БА ТАҲСИЛИ РӮЗОНА МЕГУЗАРАНД
REGNUM. «Бинобар хатари паҳншавии коронавирус донишгоҳу донишкадаҳои кишвар шакли маъмулии таълимро моҳҳои январ - феврали соли 2021 идома медиҳанд», - гуфт сухангӯи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси мамлакат Фарҳод Бабашев.
Намояндаи вазорат зикр намуд, ки аз лаҳзаи эълони карантин танҳо аз Тошканд ба таътили маҷбурӣ зиёда аз 80 ҳазор донишҷӯ ба минтақаҳо ба хонаҳояшон фиристода шуданд. "Дарсҳо, ки сар шуданд, бо назардошти донишҷӯёни курсҳои якум ба пойтахт беш аз 100 ҳазор донишҷӯ меояд, ки ба вазъи эпидемиологӣ бетаъсир нахоҳад монд", - гуфт Бабашев.
Имсол дар Ӯзбекистон имтиҳонҳои қабул ба макотиби олӣ 2 сентябр шурӯъ шуд, ки 14 рӯз давом мекунанд. Бинобар талаботи санитарию эпидемиологӣ онҳо дар ҳавои кушод дар ҳудуди 40 варзишгоҳу боғҳои фароғатӣ мегузаранд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 765
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед