logo

Хабарҳо

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

Sputnik. Як қатор расонаҳо дар бораи дармонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедовои Москва хабар доданд.
Дар суҳбат бо Sputnik сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов гуфт, ки ин маълумот дуруст нест. Сафир афзуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия тибқи рӯйхатҳо парвоз мекунанд.
"Фурудгоҳ муътадил кор мекунад, дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки наметавонанд ба парвози содиротӣ парвоз кунанд, маълумоте нест",- гуфт котиби матбуотии фурудгоҳи Домодедово Александр Власов.
Ӯ афзуд, ки шахсан минтақаҳои умумии фурудгоҳро тафтиш карда, дар он ҷо ягон муҳоҷиреро надидааст.

ДУШАНБЕ ВА БИШКЕК ДАР МОСКВА МАСОИЛИ МАРЗИРО БАРРАСӢ НАМУДАНД
Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Москва бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мулоқот кард, - хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.
Вазирони ду кишвар масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштараки давлатиро муҳокима намуданд.
Намояндагони баландпоя хусусияти неки ҳамсоягии муносибатҳои дуҷонибаро таъкид ва зарурати ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳоро барои пешгирии иғво ва таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ зикр карданд.
Таъкид рафт, ки бинобар хуруҷи коронавирус, ҷонибҳо маҷбур шуданд музокироти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба таъхир андозанд.
Ҷонибҳо аҳамияти ташкили ин мулоқот дар ояндаи наздик ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

МУЗОКИРОТИ ҲУКУМАТДОРОНИ АФҒОНИСТОН БО «ТОЛИБОН» ДАР ДАВҲА
«Толо нюс». Ҳайати Ҳукумати мамлакат озими Давҳа мешавад, ки он ҷо музокирот бо намояндаҳои ҳаракати тундрави «Толибон» дар назар аст.
Гуфтушуниди ҷонибҳо 12 сентябр доир мегардад. Ҳукуматдорон ва "Толибон" бояд чораҳои барқарорсозии сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ намоянд.


ТОШКАНДРО ПОЙТАХТИ ҶАҲОНИИ КИТОБ ДАР СОЛИ 2022 ЭЪЛОМ ДОШТАНИАНД
Sputnik. Ин иқдоми ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар лоиҳаи қонун «Дар бораи барномаи миллии рушд ва дастгирии маданияти қироат барои солҳои 2020-2025" зикр ёфтааст.
Тибқи санад, дар мамлакат низоми баҳодиҳӣ ба самаранокии тадбирҳо ҷиҳати рушди қироат таҳия, рейтинги "Беҳтарин минтақаи қироат» роҳандозӣ ва «Шӯрои қироатгарон» созмон дода мешавад.
Ғайр аз ин, аз соли 2021 ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи апрел дар Ӯзбекистон «Ҳафтаи қироат» баргузор хоҳад шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 755
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед