logo

Хабарҳо

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

Дар финали мусобиқаи US Open Доминик Тим (Австрия) Александр Зверевро (Олмон) бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, баъди интизории тӯлонӣ бори аввал соҳиби «Тоскулоҳи бузург» гардид, - хабар медиҳад сомонаи   чемпионат.ком.
Миёни бонувон бошад, «Тоскулоҳи бузург»-ро Наоми Осака (Ҷопон) пас аз мағлуб намудани Виктория Азаренко (2:1) ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин «Тоскулоҳи бузург»-и Наоми мебошад.


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. «СОРО КОМПАНИЯ» ОНРО БА ДАСТ ОВАРД
Дастаи «Соро компания» дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, тими «Равшан»-ро бо ҳисоби 8:4 шикаст дода, соҳиби ҷом гардид.
Тавре аз департаменти футзали ФФТ хабар доданд, дар маросими ҷоизасупорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ва директори генералии Лигаи футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев иштирок доштанд.
Ҷоизаи беҳтарин бозигари ин вохӯрӣ насиби капитани дастаи «Соро компания» Некрӯз Алимаҳмадов гардид.


ҒОЛИБИЯТИ «РАВШАН» ДАР КӮЛОБ
Дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан» дар майдонаш чемпиони феълӣ ва садрниши ҷадвали чемпионати кишвар - «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда, ба нимфинал роҳ ёфт.
Тибқи иттилои ФФТ, вақти асосии бозӣ 2:2 ба анҷом расида, дар  қисми иловагӣ соҳибони майдон ду тӯби дигар ба самар расонданд.
Дар бозии дигари ин давр «Хатлон» тими «Эсхата»-ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб намуд.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 664
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед