logo

Хабарҳо

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

Дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои кишвар озмоишгоҳи ҷадиди  «Лидар», ки бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шудааст, ба фаъолият шурӯъ намуд. Таҷҳизоти озмоишгоҳ ба маблағи 301 375 евро сохта шуда, дар доираи ҳамкориҳои илмӣ бо Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси шаҳри Лейпсиги Олмон ворид шудааст. Он дар Осиёи Миёна ягона буда, 6 - умин «Лидар» дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Фарҳод Шокир, директори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров, хабар дод.
Бино ба иттилои ӯ «Лидар» - ин технологияи дарёфт, идентификатсия, муайянкунандаи масофа тариқи рӯшноӣ мебошад ва барои дастрас намудани иттилоот оид ба объектҳои дур, инчунин, молекулаҳои хурд пешбинӣ шудааст.
Фарҳод Шокир мегӯяд: «Дар институт дастгоҳҳои зиёде барои таҳқиқи атмосфера мавҷуданд, аммо ба воситаи онҳо мо то имрӯз танҳо 5 – 6  километр масофаро назора ва таҳқиқ менамудем. Имкони омӯзиши таркиби молекулавии атмосфераро надоштем. Акнун олимони соҳа имкон пайдо намуданд, ки тавассути технологияи нав таркиби атмосфераро омӯхта, дар самти физикаи атмосфера ва иқлимшиносӣ таҳқиқоти сатҳи ҷаҳонӣ анҷом диҳанд.
Дастгоҳ тавассути нури лазерӣ кор мекунад. Ин навъи нур қобилияти дар ҳаво, то баландии 44  километр, муайян намудани якчанд молекула ва  унсурҳои бегонаро дорад. Таҷҳизот ба самти объекти таҳқиқшаванда импулсҳои кӯтоҳи нури лазериро ирсол менамояд. Масофа то объект ба таври дақиқ муайян карда мешавад. Таҷҳизот, ҳамчунин, имкон медиҳад, ки абрҳо, қабатҳои атмосфера ва таркиби малекулавии онҳо хеле зуд муайян карда шаванд».
Мушоҳидаи амалии оптикӣ (оптическое зондирование), ки тавассути дастгоҳи «Лидар» анҷом меёбад, ҳоло яке аз методҳои дақиқ ва муътамади таҳқиқи атмосфера мебошад. Олимони соҳа дар замони муосир таҳқиқи атмосфераро бо истифодаи лидарҳо муҳим арзёбӣ менамоянд. Ба гуфтаи онҳо танҳо тавассути дастгоҳи мазкур метавон таркиби молекулавии ҳавоеро, ки имрӯз инсоният нафас мекашад, санҷид ва бехатарии онро муайян намуд.
Зимнан, кормандони Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои кишвар чанд сол боз дар соҳаи илм дастоварди назаррасро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, истгоҳи истеҳсоли нитрогени моеи институт, ки аз соли 1990 дар ҳолати корношоями қарор дошт, ба кор дароварда шуд. Айни замон  истгоҳ тамоми кишварро бо нитрогени моеъ таъмин менамояд. Кормандон, ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо  Институти гастроэнтерологияи кишвар дастгоҳи нави криоҷарроҳиро сохта, ба истифода доданд. Ҳоло он дар тиб васеъ истифода мешавад. Ба воситаи дастгоҳ то имрӯз беш аз 250 ҷарроҳии омоси ҷигар бомуваффақият анҷом ёфтааст. То ихтирои дастгоҳ  беморони омоси ҷигар имконияти табобатро дар дохили кишвар надоштанд ва маҷбур буданд барои табобат ба хориҷа раванд.
Асбоби нафасгирии сунъӣ аз дастоварди дигари кормандони институт ба шумор меравад, ки ҳоло онро  барои озмоиш ба шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” супурдаанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 726
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед