logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ». 8 ОЗМУН ДАР 4 СОЛ

Чанде қабл озмуни навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо тантана ҷамъбаст гардид. Ин раҳ озмун таҳти унвони «Тоҷикистон - хонаи умеди мо» чун ҳарвақта бо ибтикори сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода роҳандозӣ гаштаву дар ҳамбастагӣ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд. Ин озмун ва озмунҳои қаблӣ дар самти ба амал пайвастани дастуру нақшаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз гузошт.
Озмуни мазкур 8 - умин озмуни рӯзнома дар зарфи чор соли охир маҳсуб меёбад. Силсилаи озмунҳои «Ҷумҳурият» аз соли 2016 бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ оғоз ёфта буд. Ин озмун ба шарафи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти журналист ва шоири маъруфи тоҷик Ғоиб Сафарзода бахшида шуда буд.
Соли 2017 рӯзномаи «Ҷумҳурият» се озмунро роҳандозӣ намуд. Аввалӣ, озмуни «Пайрави Пешво» бахшида ба Соли ҷавонон, дувумӣ, ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо МИМҲД - и ноҳияи Рашт дар шаҳраки Ғарм ҷамъбаст гардид. Озмуни савумӣ ин сол ба хотири гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо МИМҲД - и ноҳияи Айнӣ доир шуд.
Соли 2018 рӯзномаи «Ҷумҳурият» доираи озмунҳоро васеъ ва ба сатҳи боз ҳам баландтар баровард. Ин сол рӯзнома ду озмун гузаронд. Нахуст, бахшида ба 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо МИҲД - и вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъдӣ, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо МИҲД - и шаҳри Панҷакент доир гашт.
Ин озмунҳо нуқтаи кулминатсионии озмунҳои фавқ гашт, ки то кунун аз хотирҳо зудуда нагаштаанд. Ҷамъбасти озмуни аввалӣ дар толори «Қасри Арбоб» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар толоре, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта буд, баргузор гардид. Дар озмуни дигарӣ, ҳайати ғолибони озмун, меҳмонон ва рӯзноманигорони «Ҷумҳурият» тибқи нақшаи матраҳшуда аз шаҳри бостонии Самарқанд (Ӯзбекистон) дидан карданд.
Пас аз ҷамъбасти ин озмун роҳбарияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, то озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона», яке аз мавзӯоти басо муҳим ва саривақтиро доир намояд. Хушбахтона, ин ибтикорро раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо хушнудӣ пазируфтанд. Ин озмун  қариб  як сол идома ёфта, он бо кумаку дастгирии МИҲД - и вилояти Суғд дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷамъбаст гардид.
Соли 2020 озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Тоҷикистон - хонаи умеди мо» бо МИҲД - и вилояти Хатлон роҳандозӣ гашт.
Чуноне зикр ёфт, рӯзномаи «Ҷумҳурият» тӯли чаҳор сол ҳафт озмунро бо шукӯҳу манзалати хоса гузаронд. Кунун эҷодгарон, журналистон, ҳаводорон ва ошноҳои рӯзнома дар андеша буданд, ки озмуни навбатӣ чӣ гуна ва дар кадом сатҳ доир мешавад. Зеро сатҳу сифати озмунҳои мавриди назар, яке аз дигарӣ беҳтару хубтар ва шоистатар анҷом ёфта буданд.
Шоёни зикр аст, ки дар ҳар як озмун, сар аз деҳқону коргар, хонандаи мактаби миёнаву донишҷӯён, устодони мактабу кормандони мақомоти ҳукуматӣ, шоирону нависандагон ва олимону донишмандони зиёде ширкат намуда, дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, ёдбуди қаҳрамонон, болорафти сатҳи маънавӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонону ватандорон саҳми бесобиқа гузоштанд.
Тавассути озмунҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар гӯшаҳои дурдасти мамлакат ҷавонон, сокинони кишвар имкон пайдо намуданд, ки аз наздик бо шахсиятҳои маъруфу номвари кишвар ошно гарданд ва бо онҳо суҳбат ороянд.
Доир намудани озмунҳои мазкур бори дигар меҳру муҳаббати сокинони кишварро нисбат ба фарзандони маъруф - қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум ва сиёсати ҳукумати феълӣ бедор кард. Маҳз тавассути ин озмунҳо, аз хурд то бузург қалам ба даст гирифта, аз фарзандони дилписанд ва шуҷои тоҷик ёд ва рӯҳи фарзонамардони диёрро шод гардонданд…
Озмуни ҷумҳуриявии эҷодии «Тоҷикистон - хонаи умеди мо», ки ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва МИҲД - и вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда буд, қатъи назар аз хавфи вабои нав COVID - 19, дар сатҳи бисёр  баланд,  дар  қасри  фарҳанги  ноҳияи Данғара, 5 сентябри соли равон ҷамъбаст гардид. Инҷониб аз он хушнудам, ки раиси вилояти Хатлон  муҳтарам  Қурбон Ҳакимзода дар қавли хеш устувор монд ва озмуни мазкурро бағоят хотирмон доир намуд.
Пазироии раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода ва раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин аҳли иштирокдоронро хушҳол гардонданд. Макони баргузорӣ - толори бошукӯҳи қасри фарҳанги ноҳияи Данғара дил мерабуд. Аҳли толор, раёсати ҳокимияти давлатии вилоят аз дидор бо шахсиятҳои номвару маҳбуби кишвар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, академикҳои АМИ ҷумҳурӣ Юсуфшо  Яқубшо  ва  Кароматулло Олимов, Корманди шоистаи Тоҷикистон, адиб ва публитсисти маъруф Ато Ҳамдам, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Назри Яздонӣ, доктори илмҳои филология Нуралӣ Нурзод, шоирони маҳбуб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Амиршои Хатлонӣ, Ворис ва нафарони муҳтарам хушнуд гаштанд.
Эҳтирому арҷгузорӣ ба озмуни «Тоҷикистон - хонаи умеди мо» аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон, билхоса Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳайати бонуфузи меҳмонону иштирокдорон, аҳли қалам ва доваронро эҳтирому пазироии хуш болидахотир гардонд.
Бо итминон метавон зикр кард, ки нақши рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар зарфи чаҳор соли ахир дар тарғибу ташвиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи тавсиф аст. Зеро доир гардидани чунин озмунҳо дар тарбияи насли наврас ва худшиносии миллӣ нақши созгор мебозанд.
Ниҳоят, ба қавли устодони каломи бадеъ, донишмандону ҳунармандони маҳбуб саъю талоши аҳли эҷоди «Ҷумҳурият»-ро, ки барҳақ ба рӯзномаи № 1 табдил ёфтааст, қобили тавсиф меҳисобем. Танҳо «Ҷумҳурият» тавонист дар зарфи чаҳор сол 8 озмуни бонуфузи ҷумҳуриявиро бо ҷалби садҳо иштирокчиён, меҳмонон ва шахсиятҳои маъруфу шинохтаи тоҷик доир намояд. Чунин заҳмати шоиста аз ҷониби як ниҳоди давлатӣ заҳматест сутуданӣ. Роҳандозӣ намудани чунин маъракаҳои муҳими давлатӣ амалест шоиста...

Умари ШЕРХОН,
раиси Ассотсиатсияи
публитсистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2020    №: 179    Мутолиа карданд: 172
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед