logo

сиёсат

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО МАТРАҲ ШУД

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки вилояти Хатлон аз калонтарин минтақаҳои кишоварзии мамлакат ба шумор рафта, шуғли асосии мардум кишоварзӣ, боғдорӣ, обчакорӣ, чорвопарварӣ ва пахтакорӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои ҳар ду кишвар рушди ҳамкорӣ дар самти бунёди гармхонаҳо ҷиҳати парвариши сабзавоти барвақтӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот бо истифода аз фанноварии муосир ва содироти консервҳои меваю сабзавот ба Қазоқистон, сохтани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди шир, гандум, пашм ва чарм муҳим мебошад.
Аскар Тоҷибоев иброз дошт, ки  Қазоқистону Тоҷикистон тайи чанд сол дар бахшҳои гуногун ҳамкории зич дошта, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи хуб ҳосил кардаанд. Дар ин замина, Қазоқистон нақшаҳои нави ҳамкориро тарҳрезӣ карда, онҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда барои баррасӣ пешниҳод менамояд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки самтҳои афзалиятдори ҳамкории иқтисодии ду мамлакат саноати истихроҷи маъдан, металлургияи ранга, бахши мошинсозӣ, комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории вилояти Хатлон ва Қазоқистон табодули андеша карда, барои зиёд намудани ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гандум аз Қазоқистон ва содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҳои Тоҷикистон ба ин кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки соли 2019 содироту воридоти молу маҳсулот миёни вилояти Хатлон ва Қазоқистон 4,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ҳашт  моҳи соли равон ин рақам ба беш  аз 5,7 миллион доллар расид.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2020    №: 179    Мутолиа карданд: 186
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед