logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПОРА
корманди андозро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Рустам Азиззода, мутахассиси нозироти андози ноҳияи Шоҳмансурро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд.
Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ,  Рустам Азиззода 12 июни соли 2020 аз шаҳрванд «А» барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва минбаъд мусоидат намудан дар қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ 5000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, аз ин маблағ 1250 сомониашро пешакӣ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, 17 июли соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани қисми дигари маблағи талабшуда дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ба даст афтодааст.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди мақомоти андоз  бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор…) оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

ТАСАРРУФИ 7190 СОМОНӢ
Ғоратгари фирорӣ ба дасти милитсия афтод
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Панҷакент як сокини шаҳрро, ки аз ӯ ҷавони 23-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, боздоштшуда шоми 4 августи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ҷавони 18 - солаи сокини шаҳри Панҷакент 7 ҳазору 190 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳодиса дар майдони варзишии МТМУ № 29-и шаҳр ба амал омада, ҳоло алайҳи гумонбар бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ғоратгарӣ бо истифодаи зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2020    №: 179    Мутолиа карданд: 735
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед