logo

Хабарҳо

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

Дар кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нахустин вохӯрии номзадҳо аз панҷ ҳизби сиёсӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони вилояти Хатлон баргузор гардид.
Раиси ҳавзаи интихоботии Бохтар № 44 Амонулло Ашӯрзода оид ба омодагии шаҳр ба ин маърака иброз дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузарондани интихоботи президентӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 41 участкаи интихоботӣ мутобиқ ба ҳама талабот омода шуда, бо иштироки раисони участкаҳои интихоботии ҳудуди шаҳр семинарҳои омӯзишӣ барпо шуданд.
Рустам Латифзода, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, таъкид намуд, ки мақсади ҳамаи номзадҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум мебошад.
- Асоси фаровонии нӯшу неъмат дар дастархони мардум маҳз соҳаи аграрӣ аст. Қатъи назар аз он ки ҳизби мо аграрист, он боз фарогири дигар самтҳо, аз ҷумла дастгирии ҷавонон, амнияти миллӣ, иҷтимоиёт, маънавиёт, оила, илму маориф, мебошад, – илова намуд ӯ. 
Абдуҳалим Ғаффорзода, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, қайд кард, ки ҳадафи асосии ҳизб таҳкими сулҳу субот дар кишвар, дастгирии занони танҳо, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии сокинон, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба иштирокчиёни рафъсозии садамаи НБО «Чернобил» мебошад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, заноне, ки панҷ фарзанд доранд, тибқи барномаи ҳизб, бояд нафақаи давлатӣ бигиранд.
Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳадафҳои барномавии ҳафт соли минбаъдаи ҲХДТ ба ҳозирин иттилоъ дода, таъкид кард, ки хизматҳои шабонарӯзии Раиси ҲХДТ аст, ки Тоҷикистон тайи ин солҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.
- Ду агрегати НБО “Роғун”-ро ба кор даровардем ва он дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадан моро ба яке аз ҳадафҳои асосӣ – даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Ҳамчунин, дар ин давра тавонистем, ки мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ то дараҷае раҳо бахшем, – гуфт ӯ.
- Мо бояд бозори коғазҳои қиматнокро созмон диҳем, то маблағҳо дар дохили кишвар ба гардиш дароянд. Ҳамзамон, миқдори хоҷагиҳои деҳқониро дар ҷумҳурӣ зиёд карда, шумораи гирандагони субвенсияро коҳиш диҳем. Барои ин ифтитоҳи корхонаҳои нави истеҳсолӣ лозим аст, – иброз дошт Рустам Раҳматзода, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. 
Зарагул Мирҳасанова, котиби марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз номи Меъроҷ Абдуллоев, раиси ин ҳизб, барномаи пешазинтихобии ӯро ироа намуд.
-Ҳадафи асосии ҳизб ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон,  пойдор гардондани адолати иҷтимоӣ ва таъмини шароити арзанда барои мардум мебошад, – гуфт ӯ.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки 11-уми октябр ба участкаҳои интихоботӣ ташриф оварда, барои ояндаи дурахшони кишвар ба номзади арзанда овоз диҳанд.

Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 437
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед