logo

Хабарҳо

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

Бо эҳёи ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дар шаҳри Хуҷанд - “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи ресандагии “Тоҷик – Кообл -текстайлз” ва “Суғдиён - С” дар заминаи корхонаи дӯзандагии “Сано” дар маҷмӯъ боз наздики 400 бону ба ҷойҳои кории худ бозгашт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд дар мулоқот бо фаъолони вилоят бо изҳори нигаронӣ ҷиҳати аз кор бозмондани  корхонаҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои минтақа аз масъулон  талаб карданд, ки ба таври фаврӣ роҳҳои эҳёи онҳоро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоянд. Бино ба маълумоти оморӣ, то  1 июли соли равон дар вилояти Суғд 24 корхона зиёда аз ду сол инҷониб фаъолият надорад. Иқдоми  ҶСП “Сомонсуғд” оид ба мусоидат ҷиҳати эҳёи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда шоистаи дастгирист. Дар оғози тобистон аз тарафи  “Сомонсуғд” аввал корхонаи дӯзандагии “Суғдиён – С” фаъол шуда, ба истеҳсоли  маҳсулоти пахтагии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ оғоз кард. Аз моҳи август бошад, корхонаи “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи як вақтҳо машҳури “Тоҷик – Кообл - текстайлз” дар марҳилаи аввал бо ҷалби қариб 100 коргар ба фаъолият шурӯъ намуд.
ҶДММ “Суғдиён - С” бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз буда, дар ин ҷо дӯхтани ҳама намуди либоси аврупоию миллӣ, барои калонсолону хурдсолон, либосҳои махсуси соҳавӣ ва низомӣ имконпазир аст. 
- Хушбахтона, талабгорони маҳсулоти корхонаи мо дар бозор зиёданд,  ҳатто дар симои яке аз калонтарин ширкатҳои савдои шаҳри Москва “Текст - трейд” муштарии доимӣ дорем, ки пайвас-та фармоишҳои нав ба нав пешниҳод мекунад. Дар иртибот ба талаботи рӯзафзуни бозор ба маҳсулоти корхона  ҶСП “Сомонсуғд” тасмим гирифтааст, ки бо воридсозии хатҳои нави технологӣ ҳаҷми истеҳсолро зиёд ва сифати маҳсулотро рақобатпазир намояд. Ба ин мақсад дар асоси озмун беҳтарин тарроҳон ба кор ҷалб карда мешаванд. Татбиқи нақшаҳои васеъ кардани истеҳсолот имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик боз 130 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад, - иброз дошт Шаҳло Латифова, директори ҶДММ “Суғдиён - С”.
Корхонаи дигаре, ки фаъол гашту дар марҳилаи аввал боз 100 нафар бо ҷои кори доимиву музди хуби маош таъмин шуд, “Суғдтекстайлз” мебошад, ки аз ҷумлаи нахустин корхонаҳои муштарак (Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея) дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, дар он муддате то 2300 нафар ҷавонони маркази вилоят бо ҷои кору маоши сазовор таъмин буданд.
- Баҳри боз ҳам баланд бардоштани касбияти мутахассисон он замон кормандон ба Кореяи Ҷанубӣ ба таҷрибаомӯзӣ рафта, бо малакаи хуби корӣ ба истеҳсолот бозмегаштанд. Риштаву матоъҳои корхона дар бозорҳои Осиёву Аврупо харидорони зиёде доштанд. Мутаассифона,
буҳрони шадиди иқтисодии солҳои 2008 - 2009 ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонду онро муфлис кард, - ёдовар мешавад Илҳомҷон Орифов, директори ҶДММ “Суғдтекстайлз”.
Инак, корхона эҳё ва акнун таҳти номи “Суғдтекстайлз” ба фаъолият оғоз бахшиду  коркарди 300 тонна нахи пахтаро дар як моҳ анҷом медиҳад. Корхона аллакай ҷиҳати ҳамкорӣ бо ширкати азими давлатии Чин шартномаи додугирифт ба имзо расондааст.
- Ҳадафи асосии мо он аст, ки корхонаҳо фаъ-олияти босамар намуда, бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифат дар бозори ҷаҳонӣ шинохта шавад, - гуфт Саидраҳмон Хидиров, директори генералии ҶСП “Сомонсуғд”.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 437
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед