logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДУ ТАКОМУЛИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти давлатӣ дар назди аҳли фарҳанг ва миллатдӯсти тоҷик вазифаҳои нав гузошт. Яке аз онҳо муайян ва таъйин кардани ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ҷомеаи навин буд. Дар иҷрои ин вазифаи муҳим кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, нотакрору мондагор ҳастанд. Аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб гардиданашон забони давлатиро рукни асосии муомилот қарор доданд. Аз нахустин роҳбарони ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд, ки дар байни мардум бо забони шево ва ноби тоҷикӣ сухан карданду мекунанд. Арҷгузориҳо ба забони миллӣ маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роиҷ гардиданд. Бо таъкидашон: «забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад».
Бо тақвият ёфтану мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ баҳри баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ тадбирҳои муҳимро андешиданду дар амал татбиқ карданд. Бо ғамхориҳову талошҳои ҳамешагиашон забони тоҷикӣ ба забони расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мубаддал гашт. Боиси сарфарозист, ки забони тоҷикӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Пешвои муаззами миллат пайваста ба мақоми волою шоистаи забони давлатӣ ишора карда, нигаҳдошти беолоиши онро мунтазам таъкид менамоянд. Дар ин маврид изҳор доштаанд: “Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”. Ҳамзамон бо ин таъкид, саҳми худро дар рушду густариши забони модарӣ бо кори амалӣ низ нишон доданд. Ин аст, ки асарҳояшон («Тоҷикон дар оинаи таърих», дар се ҷилд, солҳои 2002 - 2006; «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, «Забони миллат - ҳастии миллат», 2016), суханрониҳояшон дар ҳамоишҳои мухталиф барои муайяннамоии ҷодаҳои асосии такомули забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ гузоштанд. Бояд таъкид дошт, ки мулоҳизот ва ибтикороташон на танҳо аз ҷиҳати назариявӣ, балки амалӣ низ хеле судманд ҳастанд.
Асари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат - ҳастии миллат» китоби муфид ва дорои ҷанбаи қавии илмӣ мебошад. Дар асари мазкур рушди забони тоҷикӣ аз давраҳои бостон инъикос гардидааст. Китоб аз ҷиҳати услуб ва тарзи нигоришу масъалагузорӣ аз дигар осори забоншиносӣ тафовут дорад. Дар он ба бозёфтҳои тозаи олимони номвари ватаниву хориҷӣ баҳо дода шудааст ва ин ҳама, ҳамзамон, таҳлилу таҳқиқ гардидаанд.
Дар асар муайян кардани хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ ҷиҳати муҳим ба ҳисоб меравад; ин гуна таҳлили амиқи илмии ба шароити замон мувофиқ маротибаи аввал ироа мегардад. Муаллиф хулосаи муҳим баровардаанд: "Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофаринии он аст… Сифати дигари забони мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст". Дар китоби мазкур Пешвои миллат дар иртибот ба масъалаи забони модарии мо, ки дар баъзе маҳфилҳо боиси баҳс гаштааст, дақиқкорона изҳори назар мекунанд.
Дар ин китоб, инчунин, ба масоили баҳсбарангези забонҳои қадим ва миёнаи забони тоҷикӣ тавзеҳ бахшида шудааст. Аз ҷумла, мулоҳизаҳо перомуни даврабандии таърихи забони тоҷикӣ, нақши забони тоҷикӣ чун забони байналмилалӣ, омилҳои таъсирпазирии забонҳо ва монанди инҳо барои доираи васеи хонандагон, бахусус забоншиносон, ҳамчун раҳнамо хидмат карда метавонанд.
Дар бобати муайян кардани нақши забони тоҷикӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон қабули қарору қонунҳо нақши асосӣ бозиданд. Тибқи қонун, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои худро дар бораи забони давлатӣ бо он хулоса кардаанд, ки «ин ҳамон забонест, ки тӯли садсолаҳо сипари боэътимоди миллат шуда, онро аз гирдоби ҳалокатҳо наҷот дод. Агар ин забон аз байн мерафт, миллат аз байн мерафт».
Ҳамчунин, бо супориши Президенти мамлакат Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” дар 2 ҷилд, соли 2013 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро ба нашр расонданд.
Забони тоҷикӣ чун рукни муҳими давлатӣ ва ҳувияти миллӣ ба ғамхорӣ ва арҷгузориҳои бештар ниёз дошт. Аз ин рӯ, ибтикори дигари шоёни таҳсини Президенти кишвар аз он иборат буд, ки соли 2008-ро Соли забони тоҷикӣ эълон карданд. Дар он сол ҳамоишу чорабиниҳои илмӣ, нишастҳои байналмилалӣ, фарҳангӣ, адабӣ баргузор гардиданд. Аз ҳама муҳим он буд, ки аҳли ҷомеа забони тоҷикиро бори дигар ҳамчун муқаддасоти миллӣ дарёфтанд. Қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012 - 2016” дар тақвияти сиёсати давлат дар соҳаи забон ва василаҳои такомули он нақши барҷаста гузошт. Дар натиҷа корҳо дар ҷодаи риояи забони давлатӣ дар рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва саҳеҳнигорӣ дар навиштани тамоми аснод пурзӯр карда шуд.
Бинобар раванди ҷаҳонишавӣ, ки омили таъсиргузор гардидани забонҳои рушдёфта ба забонҳои давлатҳои хурд мешавад, хавфи аз байн рафтани бисёр забонҳо ба миён меояд. Дар ин бобат Пешвои миллат дуруст таъкид карданд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем… Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад». Ҳамин тавр, дар назди мо, соҳибзабонҳо, вазифаи муҳим меистад. Дар ин бора Пешвои миллат таъкид доштанд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзияш - забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ташаббускор ва ҳидоятгари қабули қарорҳои муҳими давлатӣ оид ба забони давлатӣ будан дар ин бобат чораҳои муҳим андешида, дар баланд бардоштани эътибор ва рушду нумӯи забони тоҷикӣ саҳм гузоштаанд. Воқеан, то ба ӯ чунин ғамхорӣ нисбат ба забони миллӣ аз ҳеҷ сарвари пешини давлат ба мушоҳида намерасид ва ин гуна масъулияти бузург низ эҳсос намегардид. Ҳамин тавр, ҷонибдорӣ аз Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории забони миллат, ҳастии миллат, пойдорӣ ва рушду нумӯи он низ мебошад. Албатта, тамоми раъйдиҳандагон, хосса аҳли зиё, ин нукта ва масъулиятро хуб дарк намудаанд ва барои онҳо пойдории забону миллат аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳамчунин, арҷгузорӣ, муҳаббат ба Пешвои миллат арҷгузорӣ ва муҳаббат ба забони миллат мебошад.

Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2020    №: 194 - 195    Мутолиа карданд: 312
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед