logo

сиёсат

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

I. АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Барои расидан ба сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои миллат беандоза бузург аст ва беҳуда мардум Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон намегӯянд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии нахустини худ ҳангоми ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, 19-уми ноябри соли 1992, чунин иброз намуда буданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам ояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.
Маҳз бо ташаббуси Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти сулҳу оштӣ ба ҷониби дигар дароз шуд ва музокироти нахустини расмии ҳайати Ҳукумат бо намояндагони мухолифин бо миёнравии СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва баргузор гардид.
Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон минбаъд тамоми саъю кӯшиши худро барои хотима гузоштан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, расидан ба оштии миллӣ равона намуданд, зеро бидуни таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавиро ба роҳ мондан аз имкон берун буд.  Тамоми раванди музокироти тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор дошта, дар 6 музокироти сатҳи олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд ва зери Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ имзо гузоштанд.
Баъди ба имзо расидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, Президенти мамлакат дар муроҷиатномаи худ аз 27 -уми июни соли 1997 чунин иброз доштанд: «Бигзор сулҳу ваҳдати миллӣ побарҷо ва ҷовидонӣ бошад. Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан  ва ҳамтақдирро бинем. Мо минбаъд ба ҷои душманҷӯӣ бояд дар суроғи дӯстон бошем».
Барои хизматҳои шоён ва саҳми барҷаста дар ҷодаи расидан ба сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри   соли 1999 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва, баъдан, дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мушарраф гаштанд.
 
II. БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ ДАР АСРИ ХХ ВА ИБТИДОИ АСРИ ХХI
Яке аз омилҳо ва сабабҳои асосии буҳрон ва муқовимати шадиди сиёсӣ, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард, фалаҷ шудани сохторҳои идоракунӣ ва давлатдории замони шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, куштор, латукӯби одамони бегуноҳ, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳолати тарсу ваҳм, ноумедӣ, маъюсӣ, нобоварӣ ба давлату Ҳукумат, хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон оварда буд, маҳз натиҷаи фалаҷ шудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, хоссатан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд.
Хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон ва пароканда шудани миллати тоҷик аз фарзандони баору номус ва ватандӯст тақозо менамуд, ки барои аз ин вартаи ҳалокат баромадан, чораву тадбирҳои ҷасурона ва заруриро андешанд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро иҷлосияи сарнавиштсоз, нусратовар ва ваҳдатофар меноманд, ба тамоми ин бесарусомониҳо, қонуншиканиҳо, бедодгарию ваҳшонияти гӯшношунид хотима гузошт ва ҳокимияти қонунӣ ва конститутсиониро дар Тоҷикистон аз нав барқарор намуд. Маҳз баъди ҳамин иҷлосия эҳё ва аз нав таъсис додани тамоми сохторҳои давлатӣ: Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот марҳила ба марҳила оғоз гардид.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба шумор рафта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳукми қонун даровард ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шуд. Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият буда, он роҳи интихобкардаи мардуми моро дар амри бунёди давлати навини тоҷикон муайян ва мушаххас намуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ғоявии давлатдории моро муайян карда, он маҳсули афкору андеша, суннатҳои давлатдорӣ, қонунэҷодкунии мардуми тоҷик мебошад. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми парламентро мушаххас ва муайян намуда, онро ҳамчун институти муҳими давлатдорӣ такмил дод. Дар замони истиқлолият парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуда, бори нахуст дар таърихи сиёсии кишвар таҷзияи се шохаи ҳокимияти сиёсӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба амал омада, вазифа, ҳуқуқ ва салоҳияти онҳо мушаххас гардид. Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 1999 дар ҷумҳурӣ ба таъсиси парламенти дупалатагӣ – Маҷлиси Олӣ (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон) замина гузошта шуд. Маҷлиси миллӣ даъватӣ буда, Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Салоҳияти ҳар ду маҷлисро моддаҳои 56 – 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Нақши Пешвои миллат дар ташаккули парламентаризм, бунёди давлати муосири тоҷикон хеле бузург аст.
Фаъолияти пурсамару ҳамаҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Рамонро дар самти бунёдгузории давлати навини тоҷикон бо чанд далел метавон собит намуд:
Якум, таъсиси ҳокимияти давлатӣ. Дар назди Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон ҳалли  вазифаҳои бениҳоят мушкил ва сарнавиштсоз меистоданд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии кишвар буд. Дуюм, роҳ ба сӯи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Дар оғози давлатсозии навини тоҷикон интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат масъалаҳои калидӣ буданд.
Дуруст муайян намудани роҳи рушди минбаъдаи давлат ва нияту ормонҳои халқ, ба ҳимояи манфиатҳои мардум равона сохтани ҳадафу мақсадҳои давлату Ҳукумат яке аз амалҳои таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд.
Сеюм, таҳияи низоми нави ҳуқуқи миллӣ. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун появу таҳкурсии бинои давлати нав, заминаи рушди иқтисоди бозорӣ, тантанаи демократия, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амали созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ фаъолона ва босамарона истифода бурда, ташаббускори таҳия ва қабули бисёр қонунҳои нав, такмили қонунҳои амалкунанда мебошанд ва, ба ин васила, дар ташаккул, таҳким ва рушди низоми нави қонунгузории кишвар саҳми арзанда доранд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат чандин қонунҳои нав, аз ҷумла ду қонуни миллӣ – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қабул гардиданд, ки онҳо бо арзиш ва аҳамияти худ назир надоранд ва имрӯзҳо баъзе кишварҳо таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намуна истифода бурда истодаанд.

III. РУШДИ ИҚТИСОД
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва таъмини рушди устувор чандин барномаву ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015”, “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Стратегияи идоракунии молиявии давлатӣ барои солҳои 2009-2018”, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои давлатиро, қабул намуд.
Роҳбарияти мамлакат ба инкишофи саноати сӯзишворӣ, энергетика, металлҳои ранга ва сохтмони роҳҳо ҳамчун заминаи муҳими пешрафти иқтисодӣ аҳамияти хосса медиҳад. Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду калони худӣ ва муштарак ба кор шурӯъ карданд.
Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз соли 1996 пастравии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ боздошта шуда, афзоиши он таъмин гардид. Ҳамин буд, ки тайи ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи рушди иқтисодӣ ба 7 дарсад баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ 50 дарсад кам гардид.
Дар давраи истиқлолият шаклҳои нави моликият ва соҳаҳои нави иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд. Гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ, хусусӣ гардондани моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҷорӣ намудани нархҳои озод яке аз хусусиятҳои иқтисодиёти давраи нав ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар сохтори истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд. Хусусигардонии корхонаҳои калон ва миёна, реструктризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон, ташкили корхонаҳои муштарак, саҳомӣ ва дигар шаклҳо дар соҳаи саноат яке аз хусусиятҳои раванди ислоҳот ва ташкили соҳаҳои нави иқтисодӣ дар даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.
Дар давраи истиқлолият барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини амнияти энергетикии кишвар қадамҳои устувор гузошта шуданд. Дар ин давра, неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда -2”, “Помир-1”, даҳҳо неругоҳҳои хурди барқӣ ва 2 агрегати НБО “Роғун” ба кор даромаданд. Истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард киловатт-соат дар соли 2013 то 21 миллиард киловатт-соат дар соли 2020 расонда шуд. Соли 2019 таҷдиди НБО “Норак” ва “Қайроққум”  оғоз гардид. Ҳоло сохтмони НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ идома дорад.
Ин дастовардҳои муҳим натиҷаи талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик амалӣ гардид ва тамоми кишвар аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ ёфт.
Бунёди  инфрасохторҳои нақлиёт, таҷдид ва сохтмони роҳу пулҳо, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои хеле бузург иҷро шуданд. Дар ин давра беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан, 31 километр нақб ва беш аз 200 пул мавриди истифода қарор гирифтанд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад.
Барои ҷумҳурии мо, ки 93 дарсади ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калидӣ дорад. Аз ин рӯ, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат истифодаи самараноки замин, рӯёндани ду ва зиёда аз он ҳосил аз заминҳои обӣ омили асосии ҳалли ин масъала ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, барои таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Ҳукумат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз намудааст, ки 55 дарсади онҳо то имрӯз амалӣ гардидаанд. Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин бошад, 35 лоиҳа ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ мегардад.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон” аз 26-уми декабри соли 2018 чунин таъкид намуданд: “Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.” Вобаста ба ин, Сарвари давлат вазифадор намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 дарсад расонда шавад.
Саноат дар ҳама давру замон поя ва заминаи асосии рушди ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, тараққӣ додани он яке аз вазифаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ босуръат идома дорад. Танҳо соли 2015, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015”, 468 корхонаи нав бо таъсиси 8903 ҷои  кор бунёд шуд.
Яке аз соҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон соҳаи саноати кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ буда, аз худ кардани онҳо барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Тибқи тадқиқоти геологӣ, ҷумҳурии мо дорои захираи 4,5 – 5 миллиард тонна ангишт буда, имрӯз шумораи корхонаҳои истихроҷи ангишт аз ду ба 16-то расидааст. Тоҷикистон аз соли 2007 ба Афғонистон ва Покистон беш аз 12 ҳазор тонна ангишт содирот кард. Айни замон дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи тавлиди хишт, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 6 корхонаи семент, беш аз 15 корхонаи саноати хӯрокворӣ, инчунин, корхонаи тавлиди шиша фаъолият доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати иқтисодии Пешвои миллат ва амалӣ сохтани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар чораву тадбирҳои заруриро андешида, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав ва, ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум беш аз пеш саъю талош менамояд.  

IV. СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ
Истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти соҳаи маориф, фарҳанг ва илм шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф ва илму фарҳанг аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва пешрафти ҷомеа эълон гардид. Маҳз ба шарофати иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат соҳаи маориф, илму фарҳанг дар Тоҷикистон босуръат инкишоф меёбад.
Илм ҳамчун омили калидии пешрафти ҷомеа дар замони истиқлолият дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Барои фароҳам овардани имконияту шароитҳои мусоид ва пешрафти илм дар даврони истиқлол беш аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи илм қабул гардид.
Бо мақсади дастгирии молиявии тадқиқоти бунёдӣ, соли 1996 Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ таъсис ёфт. Дар ҳамин давра якчанд муассисаҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ, Маркази илмии Хуҷанд, филиали Академияи миллии илмҳо дар Помир ташкил шуданд.
Мулоқоти аввалини Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо олимони кишвар 26-уми феврали соли 1996 баргузор гашта, Сарвари давлат дар ин мулоқот вазифаҳои асосии соҳаи илм, дурнамои инкишофи он ва нақши олимонро дар пешбурди рушди иқтисодиву маънавии кишвар муайян ва таъкид намуда буданд, ки бе инкишофи илму фарҳанг пешрафти ягон давлат имконпазир нест.
Дар мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо олимони кишвар, ки дар остонаи Ҷашни Наврӯз 18-уми марти соли 2020 баргузор гардид, вазъи илм, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла, Академияи миллии илмҳо, дурнамои илми тоҷик ва саҳми он дар таъмини рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат таҳлил гардида, Президенти кишвар таъкид намуданд, ки  “имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”.
Масъалаи рушди илм, хоссатан илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, истифодаи технологияи нав, баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷавонон дар паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, мулоқотҳои ҳарсолаи Сарвари давлат бо аҳли зиё дар арафаи Ҷашни Наврӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳоло бештар аз 30 натиҷаи тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардида, аксари онҳо дар соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти кишвар – кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, техникаи ҳисоббарор, геология, тиб ва ғайра амалӣ мешаванд.
Дар замони истиқлолият аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ барои ихтирооти нав беш аз 250 патент ба даст оварда шуда, қариб 10 000 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 2000 китобу рисолаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ, ба нашр расиданд.
  
V. ТАШАККУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ
Арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, санаҳои таърихӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ин сиёсати фарҳангпарварона, таҷлили 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ (1996), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 2700-солагии Авесто ва 2500-солагии Истаравшан (2002), Соли тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 1150 - солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 100-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 5500-солагии Саразми бостонӣ, ҷашнҳои устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзандони фарзонаи миллат барои муаррифии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва эҳёи тамаддуни ғанӣ ва қадимаи мо аҳамияти илмӣ, амалӣ ва тарбиявӣ дошта, дар ташаккули худогоҳӣ, худшиносӣ, ҳофизаи таърихӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ нақши бузург бозиданд.
Мақсади сиёсати фарҳангбунёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, ташаккули андешаи миллӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории тамоми сокинони ҷумҳурӣ, пояндагии сулҳу субот, оромӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ, таҳкими ҳувияти миллӣ равона шудаанд ва тамоми тадбирҳое, ки аз ин раванд бармеоянд, ба таҳким ва таъмини истиқлолияти ғоявию маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамоянд.  

VI. СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо итминони комил меъмор ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобид.
30-юми сентябри соли 1993 дар суханронии нахустини худ ба ҳайси Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии ин созмон Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст ва дар беш аз 30 давлати дунё сафоратхона ва консулгариҳои худро дорад. Тоҷикистон  ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он, иҷро менамояд.
 Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028».
20-уми сентябри соли 2010 дар маҷлиси умумии сатҳи олии Ассамблеяи генералии СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола муовини Дабири кулли СММ Ша Тсу Кам чунин изҳор намуда буд: “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили вобаста ба об мебошад.” 
Тоҷикистон узви 51 созмони бонуфузи байналмилаливу минтақавист. Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, моҳи декабри соли 1993 дар Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” ба сифати Раиси анҷуман интихоб гардиданд. Ҳадафи аслии анҷуман ба ҳам пайвастани ҳамтаборони форсизабон аст. Пешвои миллат ба ҳайси Раиси анҷумани “Пайванд” дар амри таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳаи тоҷикони бурунмарзӣ ва мардуми форсизабон саҳми шоиста доранд. 

ХУЛОСА
Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем, метавон ба чунин натиҷагирӣ расид:
1. Хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеа.
2. Тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохторҳо ва ниҳодҳои Ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат.
3. Ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, рушди парламентаризм, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нав ва миллӣ.
4. Иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва тарафдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон.
5. Таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ.
6. Таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъмини барқ.
7. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон.
8. Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум.
9. Иқдом ва ташаббус баҳри аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ва роҳ ба сӯи рушди босуръати саноат.
10. Таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳофизаи таърихӣ, ҳувияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ.
11. Поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, сиёсати “дарҳои боз”, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, бародарӣ, дӯстӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.
12. Таҳкими робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ҳамватанони бурунмарзӣ ва форсизабонони ҷаҳон.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2020    №: 197    Мутолиа карданд: 421
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед