иҷтимоиёт
ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚӢ, ТАҶРИБАИ КОФӢ ВА ФАЗОИ МУСОИДИ СИЁСӢ МАВҶУДАНД
Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихобот ва иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсиву идоракунии давлат кафолат медиҳанд. Ҳамин кафолатҳои ҳуқуқӣ нишонаи асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон мебошад.
Ин кафолатҳо имкон медиҳанд, ки миёни субъектҳои раванди интихобот ва иштирокчиёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои баҳсу муколамаҳои созанда фазои орому озод ва имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон аз ин ҳуқуқҳои худ истифода намуда, аз раъйи онҳо вобаста будани тақдири ояндаи давлату миллатро дарк намоянд ва дар ин самт фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат ба роҳ монанд.
Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ маҳз бо роҳи ифодаи раъйяшон дар интихобот ва раъйпурсиҳо амалӣ мегардад. Мутобиқи моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад». Иродаи халқ дар асоси муқаррароти санади мазкури байналмилалӣ бояд асоси ҳокимияти давлатӣ бошад. Он дар интихоботи даврӣ низ ифода меёбад.
Мутобиқи моддаи 25 - и Паймони байналмилалӣ бошад, «ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъизи дар моддаи 2 зикршуда ва бидуни маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад: дар пешбурди корҳои давлатӣ, чи бевосита ва чи ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда, ширкат намояд; дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир мешавад, ширкат намояд ва интихоб шавад; дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хизмати давлатӣ истифода намояд».
Ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок кардан дар идораи корҳои давлат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр шудааст. Тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6, омада: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосити ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд». Дар Тоҷикистон шаҳрвандон ҳуқуқҳои асосии зерини интихоботӣ доранд:
- ҳуқуқи интихоб кардан (ибрози озодона ва масъулиятшиносонаи ирода дар интихобот ва раъйпурсӣ);
- ҳуқуқи интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- ҳуқуқи аз ҷониби интихобкунандагон бозхонд шудани ашхосе, ки ба онҳо нобоварӣ изҳор гардидааст.
Дар тамоми ҷаҳон шакли аз ҳама оммавии иштироки одамон дар идораи корҳои давлат ва ҷомеа интихобот ва раъйпурсиҳо мебошанд. Усули муҳимтарини ташаккули мақомоти ҳокимият бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ интихобот ба шумор меравад. Ҳар як интихобкунанда ҳуқуқ дорад дар интихоботи Президент, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирок намояд.
Агар равандҳои сиёсии ҳаёти ҷомеа аз тарафи шаҳрвандон дуруст дарк шаванд, он гоҳ ҳар як интихобкунанда масъулияти шахсии худро барои амалӣ намудани ҳуқуқи интихобиаш дарк намуда, ба таври фаъол ва бевосита аз он истифода менамояд. Баъзан мафҳумҳои интихобот, овоздиҳӣ ва раъйпурсиро як чиз мешуморанд, ки хатост. Бояд гуфт, ки раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ дар сатҳи интихобот қарор надоранд. Онҳо унсурони раванди интихобот мебошанд, аммо худи интихобот раванди мунтазам ва даврагӣ буда, дар он мақомоти давлатӣ интихоб мегардад ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидааст. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, манбаи ҳокимият будани халқро исбот менамоянд. Маҳз дар интихобот соҳибихтиёрии шаҳрванд муайян мегардад. Дар раванди иштирок дар интихобот бояд касе ба интихобкунанда фишор наоварад. Ҳуқуқи интихобкунанда навъи беҳтарини таҷассуми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори интихоботи демократӣ ва ба таври озоду шаффоф гузаштани он мебошад. Барои дар чунин сатҳ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ, таҷрибаи кофӣ ва фазои мусоиди сиёсӣ мавҷуданд. Боварии комил дорем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги баланди сиёсӣ нишон дода, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дилошӯб ТОЛИБЗОДА,
корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2020 №: 198 Мутолиа карданд: 186