logo

номаҳо

ВАҚТЕ ФАРЗАНД БА МОДАРИ ХУД ХИЁНАТ МЕКУНАД...

Замоне аз кӯтоҳандешӣ ба фитнаву найранги дасисабозон бовар кардем. Дар натиҷа, миёни мардум ошӯб бархосту ҷанги шаҳрвандӣ оғоз  шуд. Мардуми як кишвар ба  чандин гурӯҳ тақсим гардид. Ин гурӯҳҳо, ки аслан як миллат буданд, хонаи ҳамдигарро оташ заданду ҳамдигарро куштанд, садҳо кӯдак ятим монду оилаҳои зиёд бе сарпаноҳ. Қисми дигар барои зинда мондан, аз баҳри хонаву хешу табор гузашта, тарки Ватан намуданд. Бале, ин ҳама натиҷаи бовар буд. Бовар ба дасисабозон, ба фарзандони хиёнаткори миллат. 
Ҳоло барои касе муҳим нест, ки аз кадом минтақа асту дар куҷо зиндагӣ мекунад. Яъне, имрӯз мо ба ваҳдати комил расидаему зиндагии шоиста дорем. Аммо, он замон вазъият тамоман дигар буд. Ман, ки дар он солҳо бо ҳазор машаққат аз деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омада будам, рӯзҳои даҳшатбореро аз сар гузарондам. Борҳо шахсони ношинос ба ҷойҳои номаълум бурда аз куҷо буданамро пурсон мешуданд. Аммо аз тарс шиносномаам, ки аз кадом минтақа буданамро муайян менамуд, сӯзонда, ҳақиқатро пинҳон медоштам. Аҷиб он буд, ки барои бо гурӯҳе ҳамроҳ шудан, бояд аз баҳри падарам, ки  аз деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз буд  ё аз баҳри модарам, ки зодаи деҳаи Сияфарки ноҳияи Ховалинг аст, мегузаштам. Вале, магар, волидонро интихоб мекунанд? Бале, шомили як гурӯҳ шудан, маънои онро дошт, ки бар зидди маҳалли дигар бояд биҷангӣ, бикушӣ, хун бирезӣ, дар акси ҳол мекушандат. Он солҳо чунин ҷудоиандозӣ боиси марги зиёд шуд.
Ин ҳама чандест  тариқи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» пешкаши мардум мегардад. Филм парда аз рӯи дурӯғи солҳо пинҳонмонда бардошт ва чеҳраи воқеии нафарони майдонбозро  ба мо шиносонд. Далелҳои дар филм оварда собит намуданд, ки тарҳи ин ҳама бесарусомониҳо  дар куҷо кашида шудаву дар пиёда сохтани он  ТТЭ  ҲНИ чӣ нақше доштааст.
Танҳо Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи ӯ ба ҳама бесарусомониҳо анҷом бахшид. Фақат ӯ буд, ки дар кишвар ба  сулҳу ваҳдат асос гузошт. Тоҷикистонро аз миёни оташу хун раҳо карду ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Акнун, ки сулҳу оромӣ ва зиндагии шоиста насибамон гаштааст, душманонамон  боз сар боло доранд. Ин хоинон, ки дар он солҳо ба мақсадашон расида натавонистанд, имрӯз мехоҳанд дигарбора бо роҳи найрангу фиреб миёни мардум ошӯб ба вуҷуд биоранду мақсадҳои нопоки худро пиёда созанд. Онҳо имрӯз низ зери роҳбарии хоҷагони хориҷии худ амал мекунанду барои пиёда намудани ниятҳои нопокашон аз  шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бештар ҷавонон ба он таваҷҷуҳ доранд, истифода мебаранд. Мехоҳанд ҷавононро бар зидди сиёсати давлату Ҳукумат шӯронанд. Барои ба ин мақсад расидан баъзан муҳоҷирати меҳнатиро баҳона пеш меоранду баъзан бемории COVID – 19 – ро, ки ин хеле хандаовар аст. Зеро муҳоҷирати меҳнатӣ ҳоло ба худ раванди ҷаҳонӣ касб кардаасту аз бемории   COVID – 19 ҳеҷ кишваре дар амон нест. Аммо ин ҳама барои бадхоҳону иғвогарон ҳеҷ аҳамияте надорад, ҳамоно аз таги нохун чирк мекобанд. Қисме дар дохилу қисме берун аз кишвар ба ҳар роҳу восита мехоҳанд оромии моро халалдор созанд. Аммо, мақсади асосии онҳо ба ҳамагон маълум аст. Дигар мардум намехоҳад ба онҳо бовар созад. Мо дигар Истиқлолияти давлатиамонро, ки бо баҳои ҷон ба даст омадааст ва бузургтарин неъмати миллат ба шумор меравад, чун ҷон дар бадан ҳимоят мекунем. Ин қарз ва рисолати шаҳрвандии мост. Мо ин қарзи шаҳрвандии хешро бо сарбаландӣ иҷро хоҳем кард.

Амрулло НАЗРИЕВ, сокини шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 2951
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед