иҷтимоиёт
ДОРОИИ МИЛЛАТ. ОЁ ВАҚТИ БАРГАРДОНДАНИ БОЗЁФТҲОИ БОСТОНӢ НАРАСИДААСТ?
Таҳқиқгари машҳури Панҷакенти Қадим, сарвари собиқадори экспедитсияи Эрмитажи Санкт-Петербург Б. И. Маршак, ки мувофиқи васияташ баъди вафот дар Тоҷикистон, дар мавзеи даромадгоҳи ҳафриёт дафн шудааст, ба саволи «Чаро бозёфтҳоро ба Санкт-Петербург мебаранд?», - гуфта буд: «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ шароит ва нигоҳубини махсусро тақозо мекунад. Дар Тоҷикистон чунин шароит нест».
Ҳоло дар кишвар чунин шароити мусоид фароҳам омадааст, зеро ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангсолории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат ду осорхонаи боҳашамати сатҳи байналмилалӣ бунёд гардидааст. Дар шаҳру навоҳӣ низ ба ин масъалаи муҳим, беш аз пеш, аҳамият медиҳанд, зеро дар бисёр маҳалҳои диёрамон ҳафриёти бостонӣ идома дорад, ки бозёфтҳои муҳими таърихи халқи тоҷикро ба бор меоранд.
Абдуллоҷон Исҳоқов, нахусткашшофи Саразм, соли 1993 дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ин бора, аз ҷумла гуфта буд: «Аз рӯзе, ки дар ҳамин ҷода қадам ниҳодам, орзу доштам, ки ҳар макони ёдгориҳои пайдокардаро ба тамошогоҳ табдил гардонам. Ба ин то андозае мушарраф ҳам гаштам. Зеро кофтуковҳои шаҳраки Панҷакенти Қадим, ки аз соли 1946 сар шуда буд, имрӯз ба як маркази илмии омӯзиши таърихи он мубаддал гаштааст.
Дар хусуси ҳифзи ёдгориҳо. Бовар кунед, рӯзҳое, ки бозёфтҳои моро ба Эрмитажи Санкт - Петербург мебурданд, гӯё фарзанди ширхорро аз модар ҷудо карда бошанд, дилам реш-реш мешуд. Вале он солҳо имконият надоштем, ки дар осорхонаи худ онҳоро нигоҳ дорем. Имрӯз дар як гӯшаи осорхонаи ба номи Рӯдакӣ бозёфтҳои Саразмро ҷой додем ва чун навбати дуюми бинои осорхонаи мазкур солҳои наздик ба поён мерасад, фикр мекунам, ки зарурати ба ҷои дигар бурдани онҳо намемонад».
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар робита ба масъалаи фавқ чунин ибрози ақида намудааст: «Ба назари мо вақти он расидааст, ки масъалаи ба Тоҷикистон баргардондани ёдгориҳои таърихии то соҳибистиқлолӣ ба Санкт-Петербург ва дигар кишварҳо интиқолдода бояд дар сатҳи ҳукуматҳо матраҳ шаваду ҳалли худро ёбад».
Ӯ афзудааст, ки ҳоло низ ҳамкории муфиди олимону бостоншиносони Эрмитажи давлатии Санкт - Петербург бо коршиносони тоҷик дар иншооти таърихии Панҷакент идома дорад. Аммо бо як фарқ: алъон тамоми бозёфти дар ҷараёни ковишҳо пайдокарда дар кишвар нигаҳдорӣ ва ҳифз мешаванд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2020 №: 201 - 202 Мутолиа карданд: 74