иҷтимоиёт
САЙРИ ҲАЗОРАҲОИ ГУЗАШТА ТАВАССУТИ 3D
Ба ифтихори Ҷашни 5500 - солагии яке аз умдатарин мероси ҷаҳонӣ - Саразм Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ якҷоя бо Маркази фарҳангии тоҷикон дар Лондон лоиҳаи 3D-таҷдиди ин ёдгории беназири таърихиро пиёда месозад, - хабар додааст сомонаи маркази мазкур.
Ҷараёни 3D – таҷдиди харобаҳои шаҳраки куҳан бо риояи дақиқи маълумоти таърихӣ ва кашфиёти илмӣ сурат мегирад, ки лоиҳаро васоити муҳими интерактивӣ барои муассисаҳои таълимии ватанию хориҷӣ, инчунин, сарчашмаи интерактивӣ баҳри роҳбаладҳо мегардонад.
Бо ин кори судманд беҳтарин мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияҳои компютерии 3D таҳти сарварии Акмал Саидов машғул буда, тамизи таърихиро яке аз коршиносони номии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бостоншиноси варзида Бобомулло Бобомуллоев ба зимма дорад.
- Лоиҳаи феълӣ дар тарғибу муаррифии меъроси пурғановати халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон, ҳамчунин, тақвияти иқтидори туризми миллӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ нақши бориз хоҳад гузошт, - иброз дошт сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масъуд Халифазода.
Сарвари Маркази фарҳангии тоҷикон Аниса Собирӣ лоиҳаи мазкурро иқдоми муҳим дар тадриҷан рақамисозии мероси фарҳанги бостонии халқи тоҷик унвон намуд.
Лоиҳаи манзури маҷозии Саразм то охири сол анҷом ёфта, мавриди истифода мегардад.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2020 №: 201 - 202 Мутолиа карданд: 69