иҷтимоиёт
АШӮРАЛӢ ТАЙЛОНОВ. МАРДЕ, КИ БОИСИ КАШФИЁТИ ҶАҲОНӢ ШУД
Дидор бо Ҷамила Бобомуродова, фарзанди «нахусткашшофи Саразм» Ашӯралӣ Тайлонов, дар осорхонаи навбунёди Саразм назди табари пайдокардаи қиблагоҳаш иттифоқ афтод. Ӯ дар ҳамин муассиса кор мекардааст.
- Падарам баъди аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргаштан бо деҳқониву чорводорӣ машғул шуд. Замини имрӯзаи ҳудуди мамнӯъгоҳи Саразм лалмӣ буду 10-15 сар гӯсфандро ин ҷо мечаронд, - ёд меорад апаи Ҷамила. - Сокинони деҳа гирду атрофро бо трактор шудгор карда, гандуму ҷав мекоштанд. Пас аз шудгор падарам аз замини чапагардон муҳра, сангҳои гуногуншакли калону майда, корду сафолпора ёфта, дар як гӯшаи ҳавлиямон ҷамъ мекарданд. Рӯзе як табар ёфта, хостанд, ки зангашро тоза карда, дар хоҷагӣ истифода баранд. Вале як гӯшаи он мешиканад ва мебинанд, ки дарунаш сурхранг. Хаёл мекунанд, ки олот тиллоӣ ва онро дар қатори дигар бозёфтҳояшон нигоҳ медоранд. Ҳамин минвол ҳафт сол ҳар чизе, ки ба назарашон аҷиб метофт, ба ҳавлӣ меоварданд.
Давоми қисса боз ҳам ҷолибтар. Тирамоҳи соли 1976 Ҷамилаи ҳафтсола ҳангоми бозӣ аз дугонаҳояш дар шаҳр кушода шудани осорхонаи нав ва хӯсаи ҳайвону парандаҳои аҷибдоштанашро мефаҳмад. Бо исрораш баъди чанд рӯз падар ӯро ба Панҷакент тамошо меорад. Ҳангоми аз як толор ба толори дигари осорхона гузашта экспонатҳоро дидан, чашми Тайлонов ба табари гаҷӣ меафтад, ки ба табари ёфтааш сахт шабоҳат дошт. Ин нусхаи ҳамон табаре буд, ки охири асри XIX аз деҳаи Ёрии ноҳия пайдо карда буданд. Чун таърихи ин табарро аз корманди осорхона мефаҳмад, мегӯяд, ки ӯ ҳам дар хона чунин табар дорад ва метавонад онро ба осорхона бахшад.
Ин хабарро фавран ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов мерасонанд, ки бо ҳафриёти Панҷакенти қадим машғул буд. Ӯ дар ғояти ҳаяҷон зуд расида меояд ва ҳар ду тӯлонӣ суҳбат мекунанд. Аниқтараш, олим шиноси навашро беист саволборон мекарду кишоварз базӯр фурсати ҷавоб меёфт. Дилаш тоқат накард магар, ки Исҳоқов худи табарро дидан хост ва бо Тайлонову духтараш бо як мошини боркаш ба деҳаи Авазалӣ омаданд. Ашӯралӣ табарро ба Исҳоқов доду «ин тиллоӣ» гуфт. Олим бо як нигоҳ фаҳмид, ки чӣ бозёфти бузурге дар даст дорад. Сахт дар ҳаяҷон буд ва аз табар чашм канда наметавонист. Ин асбоб ҳазорҳо сол қабл дар дасти кӣ буд?
- Пас аз ташхис амаки Абдуллоҷон гуфтанд, ки табар биринҷӣ буда, таърихи қадимӣ дорад, ҳатто аз Панҷакенти Қадим ҳам, куҳантар. Падарам маҳали бозёфти онро ба Абдуллоҷон Исҳоқов нишон доданд. Аз байн вақти зиёд нагузашта, ҳафриёти шаҳраки Саразм овоза шуд. Ва ҳар вақте сухан аз ҳафриёту бозёфтҳои нодири он мерафт, Исҳоқов бо эҳтиром «Ашӯралӣ, Шумо нахусткашшофи Саразм» мегуфтанд, - арзи сипос кард апаи Ҷамила.
Ин ҳодисаи таърихӣ онҳоро бо ҳам дӯст гардонд, ки Исҳоқов то дами вопасин ба он содиқ монд. Баъди сар шудани ковишҳои шаҳраки Саразм ва афзудани теъдоди бостоншиносҳо, ки ба онҳо дертар олимони хориҷӣ низ ҳамроҳ шуданд, дар ҳавлияш хаймаҳо пайдо шуданд. Дар онҳо бостоншиносҳо ба сар мебурданд. Баъдтар барояшон чанд хона сохтанд. Ашӯралӣ Тайлонов дастёри беминнати онҳо шуд. Боғеро, ки ҳоло дар ҳудуди пойгоҳ сарсабз аст, ӯ бунёд кардааст. Беҳуда «аз нек боғ» нагуфтаанд.
Ашӯралӣ Тайлонов 25 марти соли 2008 вафот карда бошад ҳам, аммо номаш ҷовидон аст, зеро маҳз табари ӯ ангезаи кашфиёти ҷаҳонӣ гардид. Ва месазад, муассисаи таълимии нави замонавие, ки дар деҳаи Саразм ифтитоҳ ёфт, ба номи ин марди шариф гузошта шавад.
Ҷамила Бобомуродова низ орзуе дорад: дар осорхонаи нави ба муносибати Ҷашни 5500-солагии Саразм қоматафрохта дидани гӯшаи махсуси бозёфтҳои падараш.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2020 №: 201 - 202 Мутолиа карданд: 77