иҷтимоиёт
САРАЗМ АЗ НИГОҲИ БОСТОНШИНОСОНИ НОМӢ
Ю. А. ЗАДНЕПРОВСКИЙ, доктори илми таърих аз Санкт-Петербург:
- Мо Саразмро бузургтарин ёдгории қадимаи тоҷикон мешуморем. Он, пеш аз ҳама, бо масоҳати калони худ аз дигар ёдгориҳо фарқ мекунад. Ин як маҷмӯаи пурраи манзилгоҳи кишоварзони қадими замони энеолит ва биринҷии ҳазораи чорум ва сеюми то мелод мебошад. Саразм таърихи бештар аз панҷҳазорсола дорад. Вай манзилгоҳи қадимтарин кишоварзон дар Суғд ва дар тамоми қисми шимолии он, умуман, Осиёи Марказӣ мебошад. Омӯзиши Саразм имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои ташаккули фарҳанги аҷдодони тоҷикон муайян карда шавад. Ин ёдгорӣ мавҷудияти робитаҳои мадании сокинони водии Зарафшонро бо Туркманистони ҷанубӣ, инчунин, бо кишоварзони Балуҷистон (Покистон) тасдиқ менамояд. Бо ёфт шудани Саразм саҳифаҳои ҳанӯз номаълуми таърихи халқи тоҷик боз гардиданд.
Пол БЕРНАР, доктори илм, мудири гурӯҳи бостоншиносии Маркази миллии таҳқиқоти илмии Франсия:
- Ҳафриёт ба таври раднопазир исбот менамояд, ки водии Зарафшон маркази калони фарҳангӣ ва тиҷоратии Осиёи Марказӣ, сокинонаш соҳиби фарҳанги баланд буданд.
Б. А. ЛИТВИНСКИЙ, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор:
- Ҳафриёти Саразм бо роҳбарии А. Исҳоқов аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Ин ҷо аввалин бор аниқ кардан муяссар гашт, ки гузаштагони қадими тоҷикони маскуни Зарафшон камаш панҷ ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин ҳам пештар кишоварз будаанд. Ҳамин тавр, ба шарофати Саразми Панҷакент тамоми Тоҷикистон ба ҳайати тамаддуни қадимтарини инсоният дохил мешавад.
Карл Ламберг-КАРЛОВСКИЙ ва Филипп КОЛЛ, бостоншиносони Донишгоҳи Ҳарварди ИМА:
- Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна, балки тамоми Шарқи Наздик - Эрон, Балуҷистон, Афғонистону Ҳиндустон низ ба шумор меравад.
Аҳмадалӣ АСКАРОВ, бостоншинос, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон:
- Саразм ёдгории беназири кишоварзони водии Зарафшон ва бузургтарин кашфиёти аср дар соҳаи бостоншиносии Осиёи Марказӣ мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2020 №: 201 - 202 Мутолиа карданд: 75