logo

иҷтимоиёт

1. SARS-CoV-2 ва ХОНАНДА. «ҶУМҲУРИЯТ» ВАЗЪИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУСРО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ПОЙТАХТ ОМӮХТ

Инак, наздик ба як сол мешавад, ки сироятёбӣ ба COVID – 19 дар сархати хабарҳои васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Тавре дидаву мушоҳида кардем, бар муқобили ин вирус қариб тамоми кишварҳо аз як усул, аниқтараш, аз роҳандозии карантини сартосарӣ истифода намуданд. Ба истиснои давлатҳои ангуштшуморе, ки, ба қавле, «риск» карда, иқтисодиёташонро «бедор» нигоҳ доштанд. Ва имрӯз таҷрибаи чанд моҳи ахир нишон дод, ки роҳи пешгирифтаи кишварҳое чун Шведсия, Беларус ва Тоҷикистон натиҷаи мусбат ба бор овардааст, кишварҳое, ки бо ҷорӣ сохтани «карантини сабук ё нарм» мардуму иқтисодиёташонро то ҳадди чашмрас ҳимоят намуданд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки COVID – 19 дар ин кишварҳо «мағлуб» шудаву қудрати зиёнрасонияшро аз даст додааст. Баръакс, хуруҷи авҷи дуюми сироятёбӣ тақозои муносибати ҷиддитареро дорад. Ва ҳам бесабаб нест, ки сар карда аз Сарвари давлат то ҳамшираи қатории тиббӣ мардумро ба риояи ҳатмии тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID – 19 талқин мекунанд. Пас, саволи матраҳ ин аст, ки имрӯз аз ҷониби мардум, хоса наврасону ҷавонон, ба ин масъалаи доғ то чи андоза ҷиддӣ муносибат карда мешавад. Ва ин ҳам дар ҳоле ки Вазорати маориф ва илм дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID – 19 оғози дарсҳоро аз 17 август иҷозат додааст. Ҳадафи дарёфти посух ба ин ва суолҳои дигари вобаста гурӯҳи эҷодии «Ҷумҳурият»-ро ба чанд мактаби шаҳри Душанбе раҳнамун сохт.

«МОДАРАМ НИҚОБ НАДОД»

Субҳи барвақт дар қатори садҳо хонанда озими гимназияи рақами 1 ноҳияи Синои пойтахт шудам. Дар роҳ аз Муҳаммад ном хонандаи синфи 6 пурсидам, ки дар мактаб ба онҳо зарурати пӯшидани ниқобу доштани маҳлули зиддиуфуниро мефаҳмонанд? Гуфт, ки қариб ҳар рӯз таъкид мекунанд. Дар ҷавоби саволи «Пас чаро ту ниқоб напӯшидӣ?», сар хориду «фаромӯш кардам» гуфт. Маълум, ки дар хонадонашон   ба ин масъала бепарвоянд, зеро ӯ аз  хона бе ниқоб баромадааст.  Агар падару модарон хавфи сирояти коронавирусро нодида гиранд, аз наврасон чӣ гила?
Дар даромадгоҳ муҳофиз ба дасти ҳар хонанда маҳлул мепошиду ҳамшираи шафқат ҳарораташро месанҷид. Ҳамчунин, ниқобдорӣ назорат мешуд. Аммо дезбарйер (матои хлордор)-и  назди дарвоза хушкида буд. Баъди шиносоии мо бо роҳбарияти муассиса муҳофиз магар супориш гирифт, ки як сатил маҳлули хлор оварда, болои он рехт. То оғози дарс ҳанӯз чанд дақиқа буд. Дар саҳни мактаб гурӯҳ-гурӯҳ хонандагон бидуни ниқобу фосиладорӣ суҳбат мекарданду гаштугузор. Яъне,  назорати қатъие, ки назди даромадгоҳ буд, аз остона дарун нагузашт. Бар замми хонандагони синфҳои болоӣ, ҳатто, бархе муаллимаҳои ҷавон ҳам мисле, ки ниқоб ҳуснашонро мекоста бошад, онро набастаанд.  Фақат хурдсолон ин талаби ҳатмиро риоя мекарданд.
Тавре шоҳид гардидем, дар гимназия «линейка»-и пагоҳирӯзӣ бо риояи фосилаи думетрӣ ҳамагӣ 5 – 8 дақиқа давом меёбад. Аммо дар синфхонаҳо, ки ҷои нишаст кам аст, риояи фосила имкон надорад. Пас, дар чунин ҳолат ягона илоҷи пешгирӣ аз сирояти коронавирус бастани ниқоб аст. Ба панҷ синфхонае, ки даромадем, манзараи саҳни гимназия такрор ёфт: аксари хонандагони синфҳои ибтидоӣ ниқоб ба рӯй карда буданду хонандагони синфҳои болоӣ не.
Муҳайё Сӯфизода,  ҳамшираи шафқати бунгоҳи тиббӣ, изҳор дошт, ки ҳарорати хонандагон рӯзе ду маротиба санҷида шуда, синфхонаҳо 3 – 4 маротиба бо маҳлули хлордор безарар гардонда мешаванд.

ХУРДҲО НИҚОБ МЕГИРАНД, КАЛОНҲО…
Аз  гимназия баромада, ба дигар муассисаи таълимии ноҳия - МТМУ № 90 омадам. Муҳофиз вақте маро бо қаламу коғаз дид, магар комиссия гумон кард, ки дарҳол ниқоб пӯшиду қуттии маводи зиддиуфуниро болои миз гузошт. Баъд, бо роҳбаладияш ба ошёнаи дуюм назди муовини директори муассиса Нозанин Ҳакимова рафтам. Дар роҳраву даҳлези мактаб гурӯҳ-гурӯҳ хонандагон бе ниқоб ва хеле зич гаштугузор мекарданд. Аксари омӯзгорон низ.
- Ҳар рӯз ба мактаби мо ду – се комиссия меояд, бештар аз раёсатҳои маориф,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  шаҳр.  Пӯшидани ниқоб масъалаи доғест, ки дар дарсҳо ва маҷлису ҷамъомади омӯзгорон аз ҳама зиёд таъкид мекунем, -  гуфт Нозанин Ҳакимова.
Лекин теъдоди зиёди бениқобҳо гувоҳи он буд, ки таъкидҳои пайвастаи роҳбарият ба гӯши на ҳама медароянд.
Хуллас, дар ин мактаб ниқобпӯшони баодоб хонандагони хурдсол буданд. Беэътиноии бисёре аз талабаҳои синфҳои болоӣ ва, ҳатто, омӯзгорон нисбати ин воситаи муҳими ҳифз аз сирояти COVID – 19 метавонад пайомади нохуш орад.

НАМУНА – ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Баръакси аксар муассисаҳои таълимӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37-и ноҳияи Сино се даромадгоҳ дорад, ки барои бо риояи фосилаи иҷтимоӣ даробаро кардан мусоид аст. Санҷидани ҳарорати хонандагон ҳангоми ба синфҳо ворид шудан, аз ҷониби омӯзгори навбатдор ва табиб сурат мегирад. Чун ба чанд синфхона даромадем, дидем, ки хонандагон қоидаҳои беҳдоштро риоя мекунанд, хусусан дар синфҳои ибтидоӣ.
Чуноне директори муассиса Беҳрӯз Бажов гуфт, дабистон 1611 хонанда дорад, аз ҷумла, 875 нафар дар басти аввал. Тибқи талабот дар вазъияти пандемияи коронавирус дар ҳар синф бояд 10 – 15 нафар дарс хонад, лекин чун кулли муассисаҳои таълимӣ ин ҷо низ ҳар синф 25 – 30 хонанда дорад. Барои онҳоро ҷиҳати риояи фосила ба ду гурӯҳ тақсим кардан, на синф мерасад, на муаллим.
- Омӯзгоронамон аз ташхиси тиббӣ гузаштанд ва, хушбахтона, ягон нафар гумонбари коронавирус нашуд, - гуфт директор. 
 
«ОНЛАЙН? МО ТАҶРИБА ДОРЕМ!»

Ростӣ, бароям ғайричашмдошт буд. Дар назди даромадгоҳи литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Сино  дидани тамоми роҳбарияти муассиса. Маълум гашт, ки ҳар субҳ то саршавии машғулият директор Насимҷон Давлатзода  бо табиб, ҳамшираи шафқат, омӯзгори навбатдор ва аъзои гурӯҳи ҳамоҳангсоз назди даромадгоҳ истода, вазъиятро шахсан назорат мекунад. Шояд натиҷаи ҳамин ташкили хуби пешгирӣ аз хатари хуруҷи коронавирус ва назорати қатъист, ки кулли хонандагон ниқобпӯшанд. Устодон низ. Омӯзгорон аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва собит шуд, ки солиманд. Яъне, аз онҳо ба хонандагон хатари сироятёбӣ таҳдид намекунад.
– Табиби муассисаамон Саодат Сафарова ҳамарӯза ба синфҳо даромада, аз аҳволи 870 хонанда хабар мегирад. Дар баробари ин, бо маркази саломатии шаҳрии № 9 шартномаи ҳамкорӣ дорем. Дар ҳолати пайдо шудани ягон мушкилӣ ба онҳо муроҷиат мекунем. То кунун чунин зарурат пайдо нашудааст, - гуфт муовини аввали директор Дилором Назимова.
Бино ба гуфти ӯ, вақте ки моҳи апрел аз хатари пандемияи коронавирус машғулият дар мактабҳо боздошта шуд, онҳо тавассути барномаи «zoom» ба хонандагон қисми боқимондаи барномаи дарсиро равон намуданд. Дар сурати сарзании мавҷи дуюм, литсей тайёр аст таҳсилро тариқи онлайн ба роҳ монад. -Мо, аллакай, чунин таҷриба дорем. Лекин ҳама бояд дар фикри ба сироятшавӣ роҳ надодан бошем, то ки хонандаҳо ҳам солим бошанд ва ҳам дониши хуб гиранд,- дилпурона гуфт Назимова.

БО НИҚОБ СУРУД ХОНДАН ДУШВОР...

Дар литсейи № 3 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хонандагони болаёқат низ осори коронавирус эҳсос мешавад: ҳар субҳ се омӯзгори навбатдор ва табиб бо ҳароратсанҷу зарфи моеи зиддиуфунӣ хонандагонро истиқбол мегиранд. Танҳо баъди санҷиш онҳо метавонанд ба синфҳояшон раванд. 
Рафоат Қувватова, зани кушодачеҳраи малеҳсухане, ки сарварии литсейро ба дӯш дорад, маро ба синфхонаҳо бурд, то тадбирҳои андешидаашонро худ бубинам. Дохили бино аз берун назарработар ва тозаву озодатар. Воқеан, хеле хушоянд буд дидани тартиботи дохилисинфӣ, ки ҳамаи хонандагон бо ниқоб ва риояи фосила нишастаанд.
Муаллимаи фанни суруд Сомия Умарова дар ҷавоб ба суоли мо перомуни  мушкил эҷод кардан ё накардани ниқоб, чунин гуфт:
- Барои ман, ки рӯзе шаш соат дарс дорам, ниқобпӯшӣ душворие надорад. Аммо бо он суруд хондан, албатта, мушкил. Бо вуҷуди ин, вақти дарс бо бачаҳо кӯшиш мекунем, ки ниқобро нагирем.
- Гарчанде бо тадқиқоти олимон исбот шудааст, ки коронавирус ба саломатии кӯдакону наврасон хатари камтар дорад, аз онҳо риояи қоидаҳои зиддиэпидемӣ қатъӣ талаб мешавад. Гузашта аз ин, барои таъмини бехатарии хонандаҳо ҳарорати ҳамаи 62 омӯзгори муассисаро ҳар танаффус месанҷем, - таъкид кард ҳамшираи шафқат Гулғунча Ҳикматова.
Бино ба гуфти Рафоат Қувватова, аз оғози соли нави таҳсил то ҳол ягон падару модар ба литсей надаромадааст. Ин корро аз рӯи эҳтиёт манъ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳо таъсис додаанд, то ки волидон бо муаллимон  дар тамос шуда, ба саволҳояшон посух гиранд.

«ИҶОЗАТИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДОРЕД?..»

Аммо дар гимназияи № 9 ба номи Низомии Ганҷавии ин ноҳия зӯри коронавирус ба шикастани “анъанаҳо” нарасид магар ки то ҳол, масалан, барои синфҳои ибтидоӣ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор мешудааст. Бо як фарқ: агар пештар назди онҳо директор суханронӣ мекард, ҳоло кӯдакон дар 15 – 16 қатор саф ороста, миёни ҳам суҳбат мекунанд.
Соат қариб 8, ки шуд, қаторҳо банавбат ҳаракат карда, ҳамроҳи муаллимон синф ба синф рафтанд. Аҷиб, ки баръакси хонандаҳо омӯзгорон бе ниқоб буданд. Пас аз ду соат такроран ба гимназия омадам. Аз тартиботи ҷиддии саҳарӣ ному нишоне набуд. Дигар касе ба ҳарорати касе кор надошт. Муҳофизи бепарво, ки ниқоб дар гӯш овехта буд, пас аз муаррифии мо, ҷониби бинои таълимӣ рафт. Ниҳоят, муаллимае омада гуфт, ки директори гимназия несту барои воридшавӣ бояд иҷозати шуъбаи маорифи ноҳияро дошта бошам. Оқибат, бо муовини директор оид ба таълим Сафия Назармамадова вохӯрдам. Ӯ ҳам хост, ки омадани сардори муассисаро мунтазир шавам. Вақте ҳамроҳ ба чанд синф сар мехалондем, ҳодисаи ғайричашмдошт ба вуқӯъ пайваст. Ба ҳар синфхона расем – нарасем, роҳбаладам бо овози баланд: “Аз рӯзнома омадаанд, маскаҳоро пӯшед!”,- мегуфт. Аммо омӯзгорон магар фурсат намеёфтанд ё надоштанд, ки бе ниқоб моро пешвоз мегирифтанд. Аксари толибилмонро, ки субҳ ниқобпӯш буданд, ҳоло бе он паси партаҳо дидем. Дигар директорро интизор шудан маънӣ надошт...

«АЗ МО КАСЕ АЗ ТАШХИСИ COVID – 19 НАГУЗАШТААСТ»

Аз гимназия баромада, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи номбурда вақти танаффус расидам. Ҳангоми вуруд ҳароратамро насанҷида бошанд ҳам, дастонамро безарар гардонданд. На танҳо назди даромадгоҳ, балки зери дари ҳар синф қолинчаи маҳлулдор партофтаанд. Чи дар долону чи дар синфҳо омӯзгорон ҳама ниқобпӯш.
Ба гуфтаи маъмурон, аз оғози дарсҳо ҳарорати баланди танҳо як хонанда ошкор шуд, ки ба хона ҷавоб доданд. Бо шунидани ин пурсидам, ки қабл аз оғози дарсҳо ё баъдан омӯзгорон аз тести санҷишӣ гузаштанд?
- Аз тест? Дар ягон мактаб ин хел гап нест. Ягон нафари мо ҳам аз тест нагузаштаем, - гуфт муовини директор оид ба тарбия Алишер Сафаралиев.
Яъне, аз 86 омӯзгоре, ки ба 2920 хонанда дарс мегӯяд, нафаре аз ташхис нагузаштааст! Дар чунин ҳол оё касе кафолат дода метавонад, ки миёни онҳо мубталои SARS-CoV-2 несту хатари сироят ба хонандаҳо таҳдид намекунад?!

ДИРЕКТОР АЗ ЧӢ НИГАРОН АСТ?

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и ноҳияи Фирдавсӣ шоҳиди ҳодисае шудам, ки қаблан дар дигар ҷой дучор наомада будам. Табибу ҳамшираи шафқат ва омӯзгори навбатдору муҳофиз на танҳо таби хонандагонро санҷида, ба дасташон маҳлули безараргардонӣ мепошиданд, балки ҷузвдонашонро ҳам тафтиш мекарданд, ки мабодо байни китобу дафтар телефони мобилӣ наоварда бошанд. Магар қонун чунин амалро иҷозат додааст? Дигар чизи маро ба ҳайратоварда –  ин ҷамъомади пагоҳирӯзист, ки дар вазъияти пандемияи коронавирус аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои тамоми муассисаҳои таълимӣ манъ гардидааст. Тибқи он, дар ин мактаб низ аз «линейка» барои синфҳои ибтидоӣ даст кашида бошанд ҳам, 10 – 15 дақиқа пеш аз дарсҳо хонандаҳои синфҳои болоиро дар саҳни мактаб ҷамъ меоранд.  
Чун таҳсил дар мактаб русист, бисёр падару модарон мехоҳанд фарзандонашон ин ҷо хонанд. Аммо бинобар кам будани синфҳо, ҳар кадом 35 – 40 хонанда дорад. Аз ин рӯ, риояи фосилаи иҷтимоӣ имконнопазир аст. Ҳамчунин, маълум шуд, ки муаллимони мактаб қабл аз оғози дарсҳо аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд. Баъди ҳафтаи аввали таҳсил як омӯзгорашон бемор шуду дигар чунин ҳодиса рӯй надодааст. Сирояти коронавирус миёни хонандаҳо низ ба қайд гирифта нашудааст. Дар муассиса машғулият дар се баст сурат мегирад. Бо қарори мушовараи педагогӣ, дарсҳо барои синфҳои ибтидоӣ 35 ва болоӣ 45 дақиқа муқаррар шудааст.
Директори мактаб Наргис Юлдошеваро на коронавирус, балки дигар масъала бештар нигарон кардааст: нарасидани муаллим. Ба 3236 хонанда ҳамагӣ 100 омӯзгор дарс мегӯяд ва ду сол боз мушкили кадриро ҳал карда наметавонанд. Омӯзгорон бисёр меоянд барои кор, вале ҳамин ки русӣ будани дарсҳоро мефаҳманд, зуд ғайб мезананд.
Наргис Юлдошева пинҳон надошт, ки ба коронавирус сироят ёфта, 64 рӯз бистарӣ буд. Шукр мекунад, ки бо мадади табибони ҳозиқ сиҳат шуд ва то метавонад, бо такя ба коллективи педагогӣ ва ситоди мактабии ҳамоҳангсози мубориза бо COVID – 19, саломатии омӯзгорону хонандагонро бо ҳама роҳу восита ҳифз менамояд.

ОМӮЗГОР, КИ АЗ КОРОНАВИРУС НАТАРСИД…

Дар МТМУ № 72 низ муносибати ҷиддии маъмурияти муассиса ба риояю назорати қоидаҳои беҳдошт эҳсос мешуд. Ба хонандаҳо зарурати ниқобпӯширо сари қадам таъкид мекарданд. Мабодо нафаре ниқоб дар хона фаромӯш созад, дар даромадгоҳ навбатдор навашро ройгон медод: дар дарси таълими меҳнат духтарони синфҳои болоӣ барои эҳтиёҷоти мактаб ниқоб медӯзанд. Роҳбарият гузарондани ҷамъомадҳои пагоҳирӯзии хонандагонро то рафъи хатари сирояти COVID – 19 боздоштааст.
Дар ин муассиса низ фосиладорӣ умдатарин мушкил будааст. Ҳамчунин, ин кор дар хонаи муаллимон, ки ҳангоми танаффусҳо ҷамъ меоянд, мелангид. Зеро баъзеи онҳо дақиқаҳои башуморро ғанимат дониста, ниқоб бадар мекунанд, ки дар ин давраи афзудани коронавируси беаломат хатари сироятро меафзояд. Шояд чунин «нотарсию» саҳлангорӣ сабаби мубталои коронавирус шудани як муаллима ва хонандаи синфи 10 гашт.
Муовини директор Назмия Қулматова гуфт, ки рӯзҳои аввали дарсҳо таби баланди зиёда аз 70 омӯзгору хонанда ба қайд гирифта шуд. Дертар он сеяк кам гашт, баъд то 20 ҳодиса коҳиш ёфт. Чанд рӯз инҷониб касе таб накардааст. Ва хулосаи ҷолибе гуфт, ки шояд ҳарорати баланди онҳо аз таъсири ҳавои гарм буд ва чун тирамоҳ даромаду  гармӣ коҳиш ёфт, эҳтимол дигар чунин ҳодиса рӯй надиҳад. Шояд. Лекин набояд фаромӯш сохт, ки коршиносону табибон маҳз тирамоҳу зимистонро давраи мавҷи дуюми коронавирус меҳисобанд.

«ФАВЗ» БА ЁРИИ МАКТАБ МЕОЯД

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и ноҳияи Фирдавсӣ аз серхонандатаринҳост – наздики 4500 нафар ва каме фориғболӣ метавонад онро ба манбаи ҷиддии хуруҷи COVID – 19 бадал созад. Лекин эҳсос мешуд, ки маъмурият риояи талаботи гигиенаи хонандагонро дар мадди аввал гузошта, тадбирҳои пешгирӣ аз сироятшавиро роҳандозӣ мекунад. Шояд аз ҳамин сабаб, шогирдони бе ниқоб аҳён ба чашм мерасиданд.
Камбудии асосӣ дар муассиса фосилаи иҷтимоӣ маҳсуб меёфт. Зеро дар синфхонаҳои хурд аз 25 то 40 хонанда паҳлу ба паҳлу мешинад. Масъулон аз сабаби зиёд будани хонанда ҳама синфҳоро бо маҳлули зиддиуфунӣ таъмин намудаанд. Ба гуфти директори муассиса Саодат Маҷидова, бо ташкилоти дезинфексионии «Фавз» барои безараргардонии дохили синфҳо ва саҳни мактаб шартнома баста шуда, кормандони он муассисаро поккорӣ мекунанд. Дар даромадгоҳи асосии мактаб ҳар субҳ ҳарорати хонандаҳо санҷида шуда, дар дафтари махсус сабт мешавад.
Дар гимназияи № 74 директор Зулфинисо Иномова дар даромадгоҳ ҳар хонандаро худ назорат карда, иҷозаи воридшавӣ медод, ки боиси таҳсин аст.

2.SARS-CoV-2 ва ДОНИШҶӮ. «ҶУМҲУРИЯТ» ВАЗЪИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУСРО ДАР МАКОТИБИ ОЛИИ ПОЙТАХТ ТАҲЛИЛ КАРД

ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ
Дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳар рӯз беш аз 16 ҳазор ҷавон дарс мехонад. Ҳангоми вориди шаҳрак шудан, мебинед, ки аксар ниқобпӯшанд. Чун гул бе хор намешавад, нафароне низ буданд, ки ниқоб дар банди дасташон ҳамоил. Посбони даромадгоҳи донишгоҳ бошад, ниқоб зеби пешкиса карда буд.
Сарфи назар аз ин, дар ҳама даромадгоҳи факултетҳо «дезбарйер» гузоштаанд. Пушти дари аудиторияҳо хитобаҳои «Бе ниқоб даромадан манъ аст!» ва «Фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доред!» насб шудаанд. Танҳо дар ду факултет ҳароратсанҷро надидам. Хуллас, камбудии аслии ин муассисаи бонуфузи кишвар дар фосилаи иҷтимоӣ буду халос. Яъне, дар аудиторияҳо донишҷӯён ҷафс менишастанду фосила риоя намегардид.
Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар муассиса дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирус тадбирҳои зиддиэпидемикӣ пайваста рӯи кор меоянд. Аз ҷумла, ҳар ҳафта бино ва аудиторияҳоро безарар мекунанд. Дар донишгоҳ ситоди вижаи мубориза бо ин вабои аср таъсис ёфта, тавассути радио доимо тавсияҳои табибон ба самъи донишҷӯён ва омӯзгорон расонда мешаванд. 33 ҳароратсанҷ дар факултаҳо мавриди истифода буда, дар ду анбор миқдори кофии маводи зиддиуфунӣ захира шудааст.
- Шояд  натиҷаи  маҷмӯи тадбирҳои андешида бошад,  ки  аз оғози таҳсил аз устодону кормандон ва донишҷӯён  нафаре  мубталои  COVID-19  нашудааст, - гуфт муовини сардори раёсати таълими донишгоҳ Солеҳ Қосимзода ва афзуд, - масъулони мо барои назорати риояи талаботи зиддиэпидемӣ дар миёнаи лексияҳо нохост вориди аудиторияҳо мешаванд. Нафарони бемасъулиятро огоҳ намуда, ҳатто танбеҳ низ медиҳанд. Афсӯс, ки баъзе донишҷӯён танҳо ҳангоми дидани масъулон ниқоб мепӯшанду пас аз рафтани онҳо зуд онро аз рӯй мегиранд…
Ба гуфтаи Қосимзода, аз рӯзҳои аввали пандемия дар хобгоҳи рақами 6 дар заминаи маркази омӯзишӣ сехи дӯзандагӣ таъсис дода шуд. Дар он бо ҳафт мошинаи дӯзандагӣ барои омӯзгорону донишҷӯён ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ медӯзанд. Ҳамчунин, беш аз 2200 ниқоб ба донишҷӯён ва 500 адад ба беморхонаи «Истиқлол» ба таври ройгон дода шуд. Дӯхтани воситаи муҳофизатӣ ҳоло низ идома дорад.

ДОНИШГОҲИ ТИББӢ
То оғози дарс қариб як соат бошад ҳам, саҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро, аллакай, сафедпӯшон пур кардаанд. Баръакси мардуми кӯчаву бозор, ки аксар ниқоб намегиранд ё зинати даст месозанд ва ё барои ҳолати мабодо дар киса нигоҳ медоранд, кулли духтурони оянда ниқобдоранд. Ҳайати навбатдорон назди дарвоза бениқобонро ҷониби шахси масъул ва муҳофиз мефиристаду онҳо шогирдони фаромӯшхотирро аз “заҳмат”-и кисакобӣ халос карда, ниқоби ройгон медиҳанд. Ба омӯзгорон низ ниқоб ройгон тақсим мегардад. Бо дохили бино шудан, бори дигар бовар ҳосил мекунӣ, ки донишҷӯён ниқобро танҳо барои “аз дар даромадан” не, балки баҳри ҳифзи саломатиашон мебанданд. Дари дилхоҳ аудиторияро кушоед, ба ҷуз як – ду нафар ҳама бо ниқоб нишастаанд.
Гирду атрофи тоза ва аудиторияҳои озодаро дида, дар шигифт мондам, ки чаро фаррошон то ҳол нарафтаву воситаҳои поккорию маҳлули безараргардонӣ дар даст сари ҳар қадам истодаанд. “Ҳар рӯз аудиторияю ҳуҷраҳои кории муаллимонро се маротиба безарар мегардонем”, - гуфтанд онҳо. Офаринатон бод!
Ба дафтари кории сардори хадамоти ректор Қаҳҳор  Носирӣ даромада, қолинро тар дидам.  Магар  муаллим  ҳайратамро пай бурд, ки «бар  замми он ки ҳама ҳуҷра, аз аудитория сар карда, то қабулгоҳи ректорро ҳамарӯза поккорӣ мекунем, қолинҳоро намнок тамйиз менамоем», - гӯён пешвоз гирифт. Муаллим Носирӣ дар ҷавоб ба суоли мо оид ба ташкили корҳои безараргардонӣ дар донишгоҳ афзуд:
- Таъриф напиндоред, агар гӯям, ки аз давраи хуруҷи COVID-19  то ҳол дар сафи аввали муборизон қарор дорем. Устодону донишҷӯёни курсҳои болоии  мо, ки низ кормандони  муассисаҳои  тандурустианд, дар хизмати халқанд. Мо дар давраи авҷи беморӣ, аввал, барои табибони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ВМКБ семинар – тренингҳои омӯзишӣ ташкил кардем. Ба 142 табиби ихтисосашон маҳдуди ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, шаҳри Роғун ва ВМКБ курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат тариқи онлайн ба роҳ монда шуд. Ғайр аз ин, 200 омӯзгору муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ аз курсҳои кӯтоҳмуддат гузашта, қариб ҳамаашон баҳри ташхису табобати гумонбарону гирифторони COVID-19 дар хати сурх буданд. Ҳоло бошад, омӯзгорону профессорони бемориҳои сироятӣ, сироятии кӯдакона, микробиология, иммунология, вирусология, эпидемиология, беҳдошт ва экология мунтазам бо донишҷӯёни солҳои охир, интернатура ва ординатураи клиникӣ машварат доир менамоянд, то дар ҳолати зарурӣ ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шаванд.

ДОНИШГОҲИ АГРАРӢ
Субҳи барвақт чун айёми донишҷӯӣ дар истгоҳи паҳлуи бинои Сирки давлатӣ  интизори автобуси 18 шудам. Ин хатсайрест, ки устодону донишҷӯёни панҷ донишгоҳ ва як донишкадаро низ мебарад.  Тавре дар дохили нақлиёт мушоҳида кардам, аксарияти мусофирон ниқоб надоштанд.
Дар даромадгоҳи саҳни донишгоҳ 10 - 12 нафар ва бино се - чор нафар аз устодону масъулон ниқобпӯшии донишҷӯёнро назорат бурда, ҳарораташонро месанҷиданд. Аммо онҳо имкони назорати ин анбуҳро дар арафаи оғози дарс надоштанд ва  дар қатори даҳҳо ҷавон касе ҳарорати маро ҳам насанҷид. Ин нахустин камбуде буд, ки дидам. Баъдан маълум гардид, ки дар даромадгоҳи ҳар факулта низ ҳароратсанҷӣ сурат мегирад. Тавре аз раёсати донишгоҳ гуфтанд, ин ҷо 8 ҳазор донишҷӯ мехонад. Ба чашм мерасид, ки донишҷӯён баъди  аз назари устодону гурӯҳи назоратӣ дур шудан ниқобҳоро ба дохили ҷузвдон меандохтанд ва бепарвоёна дар саҳни донишгоҳ гаштугузор менамуданд. Дар донишгоҳ ин камбудии асосӣ ва бисёр ҷиддӣ буд, ки ба чашм расид.
Баъд аз шинос шудан ба ҳолати воридшавии донишҷӯён роҳ сӯи дохили бинои таълимӣ гирифтем. Тавре дидем, дар даромадгоҳ толибилмон бо маҳлули зиддиуфунӣ даст шуста, сипас ворид мегарданд, аммо на ҳама. Яке аз муҳимтарин  қоидаҳо риояи фосилаи иҷтимоӣ буд, ки дар аудиторияҳо мушоҳида нашуд. Бар замми ин дар назди донишҷӯён маводи зиддиуфунӣ набуд. 
Ба гуфтаи ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадиёрзода, дар муассиса бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамояд, ки он бо маводи дорувории зарурӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин аст. Аз ҷониби кафедраи кимиёи донишгоҳ маҳсулоти зиддиуфунӣ ва ниқобҳои хлордор истеҳсол мешаванд. То имрӯз 5 ҳазор ниқоб дастраси кормандону устодони донишгоҳ  гардида,  беш аз 1 тонна маводи хлориди натрий омода ва захира шудааст. Ҳар рӯз саҳн ва дохили бинои таълимӣ се маротиба бо маҳлули хлор безарар  гардонда мешавад. Донишҷӯёни оилаҳои камбизоат ва бепарастор ройгон бо воситаҳои муҳофизатӣ ва доруворӣ таъмин мегарданд.
- Аз оғози хуруҷи COVID – 19 дар кишвар то имрӯз аз миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ касе гирифтори он нашудааст. То эълони таътил  чор омӯзгор мубталои илтиҳоби шуш гашта буд. Ҳодисаи коронавирус рӯй надодааст. Аз оғози соли нави таҳсил танҳо як донишҷӯ бо ҳарорати баланд ошкор ва аз дарс озод карда шуд, ки баъдан ташхисаш бемории зукоми одӣ баромад. Дар мавриди зарурат мо имкон дорем, ки таҳсилоти фосилавиро ба роҳ монем, -  гуфт Усмон Маҳмадиёрзода.

ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ним соат пеш аз оғози дарсҳо омадам. Писарону духтарони донишҷӯ пас аз санҷиши масъулон ҷониби факултаҳояшон мешитофтанд. Духтараке назди дарвозаи донишгоҳ омаду ҷуръати дохил шуданро накарда, ба атроф менигарист.  Омӯзгори навбатдор ӯро дида, хитоб кард:
- Чаро истодаӣ? Зуд даро, ки ба дарс дер мемонӣ.
- Муаллимаҷон, ниқобамро аз саросемагӣ дар хона фаромӯш кардаам...
- Ин ниқобро гир. Аммо дигар фаромӯш накуну зуд ба дарс рав!
Духтарак баъди арзи сипос дохили донишгоҳ шуду ман аз пасаш рафтам. Донишҷӯи курси дуюми факултаи психология будааст. Нақл кард, ки дарсҳои лексиониро чор гурӯҳ, яъне 90 нафар дар як аудитория мехонанд, ки тангӣ мекунад. Ӯ ба аудитория даромаду ман ошёнаҳоро давр задам. Назди даромадгоҳи ҳар факулта таби толибилмонро бори дигар месанҷидаанд, дастҳояшонро бо маҳлули махсус мешустаанд. Дар тамоми факултаҳо омӯзгорон панҷ дақиқаи аввал ба шогирдон зарурати риояи қоидаҳои беҳдоштро мегуфтаанд.
Қобилҷон Иброҳимов, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки тибқи шартнома кормандони ширкати «Фавз» пайваста гирду атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯёнро поккорӣ мекунанд. Дар парки технологӣ, ҳамчунин, факултаи технологӣ ва соҳибкорӣ истеҳсоли ниқоб ба роҳ монда шудаасту аз оғози соли нави таҳсил ҳамарӯза 100 - 150 ниқобро назди дарвозаи донишгоҳ барои донишҷӯён ва корафтодагоне, ки ниқоб надоранд, ройгон медиҳанд. Ӯ махсус зикр намуд, ки пеш аз оғози дарсҳо тамоми омӯзгорони донишгоҳ аз тести коронавирус гузаронда шуданд. Ягон ташхис мусбат набаромад.

ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКӢ
Бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ. Соат 7:15. Аз даромадгоҳи асосӣ муаллимони ниқобпӯш бо сабти корти электронӣ паси ҳам ворид мегаштанду зимни ин посбон ҳарораташонро месанҷид ва дастҳояшонро безарар мекард. Донишҷӯён бошанд, даромадгоҳи худро доштаанд: дарвозаи факултаи технологияҳои инноватсионӣ. Ягона фарқ ҳамин шуд, ки ин ҷо касе ба ҳарорати онҳо кордор набуд. Соат 7:53. Вақте аксари толибилмон даромаданд, табиби донишгоҳ бо дастгоҳи ҳароратсанҷ пайдо гашт…
Ду суҳбаткадаи саҳни факултаи технологияҳои инноватсионӣ пур аз донишҷӯён буд. Ин ҷо баъзеашон худро аз назорат магар озод ҳис намуданд, ки ниқоб аз рӯй аллакай гирифта буданд. Аз чи бошад, ки муаллимони навбатдор ин ҳолатро нодида гирифта, гузашта рафтанд.
Ректори таълимгоҳ Ҳайдар Одиназода зимни суҳбат иброз дошт, ки факултаҳои донишгоҳ дар чор минтақаи шаҳр ҷойгиранд, ки корро мураккаб месозад. Аз ин рӯ, барои назорати вазъи мубориза бо пандемия ба ҳар минтақа ноибони ректор вобаста шудаанд. Инчунин, ситоди донишгоҳии зиддикоронавирусӣ иборат аз 24 нафар амал мекунад.
- Барои халалдор накардани ҷараёни дарс муовинони ректор, деканҳои факултаҳо ва танзимгарон аз монитор аудиторияҳоро, ки камераҳои мушоҳидавӣ доранд, пайваста назорат мебаранд. Яъне, фавран маълум мешавад, ки кадом омӯзгор ё донишҷӯ  бе ниқоб ё маводи зиддиуфунӣ аст, - ректор аз истифодаи техникаи муосир дар масъалаи мазкур тавзеҳ дода, бо қатъият афзуд.- Ҳангоми машғулият ниқоб доштан ҳатмист. 
Вақте аудиторияҳоро дидем, худ шоҳид шудем, ки донишҷӯён қоидаҳои беҳдоштиро риоя менамоянд.
- Мабодо вазъият тағйир ёфта, имкони идомаи дарсҳо нашавад, донишгоҳи мо метавонад машғулияти тамоми донишҷӯёнро тариқи фосилавӣ роҳандозӣ кунад, - дилпур гуфт Одиназода. – Барои таъмини риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҳама хароҷот аз ҳисоби муассиса мебошад. Мо миқдори зарурии маводи зиддиуфунӣ ва поккориро захира кардаем ва зарур шавад, боз мехарем.
Донишгоҳи техникӣ зиёда аз 11 ҳазор донишҷӯ дорад, ки 40 дарсади онҳо дар ҳафт хобгоҳи донишгоҳ ба сар мебаранд ва масъулияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба зиммаи мудирони хобгоҳ вогузор шудааст. Бо такя ба худи толибилмон.

ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНӢ
Бо оғози соли нави таҳсил барои ҳар як муассисаи таълимӣ, хоҳ миёна бошаду хоҳ олӣ, даромадгоҳ мақому аҳамияти махсус касб намуд: дар замоне, ки коронавирус хуруҷ дораду аз сирояти он касе эмин нест, маҳз дар ҳамин остона метавон сари роҳи воридшавии вируси навро гирифт. Зеро дар дохил ҳазорҳо нафар дониш меомӯзанд ва ҳамагӣ як сироят метавонад боиси гирифтории садҳо ва басташавии муассиса гардад.  Ба ин маънӣ дар даромадгоҳи асосии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ду садди санҷиш буд. Аввалан, дасти ҳар нафареро, ки вориди донишгоҳ мегардид, шахси масъул бо маҳлули зиддиуфунӣ безарар мегардонд. Сониян, ҳамшираи шафқат ҳарораташро месанҷид. Танҳо пас аз ин донишҷӯ ё омӯзгор метавонист вориди донишгоҳ гардад. Албатта, агар ниқоб дошта бошад.
Дар саҳни донишгоҳ ва биноҳои таълимӣ шахсони масъул низ пӯшидани ниқоб ва риояи фосиларо аз ҳар донишҷӯ талаб мекунанд. Ба хотири шиносоии бештар ба чанд аудитория даромадам: донишҷӯён бо ниқоб нишастаанд ва байни онҳо на камтар аз як метр фосила ҷой дорад. Дар ҳар аудитория маводи зиддиуфунӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯ метавонад ҳар замон истифода намояд.
Саъдулло  Ҷамшед, сардори шуъбаи иттилоотии донишгоҳ, зимни суҳбат иброз намуд, ки дар тамоми донишгоҳ қоидаҳои бехатарӣ риоя шуда, ҳамарӯза дар байни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Мо худ мушоҳида кардем, ки дар ҳар ошёна ва ҳатто дар танаи дарахтони ҳавлии донишгоҳ огоҳномаҳо насб карда шудаанд.  Албатта, донишҷӯёне низ вохӯрданд, ки бе ниқоб мегаштанд ва талаботи санитариро риоя намекарданд.
Дар маҷмӯъ мушкили асосии ин донишгоҳ низ дар баъзе аудиторияҳо риоя нагардидани фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Аммо, бо вуҷуди ин, роҳбарият ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ тамоми имкониятро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус равона намудаанд.

3. SARS-CoV-2 ва ВАЗОРАТ
Нахуст ду рақам барои муқоиса ва андеша. Ҳамасола дар дунё аз бемории дилу раг риштаи умри 17,5 миллион (!) одам гусаста мешавад.  Дар нуҳ моҳи гузашта бо вуҷуди истифодаи ҳама воситаи имконпазири мубориза дар дунё аз пандемияи нав – COVID-19 қариб 34 миллион одам сироят шуду беш аз 1 миллион аз ин маризӣ фавтид. Тавре коршиносон боисрор ҳушдор медиҳанд, мавҷи дуюми хуруҷи коронавирус, ки шумори ҳар чи бештари кишварҳоро фаро мегирад, метавонад то охири сол ин рақамро ба 2 миллион расонад. Бо вуҷуди ин, аз байн моҳҳои зиёд гузашта бошанд ҳам, то ҳанӯз олимону табибон роҳи муассири табобати вируси навро пайдо накардаанду то рӯи кор омадани ваксина ва оғози эмкунии оммавӣ - ниқобпӯшӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, канораҷӯӣ аз ҷойҳои серодам ва гигиенаи инфиродиро ягона илоҷи ворастан аз сироят мешуморанд.

КОРОНАВИРУС БА ЧАШМИ КАМ ДИДАНРО НАБАХШАД
Воқеан, мавзӯи асосие, ки дар гузоришҳои қаблии хабарнигорони «Ҷумҳурият» матраҳ шуд, маҳз ҳамин буд. Он дар мисоли чанд макотиби миёна ва олӣ дар шаҳри Душанбе рӯнамо гашт. Тавре аз таҳлили вазъият бармеояд, дар асоси дастуру супоришоти саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдории Душанбе, Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳамчунин, сарраёсати маорифи пойтахт дар ин самт то ҷое имкон дошт, тадбирҳои заруриро андешиданд, то ки хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон мубталои SARS-CoV-2 нагарданд. Ва аз он сабаб муваффақ ҳам гаштанд, ки пандемия дар Ватани мо бинобар сари вақт ҷилавгирӣ кардан, натавонист боиси сирояту маргумири оммавӣ гардад, чуноне дар кулли кишварҳои дунё рӯй дод ва, мутаассифона, ин раванд идома дорад. Бояд махсус таъкид намуд, ки ин бузургтарин дастоварди тибби миллист. Яъне, соли нави таҳсил дар манзари «вазъи ороми коронавирусӣ» ду ҳафта барвақттар оғоз ёфт.
Аз таҳлили анҷомдода метавон ба хулоса расид, ки дар натиҷаи ба инобат гирифтани «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки вазорати тандурустӣ ҳанӯз охири моҳи июл таҳия карда буд, ҳудуди муассисаҳои таълимӣ то қадри имкон ба макони амн табдил дода шуда, дар онҳо бо истисноҳои ҷузъӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва поккорӣ риоя мегарданд.
Ҳамзамон, хабарнигорони мо баъзе камбудию норасоиҳоро ошкор сохтанд, ки далели бо чашми кам дидани хатари коронавирусанд. Ва таъкиди махсус ба он хотир аст, ки саҳлангории хурдтарин метавонад боиси хуруҷи вируси нав дар синф ё аудиторияҳо гашта, ҳаёти садҳо нафарро зери хавф гузорад.

ОМӮЗГОРОН АЗ ТАШХИС НАГУЗАШТАНД…
Интизор мерафт, ки дар вазъияти пандемия омӯзгорон ва дигар кормандони мактабҳои миёна ва олӣ ҳатман аз ташхиси коронавирус гузашта, танҳо пас аз ин ба таълими хонандагону донишҷӯён роҳ дода мешуданд, то ки ба муассисаи таълимӣ роҳ ёфтани нафарони бемор истисно карда шавад. Ин боз аз он ҷиҳат муҳим буд, ки айни замон сироятёбии беаломат рӯ ба афзоиш дорад ва бемориро танҳо ташхис муайян карда метавонад. Аммо аз чи бошад, ки Вазорати маориф ва илм ин корро накард. Ҳанӯз фурсат ҳаст.
Тибқи тавсияи Вазорати маориф ва илм, бо назардошти пандемия, тамоми чорабиниҳои серодам, аз ҷумла ҷамъомадҳои сабоҳии хонандагон манъ шудааст. Бо вуҷуди ин, тавре маълум гашт, маъмурони иддаи мактабҳои шаҳр мисли пешина хонандаҳои синфҳои болоиро пеш аз дарс ҷамъ оварда, «линейка» мегузаронанд. Айни замон, ба хатари COVID - 19 бемориҳои мавсимии зукому дигар шамолхӯриҳо зам мегарданд ва вазорат бояд пеши роҳи «худкорӣ»-и чунин роҳбарони бепарворо бигирад.
Вазорат вақти дарсро барои синфҳои ибтидоӣ 35 дақиқа муқаррар намуд ва дарсҳои 50 ва 60 дақиқаинаро барои синфҳои болоӣ бо се баст то соати 18:55 тавсия дод, то ки тамоси хонандаҳо дар танаффусҳо ҳар чи камтар шавад. Лекин оғози дарсҳоро барои ҳама чун пешина соати 8 таъйин намуд. Ба ҷои ин дар шароити хавфноки кунунӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҷамъшавӣ дар саҳну долонҳо хонандагони синфҳои 1 – 4 то соати 8:00, синфҳои 5 – 8 то соати 8:30 ва синфҳои 9 – 11 то соати 9 ба дарс меомаданд, бамаротиб муфидтар мебуд. Яъне, риояи фосила ҳангоми омадурафти онҳо осонтар мегашт. Дар танаффусҳо низ.
Нарасидани ҷой дар муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти музминест, ки барои ҳаллаш Ҳукумати кишвар то ҳадди имкон тадбир андешида, ҳамасола биноҳои нави замонавӣ бунёд мегарданд. Бо вуҷуди ин ҳанӯз, ки мушкил пурра ҳал нашудааст, риояи қатъии ниқобпӯшӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ зарур аст.

НИҚОБ БОЯД БИСЁРКАРАТА БОШАД
Вале ин ҷо мушкили дигар мавҷуд аст, ки то ҳол комилан нораво сарфи назар шудааст ва касе ба он аҳамият намедиҳад. Чуноне хабарнигорони «Ҷумҳурият» низ мушоҳида карданд, миёни хонандаҳою донишҷӯён ва омӯзгорону дигар кормандон ниқобҳои гуногуншаклу гуногунрангро метавон дид, ки аксарият яккаратаанд. Ҳол он ки онҳо баъди се – чор соати истифода аз воситаи муҳофизатӣ ба латтапораи муқаррарӣ табдил меёбанд ва бояд ҳатман иваз карда шаванд. Шояд бо қироати ин сатрҳо масъулони муассисаҳои таълимӣ бо тамасхур гӯянд, ки «бачаҳо ҳамон яккаратаашро ҳам банданд, барои мо давлати калон». Ин масъала ночиз нест, зеро сухан аз ҳифзи саломатӣ аз COVID-19 меравад. Хосса тирамоҳ омаду ҳаво сард шуда истодааст, ки коронавирус дар чунин ҳарорат дубора ҷон мегирад, яъне хавфаш меафзояд. Дар фасли тирамоҳу зимистон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ барои ҳам омӯзгору ҳам толибилм пӯшидани ниқоби чандкарата бояд ҳатмӣ гардад. Махсусан, барои омӯзгорон ва дигар кормандони ин муассисаҳо.

Шаҳбоз АБРОР,
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
Сафаргул АЛИМОВА,
Маҳмуд БАҲРОМ,
Комрон САФАР,
Хуршеди ҶОВИД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 204    Мутолиа карданд: 144
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед