logo

Хабарҳо

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон 9 октябр дар Москва доир ба қазияи Кӯҳистони Қарябоғ гуфтушунид карданд, ки 10 соат идома ёфт.
Чуноне намояндагони вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров хабар доданд, ҷонибҳо дар чандин масоил ба мувофиқа расиданд. Аз ҷумла, аз 10 октябр оташбас шурӯъ шуда, мубодилаи гаравгонон ва ба хок супурдани фавтидагон сурат мегирад. Ҳамчунин, Озарбойҷон ва Арманистон бояд ба гуфтушуниди дигар дар доираи созишномаи Минск пардозанд.
Задухӯрди низомӣ дар Қарябоғ миёни Арманистон ва Озарбойҷон 27 сентябр оғоз ёфта буд.


БА МЕХАНИЗМИ ЭМКУНӢ АЗ COVID-19 171 КИШВАР ПАЙВАСТ
Gazeta.ru. «Ҳадафи механизми COVAX-ро, ки таъмини дастрасии баробар ба ваксинаи коронавирус мебошад, беш аз 170 давлати дунё ҷонибдорӣ намуд», - гуфт директори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус.
Рӯзҳои охир ба ин ташаббус Чин ва Ҷумҳурии Корея ҳамроҳ шуданд. «Имконияти иштирок дар он бо дигар мамлакатҳо баррасӣ мегардад», - зикр намуд Гебрейесус.
Ташаббуси мазкури СҶТ ва Эътилофи глобалӣ оид ба ваксинаҳо ва эмкунӣ (GAVI) — COVAX ба таъмини дастрасии кулли кишварҳо ба ваксина нигаронда шудааст.


СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ САВДОРО БОРИ НАХУСТ ЗАН САРВАРӢ ХОҲАД КАРД
INTERFAX.RU. Ба марҳилаи ниҳоии интихоби директори генералии ин ниҳоди ҷаҳонӣ ду зани довталаб роҳ ёфт: собиқ директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Нгози Оконджо-Ивеала ва вазири савдои Ҷумҳурии Корея Ю Мён Хи.
Ҳамин тавр, бори аввал дар таърих сарвари СҶС зан хоҳад шуд. Давраи сеюми машварат 19 октябр оғоз ёфта то 27 октябр давом мекунад. Роҳбари нави ниҳодро шӯрои генералӣ тасдиқ менамояд ва ин кор эҳтимол дар нимаи якуми моҳи ноябр сурат гирад.
Директори генералии пешинаи СҶС Роберту Азеведу 31 август, як сол қабл аз анҷоми муҳлати дуюм тарки мансаб намуд.


ДАР ӮЗБЕКИСТОН АЗ СОЛИ 2021 ПЕДАГОГҲОИ РУС ФАЪОЛ МЕШАВАНД
Sputnik. Дар Тошканд маросими имзои созишнома миёни Вазорати маорифи Россия, Вазорати маорифи халқи Ӯзбекистон ва Фонди хайрияи Алишер Усмонов «Санъат, илм ва варзиш» доир ба татбиқи лоиҳаи гуманитарии «Класс!» ба тасвиб расид.
«Дар доираи лоиҳа, ки барои 10 сол таҳия шудааст, гурӯҳҳои педагогон, пеш аз ҳама, аз фанҳои дақиқ — математика, физика ва химия, илмҳои табиӣ сар аз январи соли 2021 пайваста ба Ӯзбекистон хоҳанд омад, - гуфт муовини аввали вазири маорифи ФР Дмитрий Глушко, - мо, ҳамчунин, нияти ин ҷо кушодани филиали Донишгоҳи педагогии Россия ба номи Гертсенро дорем.
Омӯзгорону методистҳои рус дар ҳама манотиқи кишвар амал хоҳанд кард. Дар ин муддат тибқи нақша забондонии русии 4 ҳазор педагог ва 2 ҳазор хонанда санҷида мешавад.


ДАР ҚАЗОҚИСТОН ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ 430 ҲАЗОР КОРХОНА ФАЪОЛИЯТАШРО БОЗДОШТ
Sputnik.kz. Ин корхонаҳои соҳибкории хурду миёна ночор беш аз 1,5 миллион кормандро ба рухсатии бемузд фиристоданд, - хабар медиҳад сенати кишвар.
Дар доираи омодагӣ ба баррасии масъала дар парламент, вакилони сенат бо намояндагони Палатаи миллии соҳибкорон "Атамекен" вохӯрданд. Зимни он тадбирҳои дастгирии соҳибкорон дар давраи коронавирус баррасӣ шуданд. Сенаторҳо аз дастгирияшон иброз доштанд.
Тавре раиси садорати палата Аблай Мирзоаҳметов гуфт, дар Қазоқистон беш аз 200 ҳазор соҳибкор бекор аст. Дар муддати карантини ҷоришуда тақрибан 800 ҳазор соҳибкор мувоҷеҳи мушкилот гашт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 352
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед