logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии комилатон дар интихоботи президентӣ қабул фармоед.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ нуфузи баланди сиёсӣ ва аз ҷониби ҳамаи мардум дастгирӣ намудани роҳи Шуморо, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии он нигаронда шудааст, пурра тасдиқ менамоянд.
Мо ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳем. Мехоҳам алоқамандии худро ба идомаи ҳамкории зичи муштарак ҷиҳати афзун гардондани тамоми маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаамон бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти мо ва ба хотири таъмини сулҳу амонӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намоям.
Сидқан ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович дар фаъолияти сермасъулатон дар маснади сарвари давлат комёбиҳои навин, ҳамчунин, саломатии қавӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам”.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвони Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Лутфан, иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин, шахсан аз номи худам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини инҷонибро арз намоям.
Натиҷаҳои интихоботи анҷомёфта бори дигар собит месозанд, ки консепсияи идораи давлат, ки аз ҷониби Шумо татбиқ мегардад, мавриди дастгирии васеи мардуми Тоҷикистон қарор дорад. Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар амалияи рушди миллӣ ҳатман ба комёбиҳои навини бузург ноил хоҳад шуд.
Чин ва Тоҷикистон ду ҳамсояи ба якдигар некхоҳ, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод мебошанд, ки ба таври доимӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар муносибатҳояшон сатҳи баланди эътимодро нигоҳ медоранд ва онҳоро кӯҳҳову дарёҳои умумӣ ба ҳам мепайванданд. Тайи солҳои охир дар муносибатҳои дуҷонибаи мо иқдомоти нав ба назар мерасанд. Чин ва Тоҷикистон нахустин маротиба бунёди ҷомеаи рушд ва ҷомеаи амнияти муштаракро эълом дошта, дар қатори пешсафони бунёди ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният қарор гирифтанд ва ба ин манзур назири равшане барои ҷомеаи ҷаҳонӣ шуданд. Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва барқарории муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии шахсии амиқ бо Шуморо қадр менамоям. Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо ҷиҳати ба зинаҳои нав баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон бар нафъи мардумон ва кишварҳои мо ба таври доимӣ кӯшишҳои муштаракро ба харҷ диҳам.
Ба Шумо сиҳатии қавию комёбиҳои бузург орзумандам.
Ба мардуми Тоҷикистони дӯст рушду шукуфоӣ ва саодатмандиву некуаҳволӣ хоҳонам”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бародари азиз!
Аз самими қалб Шуморо, Ҷаноби Олӣ, бо пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баландтарин сатҳи тадорукотӣ доир гардиданд, табрику муборакбод менамоям. Самимонатарин таманниёти неку сидқии маро қабул фармоед.
 Ҳузур ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва натиҷаҳои овоздиҳии баргузоргардида бори дигар эътимоди бузург ва тарафдории васеи аҳолиро аз барномаи ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодие, ки аз ҷониби Шумо ба мақсади таъмини рушди босубот ва ноил гаштан ба шукуфоии давлат татбиқ мегардад, тасдиқ менамоянд.
Мехоҳам ба таври хоса таъкид намоям, ки таҳти роҳбарии Шумо то ҳол корҳои бениҳоят бузурги созандагӣ ба анҷом расонда шуда, мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас таҳким ёфтааст.
Мо таваҷҷуҳи доимӣ ва саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумони ба ҳам бародари мо баланд арзёбӣ карда, қадр менамоем.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба туфайли саъю талошҳои муштараки мо, ки ба пешбурди манфиатҳои аслии мардумони мо нигаронда шудаанд, инчунин, барқарории муносибатҳои бародарона ва эҳтироми ҳамдигар густариши босуръати шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома ёфта истодааст.
Итминон дорам, ки якҷо бо Шумо мо таъмиқу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои пуррамиқёси кишварҳоямонро таъмин хоҳем кард, ки худ барои ба сатҳи боз ҳам баландтару сифатан нав баровардани муносибатҳои дарозмуддату гуногунҷанба ва барои ҷонибҳо судманди Ӯзбекистону Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо – Ҷаноби Олӣ сиҳатии қавӣ, некуаҳволии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Қазоқистон ва, шахсан, аз номи худам Шуморо сидқан ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям!
Пирӯзии комили Шумо дар интихоботи баргузоргардида боз як далели аз ҷониби тамоми мардум устуворона дастгирӣ намудани роҳи стратегии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, некуаҳволии шаҳрвандон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар нигаронда шудаанд.
Саҳми бузурги шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстии шикастнопазир ва шарикии стратегии миёни кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоям. Итминон дорам, ки бо кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Қазоқистон ва Тоҷикистон мутобиқ ба манфиатҳои ду мардуми ба ҳам бародари мо ба зинаҳои нави боз ҳам баланд хоҳанд баромад.
Бо  истифода аз фурсат ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович татбиқи муваффақонаи ҳамаи нақшаҳои дар маснади олии давлатӣ ба хотири таъмини некуаҳволӣ ва шукуфоии Тоҷикистон таҳиягардидаатонро орзумандам”.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум.
Интихоби дубораи Ҷаноби Олӣ ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Итминон дорам, ки бо иноят ба муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии  ду кишвари дӯсту бародар дар давраи ҷадиди масъулияти он, Ҷаноб, муносиботи ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини манфиатҳои муштарак ва таҳкими сулҳу суботи мантақавӣ беш аз пеш густариш ёбад.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноби Олӣ ва иззату сарбаландии мардуми Тоҷикистонро орзу дорам”.

Дар барқияи табрикии Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи баргузоргардида ва интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ эътимоди баланди мардуми Тоҷикистон ба Шумо, ки бо раъйдиҳиаш  ба тамоми олам тарафдории  васеъ ва  бешакку шубҳаи худро аз роҳи интихобкардаи Шумо ҷиҳати таъмини субот дар кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии он, ҳамчунин, сиёсати созандаи Шумо, ки ба  рушди босуръати кишвар ва бемайлон баланд бардоштани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дода, ба таври пурра тасдиқ менамояд.
Ҳайати нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябри соли 2020 доир гардид, ҳамчун интихоботи шаффофу озод ва қонунӣ, ки ба оламиён қадамҳои муҳими кишварро дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, эътироф кард.
Изҳори итминон менамоям, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо ба комёбиҳои боз ҳам  назаррастар ноил гардида, босуръат рушд хоҳад кард.
Шумо яке аз муассисони Созмони Ҳамкории Шанхай мебошед ва ба таҳкими пайвастаи зарфиятҳои сиёсиву иқтисодии он аҳамияти калон медиҳед. Мо, ҳамчунин, дар арафаи лаҳзаи муҳим, яъне пас аз саммити сарони  давлатҳои аъзои созмон моҳи ноябри соли 2020 гузаштани раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай аз Россия ба Тоҷикистон, ки таҳти нишонаи  20-солагии қарори таърихии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай хоҳад анҷом ёфт, қарор дорем. Дар иртибот ба ин, ҳамчунин, мехоҳам ба Шумо фаъолияти муваффақонаву босамарро ба ҳайси раиси ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай орзу намоям.
Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо – ҷаноби Президент сиҳатмандии комилу некуаҳволӣ ва дар фаъолиятатон дар маснади олии давлатӣ комёбиҳои бузург баҳри сулҳу пешрафт ва шукуфоии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳонам”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2020    №: 203    Мутолиа карданд: 223
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед