logo

Хабарҳо

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

АИР «Новости». «Дирӯз дар ҷумҳурӣ машқҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ «Бародарии шикастнопазир - 2020» шурӯъ шуданд, ки дар онҳо беш аз 900 низомӣ бо истифодаи 120 воҳид техника иштирок мекунад», - хабар дод сухангӯи ниҳод Владимир Зайнетдинов.
Ба СААД Арманистон, Беларус, Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд. Вазорати мудофиаи Арманистон қаблан огоҳ сохта буд, ки бинобар вазъияти Қариябоғ аз ширкат худдорӣ мекунад.
Тамринҳо аз соли 2012 ҳамасола дар қаламрави яке аз кишварҳои аъзои СААД доир мегарданд.


ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС КАЙ АНҶОМ МЕГИРАД?
Sputnik. Табиби роҳи нафас ва шуши Вазорати тандурустии Россия, узви АИР, доктори илмҳои тиб Сергей Авдеев изҳор дошт, ки сирояти  коронавирус боз ҳудуди як сол идома меёбад.
Вай таъкид кард, ки афзоиши тирамоҳии коронавирус барои табибон ғайриинтизор набуд  ва  тибби  Россия  ба  он  омода  аст.  "Афзоиш чанд моҳи дигар ба назар хоҳад расид", - гуфт коршинос. Авдеев риояи қоидаҳои беҳдоштро ҳатмӣ мешуморад.


ГУБЕРНАТОРҲОИ ИТАЛИЯ БА ВАЗИРОН ГУФТАНД, КИ КАЛИМАИ «КАРАНТИН» - РО ФАРОМӮШ КУНАНД
REGNUM. «Дар вазъияти баамаломада Италия наметавонад бори дигар карантини саросарӣ ва боздошти иқтисодро иҷозат диҳад», - гуфт губернатори музофоти Ломбардия Аттилио Фонтана.
Фонтана ваъда дод, ки дар вохӯрии наздиктарин бо аъзои ҳукумат онҳоро аз идеяи роҳандозии карантини нав бозмедорад.
Карантини умумимиллӣ дар Италия ҳамагӣ қариб ду моҳ – аз март то май давом ёфта буд. Коршиносон талафоти бисёрмиллиардии иқтисодро бинобар набудани сайёҳон ва коҳиши ҳаҷми истеҳсолот ва содирот пешгӯӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷамъбасти сол ҳаҷми ММД 10-15 дарсад кам мешавад.


ДАР ГУРҶИСТОН ОМӮЗГОРОН ВА МУРАББИЁН АЗ ТАШХИСИ COVID-19 ГУЗАРОНДА МЕШАВАНД
REGNUM. Чуноне сардори маркази миллии назорати бемориҳо Амиран Гамкрелидзе изҳор дошт, ташхиси сирояти вируси нав интихобан миёни омӯзгорони мактабҳо ва мураббиёни кӯдакистонҳо оғоз меёбад.
Ӯ зикр намуд, ки дар сурати ошкорсозии гирифтории педагогҳо синфҳояшон ба таълими фосилавӣ гузаронда мешаванд.
Айни замон дар Гурҷистон дар мактабҳо аксарияти хонандаҳо аз синфи як то шаш ба таври маъмулӣ таҳсил мекунанд. Аз 12 октябр кӯдакистонҳо ба фаъолият сар карданд. Дар Адҷария бинобар вазъияти мураккаби пандемия мактабу кӯдакистонҳо бастаанд.


АСКАР МАМИН: «ХОНАНДАҲО БА МАКТАБ ТАДРИҶАН БАРМЕГАРДАНД»
Tengrinews.kz. «Дар Қазоқистон масъалаи давра ба давра ба шакли маъмулии таълим баргаштан баррасӣ мешавад», - гуфт Сарвазир Аскар Мамин дар ҷавоби дархости вакилони порлумон.
Сарвазир зикр намуд, ки таълими фосилавӣ бинобар аз ҳад зиёд серхонанда будани мактабҳо пеш гирифта шуд. «Тибқи маълумоти СҶТ, кӯдакон дар синни 12 ва болотар паҳнкунандаи фаъоли вируси нав мебошанд. То 4 октябр миёни хонандаҳо 136 ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки 51 нафар талабаи синфҳои маъмулӣ ва 85 нафар аз ҷумлаи фосилахонҳо мебошанд", - хабар дод Аскар Мамин.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 358
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед