logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, композитор, дирижёр ва мутриб Одилҷон Назаров дар таърихи мусиқии касбии навини тоҷик мавқеи хосса дорад. Муаллифи асарҳои гуногунжанри мусиқӣ, офарандаи асарҳо барои оркестри симфонӣ, ба монанди «Валс №1 Ля - мажор», сюитаҳои рақсии «Сайри лола», «Фасли баҳор», достони симфонии «Зафар» мебошанд.
Барои оркестри созҳои миллӣ «Увертюраи идона» ва «Сюитаи рақсӣ», «Марши шодиёна», якчанд валсҳо ва барои оркестри нафасӣ «Марши тоҷикӣ», «Марши дӯстӣ» ва сурудҳои зиёд барои овозхонҳо эҷод кардаанд. «Шаҳри азиз» (шеъри Н.  Шарифӣ), «Тоҷикистон» (шеъри Б. Ҳоҷӣ), «Саҳари шаҳри азизам» (шеъри Ф. Ансорӣ), «Салом аз Ленинобод» (шеъри Н. Шарифӣ) аз ин қабиланд.
Ҳангоми фаъолияташон дар Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба аксар намоишномаҳои театри мазкур мусиқӣ эҷод кардаанд, аз ҷумла ба намоишномаҳои «Хонаи умед»-  и А. Сидқӣ, «Кӯчабоғи ошиқон» -и А. Шукӯҳӣ, «Калиди бахт» - и С. Ҷило, «Рашк» - и Б. Мақсудов, «Камоли Хуҷандӣ» - и А. Сидқӣ.
Одилҷон Назаров чандин сол роҳбарии ин театрро ба уҳда доштанд. Дар ин давра ба ҳамаи он намоишномаҳое, ки мусиқӣ эҷод намудаанд, ба оркестри театр худашон дирижёрӣ мекарданд.
Шиносоии камина бо ин устоди маъруфи соҳаи мусиқӣ нимаи дуюми солҳои 80 – уми асри гузашта ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳамин давра соле ду – се маротиба, ки ба шаҳри Душанбе меомаданд, ҳатман ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ташриф меоварданд. Албатта, дар баробари воқиф шудан аз ҳоли якдигар, суҳбат аз дурнамои фаъолият буд. Он кас бештар дар бораи театри мо ва бурду бохти эҷодӣ пурсон мешуданд. Баъд аз он сурудеро барои хор ба ман медоданд, ки дар барномаи консертии хори театр ворид намоям. Дар репертуари консертии хори театр  якчанд асарҳои хории Одилҷон Назаровро мо дар консертҳои нақшавӣ иҷро кардаем. «Сулҳ поянда бод!», «Шаҳри ман» аз ин қабиланд. Артистони хор асарҳои Одилҷон Назаровро бо хушнудӣ мепазируфтанд ва машқ мекарданду месароиданд. Асоси муваффақияти сурудҳои муаллиф дар он маҳсуб мешуд, ки диапазонашон барои хор хело ҳам мувофиқ  ва қуллай буд. Оҳангҳое буданд, ки онҳо лаҳнҳое, ба мисли Ми – минор, Ре - мажор, Сол - мажор моҳирона истифода мешуданд.
Одилҷон Назаров ҳазлу шӯхиро дӯст медоштанд. Латифаҳои хуб нақл менамуданд. Бисёр меҳмоннавозӣ мекарданд, намегузоштанд, ки андаке ҳам табъи мо ғамгин шавад. Ҳамсарашон Муътабар Иброҳимова, Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон, бениҳоят ҳунарпешаи боистеъдод буданд. Фарзанди калонияшон Обидҷон Назаров солҳои зиёд актёр ва директори театр, сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд буданд. Баъд муовини вазири фарҳанг, сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе таъйин шуданд. Алҳол ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ фаъолияти назаррас доранд.
Одилҷон Назаров як инсони бисёр хуб ва меҳрубон буданд. Ҳамаи хислатҳои неки инсонӣ дар он кас дида мешуд. Фарзандони боодобу боистеъдоду босаводро тарбия намудаанд. Дар фаъолияти меҳнатияшон ҳамчун роҳбари театр, сардирижёр, мутриб ва композитор бо касбияти баланду масъулияти ҷиддӣ муносибат мекарданд.
Табрики ин шахсияти арзанда, ҳунарпешаи нотакрор ба муносибати 90 – солагияшон ин табрики фарҳанги волои миллати мутамаддин мебошад. Охир, фарҳанги волоямон туфайли чунин шахсиятҳои ҷоннисори ҳунар ва боистеъдод рушд ёфтааст.
Табрики ин марди асили ҳунар ба муносибати ин санаи бузург боиси ифтихори ҳар нафарест, ки ба дунёи зебову рангини ҳунари воло ошноӣ дорад.
Барҳақ, касе, ки то ба навадсолагӣ бо муҳаббату ифтихор ёд мешаванд ва санаи муборакашон таҷлил мегардад, умри абад меёбад. То фарҳангу ҳунари воло дар дунё пойдор аст, аз ӯ бо муҳаббату самимияти бепоён ёд меоранд.

Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, лауреати байналмилалии хорсароён дар Туркия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 82
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед