logo

иҷтимоиёт

«ХИЁНАТ» ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНОН БАРДОШТ

Баъд аз пахши филми «Хиёнат», ки чанде пеш қисми панҷуми он расонаӣ гардид, ба нотавонбинони давлату миллати тоҷик - саркарда ва думравони ташкилоти террористӣ - экстремистии наҳзат мушти обдоре буд, ки ин худбохтаҳоро ба зону мезанад.
Бароям муҳим нест, ки онро кӣ таҳия кардааст? Вале нишонрасу таъсирнок будани филмро эътироф накардан мантиқан ва инсофан дуруст нест. Бартариҳои филм хеле зиёданд ва ҷоиз аст, мухтасаран чанд ҷанбаи онро ёдрас шавам:
Якум. Филми «Хиёнат» дар қиёс бо ҳарзагӯиву сафсатапарокании наҳзатиҳо, дар заминаи далелу рақамҳои асоснок ва суханони шоҳидони ҳол омода шудааст. Муаллифони филм, ки хушбахтона гумном нестанд, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки услуби баёни андеша аз ҷониби шоҳидони ҳол бо забони фасеҳу оммафаҳм осеб набинад ва ба суханпардозиву ҳангомасозӣ роҳ дода нашавад.  
Дуюм. Услуби пешниҳоди мавод ва инъикоси ҳаводис дар филм занҷиравӣ ва марҳилавӣ буда, маҳз ҳамин омил таъсирбахшиву таваҷҷуҳбарангезиашро фузун кардааст. 
Сеюм. Муҳимтар аз ҳама филми зикршуда собит кард, ки дасти “боз”-и саркардаи наҳзатиҳо, “фаъол” будани обсофкунакҳое амсоли М. Садриддин, М. Салимпур, С. Истаравшанӣ ва дигарон ба амалҳои ғайриқонунӣ ва дастгирии хоҷаҳои хориҷӣ вобастагии қавӣ доштааст. Панҷ сол мешавад, наҳзатиҳо тавассути сомонаҳои кисагӣ ва дигар василаҳо мехоҳанд, худро мусичаи бегуноҳ ҷилвагар созанд.  Шояд то пахши филми «Хиёнат» онҳое низ буданд, ки саркардаи ташкилоти террористии наҳзатро собиқ вакили дилсӯзи халқ, тоҷири муваффақу саховатманд мепиндоштанд.
Кунун маълум гардид, ки ин ҳама «хайру саховат» аз куҷо будааст. Филми мазкур он қадар ҷиноятҳоро ифшо кард, ки дар фаъолияти ӯ пайдо кардани аъмоли нек, ҷустани сӯзан дар ғарами коҳро шабеҳ аст.
Хосса фошкориҳои собиқ ҳамсафон ин шармсоронро шармандатар кард. Собит шуд, ки боигарии осон бадастомада ончунон пардаи чашми ин навкисаҳоро серравған, хотираашонро кунд сохт, ки дирӯзи худро фаромӯш карданд.
Дар радифи ҷанбаҳои дигар кӯрнамакии саркардаи наҳзатиҳо ва думравонаш дар он зоҳир мегардад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ падидаи беназир будану, ягона ҳизби исломии дар порлумон намоянда доштанашонро низ сарфи назар кардаанд. Ҳол он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ҳукумате дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки фаъолияти чунин ҳизби исломиро бо вуҷуди гузаштаи пурдоғ доштанаш,  иҷозат дода буд.
Ҳамзамон, ёдрас менамоям, ки бояд фаъолияти расонаҳои кисагии марбут ба созмони террористиву экстремистии наҳзати исломӣ, ки меҳвари фаъолияташон «даъват ба эътироз, нобоварӣ нисбат ба фаъолияти Ҳукумати қонунӣ ва даъват ба табаддулоти давлатист» тибқи санадҳои меъёрии дохилӣ ва байналмилалӣ баҳогузорӣ ва масъулону муаллифонашон муҷозот шаванд. Сохторҳои марбутаро лозим аст, дар ин самт бетаъхир чораандешӣ намоянд.
Барои наҳзатиҳое, ки дар хориҷ аз кишвар бароҳат ба сар мебаранд, дурнамои сарнавишти ба ном ҳамсафон як фулус арзиш надорад. Гоҳ – гоҳ садо баланд намудан дар ин маврид аслан васила барои дастрасӣ ба ёриҳои пулӣ аст, ки барои зиндагии шоҳонаи саркардаи наҳзатиҳо ва думравонаш харҷ шуда истодааст.  
Дар маҷмӯъ, пахши филми «Хиёнат», ба андешаи инҷониб барои тоҷику тоҷикистониён тантанаи адолат аст. Наҳзатиҳо ва дилхоҳ нотавонбини миллати тоҷик бояд дар назди қонун ҳатман ҷавоб гӯянд, то барои дигарон сабақ гардад!
 
Ҷасур МИРЗОЗОДА,
коршиноси Маркази иттилоотӣ – таҳлилии «Аҷам»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 484
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед