иҷтимоиёт
САИДАМИРШО ШАРИФОВ. ДИЛЕ, КИ ҲАМНАВОИ ВАТАН МЕТАПАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Ванҷ аз он хусус изҳори хушнудӣ намуданд, ки ин диёри зебо, ки қуллаҳои сарбаланди Исмоили Сомонӣ, манбаъҳои обҳои фаровон, пиряхҳои азамати Федченкову Хирсон, боғистонҳои мевадор, дарёҳои хурӯшон ва ҷангалзорони анбӯҳ дорад. Ванҷ бо фарзандони барӯмандаш: шоирон, олимон, ҳунармандон ва санъаткорони мумтоз машҳур аст. Яке аз чунин санъаткорони номвар Саидамиршо Шарифов мебошад, ки дар деҳаи зебоманзари Бунай ба дунё омадааст. Дар таълимгоҳ дар маҳфили худфаъолиятӣ ширкат мекард, аз айёми наврасӣ ба китобу сурудхонӣ шавқу завқи зиёде дошт.
Саидамиршо, ки аз овони наврасӣ ба санъату фарҳанг меҳри хосса дошт, баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода бо сари баланд ба Ванҷ бармегардад. Мудири шуъбаи фарҳанги вақти ноҳия Лоиқ Валиев ба мутахассиси ҷавон Саидамиршо Шарифов пешниҳод менамояд, ки дар шуъба ва ё хонаи фарҳанги шаҳраки Рохарв кор кунад. Зеро соҳа ба ӯ барин ҷавони соҳибкасб эҳтиёҷ дорад. Ҳамин тавр, ҳамагӣ пас аз се соли фаъолият Саидамиршо барои кор ба маркази ноҳия даъват шуд.
Фаъолият дар маркази ноҳия даричаҳои навро ба сӯи олами фарҳанг ва санъати асил боз намуд. Дар ин даргоҳ ӯ аз устодони сахтгир, вале ҳалиму меҳрубон Саидалӣ Алиев, Абдулло Маҳмадшоев, Исломиддин Доштов, Ҷумъа Исоев, Сулаймон Бурҳонов, Раҳим Заробеков ва дигарон сабақ гирифт. Таҷрибаи андӯхтаашро пайваста такмил медод. Хоксориву фурӯтанӣ ва заҳмати мардона ҳамчун санъаткор ӯро писанди ҳамкасбон ва мардуми ноҳия ва саросари Бадахшон гардонданд.
Баъдтар Саидамиршо мудири хонаи фарҳанги деҳаи Бунай таъйин гардид. Вай нахуст бо ёрии деҳотиён дохил ва беруни бинои хонаи фарҳангро ба тартиб овард. Аз Вазорати фарҳанг ва бахши фарҳанги ноҳия асбобу анҷомҳои зарурӣ гирифт. Бо омӯзгорони муассисаи таълимии деҳа ва дигар шахсони фарҳангу санъатдӯст робитаашро қавӣ гардонд. Ҳамчунин, бештар ҷавонону наврасонро ба чорабиниҳои гуногун даъват мекард ва дар кораш муваффақ мегардид.
Бо ҳамин саъю талошҳо хонаи фарҳанг барои деҳнишинон дар андак вақт ба даргоҳи маърифат ва маънавиёт табдил ёфт.
Барномаҳояш бахшида ба ҷашнҳои Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсия ва ғайра ҳамеша писанди мухлисон мешаванд. Саидамиршо барҳақ санъаткори навовар ва эҷодкор аст. Маҳз чунин дилбастагӣ ба кор ва заҳмати ҳалолу бенуқсон ӯро байни аҳли фарҳанги Бадахшон соҳибэҳтиром гардондааст. Ӯ Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолиби чандин озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Саидамиршо Шарифов, ки ба маънои томаш инсони фарҳангист, ҳунарҳои чӯбтарошӣ, кандакорӣ, деворгарӣ ва рассомиро низ дорад. Нақши дастонаш на танҳо дар деҳот, балки дар идораву муассисаҳои шаҳраки Рохарв ҳам ҳувайдост. Аз он шоду мамнун аст, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Маҳз дар доираи ҳамин иқдоми созанда дар ноҳияи Ванҷ низ бисёр корҳо ба ҷо оварда шудаанд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ Зумратшо Нуриддинов иброз дошт, ки Саидамиршо Шарифов миёни кормандон шахси масъулиятшинос аст, вазифаи худро сари вақт ва сидқан ба ҷо меорад. Имрӯзҳо чун дигар кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон серкору сертараддуд аст.
Пайшанбӣ ШОЕВ, сармуҳаррири рӯзномаи «Ватан»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2020 №: 204 Мутолиа карданд: 85