logo

Хабарҳо

«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ бо номи «Ҳабдаҳ чаман» аз тариқи нашриёти «Хуросон» китоби наве ба  нашр расид. Дар китоби мазкур тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ ва 17 гуфтор дар бораи ӯ бо 8 забон ҷой дода шудаанд.  Баҳром Раҳматзод, директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», гуфт, ки китоби мазкур бо ташаббуси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони марказ ва дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз дасти чоп баромадааст.
Тарҷума ва муаррифии эҷодиёти Хоҷа Камол ба забонҳои маъмули дунё шаҳодати мавқеи беназир ва рангорангии осори ӯ мебошад. Тарҷумаи ғазалиёти шоир ба забонҳои англисӣ, немисӣ, арабӣ ва чинӣ бори аввал бо дархосту супориши маркази илмии Камоли Хуҷандӣ сурат гирифтааст.
Ҳамчунин, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти “Ношир” се китоби дигарро ба нашр расонд, ки ҳамагӣ аз осор ва рӯзгори шоир ҳикоят мекунанд.
Китоби аввал “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ” унвон дошта, аз  маҷмӯи мақолаҳои олимони ватаниву хориҷӣ иборат мебошад. Дар асари мазкур, аз ҷумла мақолаҳо ва таҳқиқоти пурқимати донишмандоне чун устод Садриддин Айнӣ, Азизи Давлатободӣ, Саъдулло Асадуллоев  ва дигарон гирд оварда шудаанд.
Китоби дувум бо номи «Камол Худжанди в России: Исследования и переводы» мебошад. Он аз ду бахши бузург иборат буда, дар қисми аввал маҳсули пажӯҳишҳои ховаршиносони маъруфи рус Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский ва дигарон фароҳам омадаанд, ки аз арзишмандтарин асарҳо дар ин заминаанд. Дар бахши дувум тарҷумаҳои ғазалиёти шоири бузурги тоҷик аз ҷониби тарҷумонҳои хушсалиқа А. Адалис, В. Звягинтсева, В. Потапова, И. Селвинский, Я. Козловский ва М. Синелников ба забони русӣ ва асли тоҷикиашон ҷой дода шудаанд.
Китоби сеюм  “Туҳфаи ҷон” ном дошта, дар он 40 ғазали шоир аз ҷониби муҳаққиқон Бадриддин Мақсудов, Равшани Ҳамроҳ, Саидумрон Саидов, Тоҷибой Султон ва Баҳром Раҳматзод шарҳ дода шудаанд.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 417
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед