logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ 5000 - СОЛА АСТ! БУЗУРГТАРИН БОЗЁФТИ БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

11 октябри соли равон бостоншиносони тоҷик Абдурауф Раззоқов ва Татяна Филимонова бори нахуст дар шаҳри Кӯлоб қабр ва устухони ҷасадеро пайдо карданд, ки ба давраи сангу биринҷӣ тааллуқ дорад. Ин бузургтарин бозёфти бостоншиносии миллии асри ХХI далолат ба он мекунад, ки Кӯлоб на 2700, чуноне то ҳол мешумурдем, балки тақрибан 5 - ҳазорсола мебошад. Бо хоҳиши хабарнигорони «Ҷумҳурият» Абдурауф Раззоқов тафсилоти кашфиёти оламшумулро баён дошт. 

- Шодию тараби тантанаҳои бошукӯҳи 5500 – солагии Саразми бостонӣ ҳанӯз аз пеши назар нарафта, як пайки хуши бе муҳобот сенсатсионӣ даррасид: дар шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи ҳафриёт Шумо бо ҳамкоронатон қабре пайдо кардед, ки таърихи ин шаҳри бостониро дигар мекунад. Яъне, бозёфт синни онро 5000 сол мегӯяд. Қабр кай, дар куҷои шаҳр ва чӣ гуна пайдо шуд? Оё рост аст, ки қабл аз оғози ҳафриёти расмӣ дар он ҷо корди биринҷӣ ёфт шудааст?
- Аз саволи охиринатон оғоз мекунам. Ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев маро ба Душанбе даъват карда, корди қадимаеро нишон дода буд, ки далолат ба аҳди биринҷӣ дошт. Яъне, он тақрибан 50 аср пеш сохта шудааст. Чуноне маълум гашт, кордро сокини шаҳри Кӯлоб Амирхон Хоҷаев дар маҳаллаи Умари Хайём тасодуфан ёфтааст. Ба банда, ки 37 сол аст бо ҳафриёти Саразм машғулам, ин бозёфти шабеҳи Саразм хеле аҷиб буд. Он метавонист сароғози як кашфиёти бузург бошад.
Бинобар ҳамин, баъди таҷлили 5500 - солагии Саразм, ки бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳташаму хотирмон гузашт, бо тасмими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ гурӯҳи корӣ ташкил шуд ва ману ҳамкасбам Татяна Филимонова бо бостоншиносони ҷавон Парвина Муродова ва Ислом Ашурмамадов 3 октябр озими Кӯлобшаҳр гардидем ва муддати даҳ рӯз ҳафриёт гузарондем.

- Яқин, ки рӯзи аввал бо Амирхон вохӯрдед ва таърихи корди замони неолитро аз забони худаш шунидед. Ӯ чӣ нақл кард? 
- Вақте баҳорон барои хонасозӣ теппаеро канда ҳамвор мекунад, корд аз қабати хок мебарояд.

- Бозёфти шумоён низ аз ҳамин ҳавлӣ шуд?
- Бале. Дар қисми шимолии ҳавлӣ дар натиҷаи ковиши чандрӯза то чуқурии чор метр, ки соҳибхона нишони аҳди биринҷиро пайдо карда буд, расидем. Таҳқиқи гирду атрофи онро идома додем. Оқибат 11 октябр бахтамон хандиду қабр баромад, ки дар он ҷасаде бо шакли батнимодарӣ дафн шуда буд.

- Ҳамон тавре ки маликаи Саразмро пайдо карда будед?
- Бале. Яъне бо тарзи ба аҳди неолит хос, ки бостоншиносон асри гузашта дар Саразм, Эрон, Туркманистон, Афғонистон пайдо карда буданд. Лекин дар қарни кунунӣ ва дар шаҳри Кӯлоб ин нахустин бозёфти бузург аст.

- Даруни қабр танҳо устухони одам буд?
- Хушбахтона, не. Дар шафати ҷасад устухони сари гӯсфандро дидем, ки далели моли қурбонӣ буданаш аст, ки он замон барои шахси фавтида мекарданд. Дар тарафи рости қабр зарфи сафолӣ ва ду шаддаи ақиқ ёфтем, ки бо санъати баланд сохта шуда буданд. Дигар чизи аҷиб он аст, ки дар сангҳои гирд ранги аҳмарӣ пошида шуда буд. Дар як қисмаш лахча ҳам буд. Яъне, ҳангоми дафни ҷасад оташ афрӯхтаанд, ки дар замони сангу биринҷӣ маъмул буд. Ин аломатҳоро дар ёдгориҳои аҳди қадимаи кишоварзии Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик пайдо кардаанд. Ба ибораи дигар, ҳама бозёфти қабр ва дохили он ба охири ҳазораи 4 ва ибтидои асри 3 пеш аз милод пайванд дорад. Алҳол ин бозёфтҳо, ки шаҳодати таърихи тақрибан 5000 - солаи Кӯлобанд, дар осорхонаи шаҳранд.

- Чун қабр пайдо шуд, шояд чанде дуртар қабристон, инчунин  маҳали зисти кӯлобиёни аҳди қадимтарин ҳам бошанд? 
- Фикри банда низ ҳамин аст. Шояд зери хок қабристони калоне нуҳуфта бошад, ки мо аз канораш якеро пайдо кардем. Гузашта аз ин, бояд шаҳр ё деҳшаҳр - ҷои зисти одамон низ бошад. Одамоне, ки кишоварз, чорводор, маъдангудозу ҳунарманду тоҷир буданд.
Ҳама бозёфте, ки ба осорхонаи шаҳри Кӯлоб супурдем, ниёз ба омӯзиш доранд. Ба таҳқиқи антропологӣ, зоологию биологӣ ва ғайра. Дар он сурат, масалан, аниқ мешуд, ки устухони қабр аз мард аст ё зан, чанд сол дорад, ирқу нажодаш чӣ гуна.

- Гуфтед, ки бозёфти Кӯлоб шабеҳи Саразм аст. Чӣ иртиботи таърихиро миёни ду шаҳри бостонӣ мебинед? 
- Охири ҳазораи 3 то милод дар тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ хушксолӣ омад. Дар ин марҳила на танҳо саразмиён, балки қабилаҳои ҳамдавру ҳамҷавори онҳо, ки дар Туркманистони ҷанубӣ, Эрону Афғонистон мезистанд, манзили худро тарк карданд. Ба ҷойҳое рафтанд, ки об дошту ободӣ буд. Саразмиён низ кӯч бастанд.  Гурӯҳе ба самти Самарқанду Бухоро рафт, ки бозёфтҳои бостоншиносӣ инро исбот кардаанд. Якчанд бозёфти тасодуфан пайдокардаи одамон дар Кӯҳистони Мастчоҳ, деҳаи Арақчии ноҳияи Варзоб, ёдгориҳои Данғараю Фархор шабеҳи ҳаманд. Саразмиён ба чор тараф рафтанду муқимнишинию шаҳрдорию шаҳрсозии худро идома доданд. Дар Кӯлоб низ. Инро ковишу тадқиқоти минбаъда дақиқтар хоҳад кард. Як чиз яқин аст, ки ҳар пораи қаламрави Тоҷикистон нишоне аз таърихи куҳан, аз тамаддунофар будани  ниёгони бузургамон мебошад. Инро Кӯлоб – ҳамдавру ҳамзамони Саразм бори дигар собит намуд. Ковишҳои минбаъда ҳатман дар таърихи Кӯлоб, дар маҷмӯъ, таърихи Тоҷикистони маҳбуб саҳифаҳои боз ҳам пурарзиштар хоҳанд шуд.  

Мусоҳибон Меҳрангез ҚОДИРӢ,
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 152
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед