logo

иҷтимоиёт

ДӮСТОН, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД!

«Меҳргон яке аз куҳантарии ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст». Ин суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин шарҳи Меҳргонанд.

Ниёгони некном ва соҳибҳунари мо иду ҷашнҳои зиёд доштанд ва Меҳргон аз ҷумлаи се ҷашни асоситарин (Наврӯз, Меҳргон, Сада) аст. Дар сарчашмаҳои илмӣ ва хаттӣ оид ба Меҳргон маълумоти зиёде мавҷуд аст. Меҳргони меҳроини қадими аҷдодони мо дар назми дерини ҳазорсолаи порсӣ ҳам зиёд васфу тараннум гардида, аҳли мусиқӣ ва санъат, ҳатто оҳангҳои хоссаи «Меҳргонӣ» офаридаанд. Устоди суханварони олам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Меҳргонро чунин ситоиш кардааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухии Систонӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Асадии Тӯсӣ, Саъди Салмон, Қатрони Табрезӣ, Сӯзании Самарқандӣ ва пайравони дигари Рӯдакӣ низ иди Меҳргонро ёд ва ҷашни куҳани мардуми ориёинажод будани онро таъкид намудаанд.
Ин гувоҳи таърихӣ, ки Меҳргони қадимаи аҷдодони мо аз давраҳои куҳан бо шукӯҳи хос таҷлил карда мешуд, дар солномаҳои айём ва сарчашмаҳои баэътибори хаттӣ зикр гардидааст. Бино ба сарчашмаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, Меҳргон баробари инкишофи кишоварзӣ  арзи вуҷуд кардааст. Гузаштагони мо Наврӯзи дилситонро ҷашни оғози баҳору киштукор ва Меҳргонро рӯзи нахустини ҷамъоварии ҳосил ва анҷоми корҳои кишоварзӣ хондаанд.
Иди Меҳргонро гузаштагонамон тӯли якчанд рӯз пуршукӯҳ таҷлил менамудаанд. Анъанаҳои неки кишоварзону деҳқонон, оростани дастархон ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳз хоси ҷашни мазкур будаанд. Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) густурда, онро бо нону мевагиҳои шаҳдбор оро медодаанд. Кадбонувон аз ҳафт навъи зироат - гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепухтанд. Рамзи дастархон ва ороиши онро кишоварзон фоли нек медонистанд ва аз рӯи он солро бахосият мегуфтанд.
Истиқлолияти давлатӣ, ки худ неъмати бебаҳост, ба Наврӯзу Меҳргону Сада, анъанаҳои дигари халқамон ва расму суннатҳои мардум умри дубора ато намуд. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идҳои суннатию таърихии  аҷдодонамон аз нав эҳё гардида, Меҳргон - иди кишоварзон ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи заррин, бо шукӯҳу тантанаи ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.
Қобили таҳсин аст, ки Меҳргони халқҳои ориёӣ мисли Наврӯзи оламоро ба феҳристи мероси маънавии умумиҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст. Хеле хуш аст, ки ҳадафҳои Меҳргони меҳроин чун таҷассумкунандаи хони пурнеъмати кишоварзу деҳқон имрӯз ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастиву ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳамдиёрони мо Меҳргони некқадамро хуб писандида, онро бо иди меҳру муҳаббату рафоқату ваҳдату ҳамдилӣ, бародарӣ, бародарфаҳмӣ ва сулҳу осоиши бардавоми миллӣ ва дастархон оростану шукр ба ҷой овардан табдил додаанд. Ин ҳам натиҷаи сиёсати хирадмандонаю таваҷҷуҳи ҳамешагии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки асолати неки гузаштагонро пос медоранд. Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист,  ки  файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳи хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хидмат менамояд».

Ш. ХОҶАЕВ, директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ,
Т. ХОҶАЗОД, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 250
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед