logo

иҷтимоиёт

МИЛИТСИЯИ МАН – ҲОМИИ МАН!

Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ва, умуман, тоҷикистониён дар фароварди садаи ХХ соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ гардидаанд, ки асоси ҷовидонии ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо дар 29 соли даврони соҳибистиқлолӣ дастовардҳои хеле зиёд дорад ва муҳимтарину бузургтаринаш ҳамоно ҳифзи истиқлолият ва дарёфти сулҳу оштӣ мебошад.

Бо такя ба сабақҳои таърих, хосатан иродаи қавӣ ва сарсупурдагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем ва нуфузу эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем. Маҳз тавассути хизматҳои бемисли Пешвои миллат Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Бояд зикр намуд, ки дар баробари ҳама ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба чунин имтиҳону озмоиши таърихи даҳшатбори миллат, ки ибтидои солҳои 90 - уми асри ХХ, бо таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифта буд, рӯ ба рӯ гардид. Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савгандро ифшо намуд.
Аз ибтидои истиқлолият дар тамоми давраи ҷанги шаҳрвандӣ кормандони милитсия аз осудагиву амнияти кишвар пуштибонӣ мекарданд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қарор доштанд. Дар мамлакат даҳҳо ва садҳо гурӯҳҳои хурду калони ғайриқонунии ҷиноятпеша амал мекарданд, ки сулҳу субот ва оромии кишварро намехостанд. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, нарасидани маош, хӯрокворӣ, либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, инчунин, ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату буҳронии рӯҳию ҷисмонӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар корманди худро аз даст додааст, ки, албатта, имрӯз ёди онҳоро бо некӣ ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин солҳои мудҳиши таърихи миллат, бо вуҷуди фалаҷ будани ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин, бо падидаҳои нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, коррупсия, ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз яроқи оташфишон ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гардид, ки дар замони пешин ба чашм намерасиданд. Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонӣ андешидани чораҳои нав ба нави фаврӣ, интихоби роҳу усулҳои нави мубориза, таъсиси шуъбаву раёсат ва ҷузъу томҳои нав ба навро дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва қабули меъёру санадҳои ҳуқуқиро тақозо дошт, ки албатта, бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи он низ сарбаландона баромада, имрӯз ба як сипари боэътимоди миллату давлат табдил ёфтааст.
Онҳо мебоист ҳам гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпешае, ки сулҳу оштии миллиро қабул надоштанд безарар мегардонданд ва ҳам барои тантанаи сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат менамуданд. Воқеан, аз лиҳози таҳлили вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад, давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд. Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин, пеш аз ҳама, он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчи бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва, умуман, ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд, ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ки на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем. Имрӯз мо кормандони милитсияи тоҷик ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбӣ намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ кору фаъолият менамоем.

Авазшо ҲАБИБУЛЛОЗОДА,
курсанти Академияи ВКД,
милитсияи қаторӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 470
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед