logo

иҷтимоиёт

11 ОКТЯБР. РӮЗЕ, КИ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН БО ҲАРФҲОИ ЗАРРИН САБТ ХОҲАД ШУД

11 октябр, рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе фазои идона дошт. Кӯчаҳои пойтахт тозаву озода, аз ҳар гӯша садои суруду мусиқии рӯҳнавоз ба гӯш мерасид. Хусусан, субҳи содиқ шунидани Суруди миллӣ, ки аз оғози ботантанаи интихобот гувоҳӣ медод, рӯҳияи мардумро болида месохт. Мардум дар фазои орому осудаи кишвар, бо мақсади созанда ва бо ифтихори баланди ватандӯстиву ватандорӣ гурӯҳ - гурӯҳ  ба участкаҳои раъйдиҳӣ омада, номзади арзандаи худро интихоб менамуданд. Участкаҳои раъйдиҳии серодам гувоҳӣ аз он медоданд, ки  шаҳрвандон нисбат ба фардои худ ва кишвари хеш бетараф нестанд ва барои рушду нумӯи минбаъдаашон талош менамоянд.

Участкаи интихоботии № 55, ки овоз додам, дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир буд. Дар рафти интихобот навгониҳои зиёде ба чашм расиданд.
Қабл аз ҳама, мехоҳам ёдовар шавам, ки  дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи нав кор гирифта шуд. Чунончи, бо вуҷуди он, ки барои интихобкунандагон қаблан  хабарнома фиристода шуд, раъйдиҳандагонро тариқи паёмакҳои телефонӣ низ аз рӯзи интихобот огоҳ намуданд. Нуктаи ҷолиби дигар - ташкили хонаи модару кӯдак мебошад ва он қобили таҳсин аст. Аз соати 6:00 то 20:00  идома ёфтани интихобот барои мардум имконияти хуб фароҳам овард, ки дар он иштироки фаъол дошта бошанд. Яъне, мардум, хусусан онҳое, ки дар рӯзҳои истироҳат низ кор мекунанд, тавонистанд пеш аз кор рафтан ё баъди он ба участкаҳои раъйдиҳӣ омада, номзади арзандаашонро интихоб намоянд.
Умуман, рафти интихобот маълум намуд, ки масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи  муҳими сиёсӣ омодагии ҷиддӣ дида, барои шаффофу  демократӣ гузаштан ва эҳтироми ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешидаву пиёда сохтаанд.
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ҳифзи сиҳатии мардум аз вируси COVID -19 аст. Раванди интихобот нишон дод, ки  маърака бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид. Намояндагони участкаҳо пеш аз он, ки шаҳрвандон вориди бино шаванд, вазъи солимии онҳоро санҷида, дастонашонро бо маводи зиддиуфунӣ безарар мегардонданд.
Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан барои ҷавонони синни 18 – сола, рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда буд. Онҳоеро, ки бори аввал дар интихобот ширкат доштанд, дар участкаҳои интихоботӣ бо гулдаста пешвоз гирифта, барояшон туҳфаҳои хотирмон низ тақдим намуданд. Аз рӯҳия ва чеҳраҳои хандону чашмони дурахшони ҳар нафар  пай бурдан осон буд, ки онҳо танҳо бо як мақсад – ба рушди ояндаву шукуфоии Ватани ҷоноҷонашон раъй медиҳанд. Оилаҳои ҷавон бо кӯдакони худ, бобову бибиҳо бо набераҳояшон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд, ки ин амал худ як навъ тарбия буда, дар худ ҳикмате дорад. Бо ин роҳ ба фарзандон масъулиятшинос буданро меомӯзонанд, ки Ватан муқаддас аст ва шаҳрвандон набояд ба ояндаи он бетафовут бошанд. Умуман, интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар он  бори дигар собит намуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик муттаҳиданду ҳеҷ бадхоҳе наметавонад онҳоро дигарбора парешон созад ва ба мақсаду орзуҳои номатлубу ғаразнокаш бирасад.

Барноз РАҲМОНШОЕВА, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 240
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед