logo

иҷтимоиёт

САРХАТИ АШЪОРИ ГӮЁ

Ҳар кас вақте ба дунёи зебову нотакрори шеъри Сергей Есенин ворид бишавад, дармеёбад, ки табиат ӯро маҳз барои шеър офаридааст. Шеър, воқеан, бо ҳастияш ҷилваи тоза касб кард.
Ҳолиё ман ҳам дар тааҷҷубам, ки ин қадар ҳиссиёти баланду бузург чӣ гуна дар вуҷуди як инсон ҷойгузин шуда метавонад. Муродам дар ин маврид, албатта, ҳамин шоир аст, ки Русро ба оламиён ба тарзи дигар, дӯстдоштанӣ муаррифӣ кард.
Барҳақ, мо Русро бо ҳамаи зебоиҳову дилрабоиҳои нотакрори деҳоташ, самимияти мардумаш ба василаи ашъори ҷовидонаи Сергей Есенин бештару беҳтар шинохтем.
Эҳсоси баланд ва тахайюли зеборо наметавон ба василаи хониш ба даст оварду соҳиб гардид. Ва мушкилтар аз он ин аст, ки онро дар суханҳо, калимаҳо ҷой медиҳӣ, балки ноаён занҷирбанд мекунӣ.
Шеъри ӯ қудрати як инсони огоҳу комилро рӯбарӯи мо ба намоиш мегузорад. Ҳар як калима, ҳар як ибораи ашъораш бо он, ки як ҷаҳон маъно дорад, як ҷаҳон дардро, андуҳро, тарсро, пушаймониро низ рӯбарӯи ҳаводоронаш мегузорад. Дилҳои бас сангеро ҳам ин ашъори ҷаззоб метавонад об бисозад.
Аз ӯ ёдовар мешаванд, ки қироати ашъораш аз ҷониби худаш дилҳоро ба риққат меовард ва чашмҳоро пуроб месохт. Тарзи хонишаш низ хоси худаш ва нотакрор буд. Албатта, хондани ашъори адиб бисёр хуш аст, аммо шунидани онҳо аз забони шоир, хосса Сергей Есенин, тавре ки зикр кардаанд, кайфияти дигар дошт.
Ҳар нафаре, ки дар даврони мо ошиқу дилдори ашъораш аст, аз он афсӯс мехӯрад, дар замони Сергей Есенин набудааст ва ӯро надидаасту нашунидааст. Шоири рангинхаёлу навовару деҳотӣ мегуфт: «Ман он чиро мебинам, ҳамонро менависам». Модар дар посухаш хомӯширо ихтиёр мекунад, балки намехоҳад ва наметавонад ҳарфе бигӯяд. Не, балки муҳаббати беандозаи дуҷонибаи фарзандиву модарӣ намегузорад.
Рашк дар вуҷуди ӯ нишони муҳаббати бузургаш буд. Ин падидаи вуҷуди одамӣ, агарчи барои дигарон манфӣ арзёбӣ мешавад, барои шоирони асил, аз ҷумла барои Сергей Есенин, мусбат аст.
Рашк дар вуҷуди шоир эҳсосро, ки барои шеър бисёр муҳим аст, балки як рукни аслии он мебошад, бармеангезад ва ҳам меафзояд. Инчунин, беҳтарин нигаҳдорандаву посбону муҳофизи эҳсоси баланди шоирӣ аст.
Дар бораи зиндагонии шоирон, хосса дилдодагони ин шоири оламшумул ва ҳамзамон дӯстдори Рус, андешаҳои гуногун иброз доштанд, ки на ҳамаи онҳо неканд. Ба шахсият, ҳусну тароват, бегонагии онҳо, аммо набояд баҳо бидиҳем. Бояд аз худ бипурсем: онҳо чӣ таъсире дар шеъри шоир, Сергей Есенин, гузоштанд? Таъсирҳо нек буданд ё бад? Албатта, дар ин маврид посух мусбат хоҳад буд.
Асрори баъзе аз шеърҳои Александр Блокро ба ифтихори таҷлили 100-солагиаш соли 1980 дар ҳафтавори «Литературная Россия» маъшуқаи 95-солаи ӯ кушода буд. Он навишта, бешак, барои муҳаққиқони ин нобиғаи адабиёти рус беҳтарин мавод ва далел буда метавонист.
Сергей Есенин гоҳо ин суханони ҳикматомезро мегуфт: «Одамӣ мехоҳад, ки ҳама чизро бубинаду бидонад, ба он хотир, ки баъд онҳоро аз ёд бибарад». Бешак, дар аввал ин як сухани одӣ ба назар мерасад, аммо агар нек биандешем, ба андарзу ҳикмати он пай мебарем. Ҳамзамон, дармеёбем, ки он дарди бедармони инсонҳои асиланд. Инсонҳое, ки ба дунё аз даричаи маърифат ва андуҳ менигаранду бевафоии онро, умрро, зиндагиро ва ҳам бархе аз шахсони атрофро, ҳамзамононро бо ранҷҳои бузург ҳис мекунанду дарк менамоянд. Бо эҳсосу дарки ин хақиқат зиндагии шоир, шоири асил, чӣ ранге дошта метавонад? Посух  ба  ин пурсиш бисёр душвор аст ва дар баъзе ҳолату маврид номумкин. Рӯзгору ашъори Сергей Есенин бар ин гувоҳи равшан аст ва ҳеҷ гуна исбот намуданро хостор нест.
Сухану баёни кӯтоҳро ин шоири асилу маҳбуби рус ва тамоми миллатҳои ҷаҳон дӯст медошт ва изҳор медошт, ки он аз сухану баёни дароз беҳтару муфидтар мебошад. Ин як изҳор тамоми ҳаводорону муҳаққиқони ашъорашро  водор месозад, ки ба умқи маънои ҳар калимаву ибораашу сатру байташ бирасанд, то Сергей Есенини асилро бишиносанду дарёбанд. Аз пурсишҳои ӯ аст: «Шумо мепиндоред, ки шеърҳои ман лозиманд, заруранд? Ва, умуман, санъат, балки худи шеър, лозим аст, зарур аст?» Ин ду пурсиш, ки, аслан, як пурсиш ба шумор меравад, бе посух мебошад. Балки худи ӯ имкон надод, ки посух бигӯянд. Посухи як ҳамқалам, як ҳамзамон, як шахсияти бузургу нотакрори Рус ва ҷаҳон бисёр муҳим буд ва ҳам омӯзанда.
Чӣ интизор дошт? Ва аз чӣ метарсид? Аз посухи манфӣ?
Вақт исбот сохт ва ҳам посухро ба пурсишаш дод, посухи мусбатро, ки «оре, бисёр муҳим ва зарур аст».
Ӯ, Сергей Есенин, ба шеър, ба санъати асил шуҳрат бахшид ва ҳам шеър ва санъати асил ӯро умри ҷовидон бахшиданд, маҳбуби мардум гардонидашон.
Барои ӯ меҳри табиат дар адабиёти Рус ва ҷаҳон, инчунин, дилҳои ҳаводорони шеъри асил ҷойи махсусро барои ҳамеша гузошт.
Ба яқин, шоире, ки беш аз сад сол шеъраш, меҳраш, муҳаббаташ зинда мемонад, ҳеҷ гоҳ, баъди садсолаҳо низ намемирад. Баръакс, аз зиндаҳо ҳам зиндатар мешавад, то Рус ҳаст, забони русӣ ҳаст, шеъру санъат ҳаст, аз Сергей Есенин на танҳо Рус ва русзабонон, балки тамоми миллатҳои ҷаҳон ёд меоранд. Аз суханони ӯст, ки ин ҳақиқатро зебо собит месозад:
Бархоста бо тамоми қомат.
Дар такяи шоирони худ Рус.
Рус барояш танҳо як Ватан нест, балки ҳама чиз аст. Бо он шод аст ва ҳам ғамгин. Агар дар дигар мулк аст, бо ёди он ғам мехӯрад.
Ба тақдираш, ба сарнавишташ наметавонад бетафовут бошад ва ё чун раҳгузаре ба он бинигарад.
Дар дили ман аз Ватан ғамбода аст,
Чунки худ ғам мехурад монанди мо.
Ва ё:
Бо раҳи вайронае беихтиёр,
Ашкрезон ман равонам аз Ватан.
Ин шоири зодаи деҳоти Рус аз он ранҷ мебарад, ғам мехӯрад, ки зодгоҳаш, умедаш бетоб аст. Албатта, барои шоири баркамол дидани ин ҳол бо ёдоварии даврони бачагӣ, шахсони солхӯрда, шиносҳои дерин, обу ҳавои форам, дарахтони пургулу пурмева, тирамоҳи зарринрӯву тиллоӣ ва модари азизашу наздикону пайвандонаш бас риққатовар мебошад.
Хонадони падарӣ омадаам,
Деҳаро менигарам, бетоб аст.
Тумани ҷингиламӯи пурнам
Дар паси бому дари ӯ хоб аст.
Аз тасвирҳои зебои Сергей Есенин деҳоти Рус пеши назар меояд. Ҳар хонанда, ин умедро пас аз он ба дил мепарварад, ки як бор, ақаллан як бор онро бубинад. Камтар, бисёр камтар аз шуарои ҷаҳонро ин ҳунар, ин истеъдод насиб гардидааст, ки бо самимият, эҳсоси баланд, тасвирҳои нотакрор, тахайюлоти рангин хонандаашро сеҳр бисозад. Ва ҳам собит бисозад, ки ҳеҷ як гӯша зеботару дилработар аз деҳи ӯ, Рус - кишвари азизаш нестанд.
Ҳавои Рус боронист,
Заминаш бӯи каҳ дорад,
Ман аз рӯзаш намегӯям,
Шабаш як пора маҳ дорад.
Заминеро, ки бӯи коҳ дорад, танҳо шоире метавонад бубинаду бишамад, ки зодаи он деҳ бошад.
Дар назар шояд ин як гуфтаи одӣ намояд, дар асл, то ин ҳақиқатро бо тамоми вуҷуд набиниву эҳсос накунӣ, тасвир карда наметавонӣ.
Шабҳои зиёдеро мо дар деҳаҳои худ дидаем, ки пораи маҳ доштанд. Моҳ дар ин ҳол ҳамаро фаро мегирифт, мегуфтӣ, ки ҳокими мутлақи шаб моҳ аст.
Барои ҳар хонандаи ин шеъри Сергей Есенин зебоии шаб, пораи моҳу осмон ва дашти беканоре, ки бӯи каҳ дорад, бештару беҳтар кашф мегардад.
Ба чашми шоир дидани ин манзараҳои зебову нотакрори Рус шукӯҳу ҳусну таровати дигар дорад.
Дар кишварҳои зиёде агар ҳам умр ба сар мебурд, вале бо ёди Рус ва деҳоти зебои он буд.
Ба гузаштаи Рус ва деҳоташ, одамонаш, гуфторашон, бисёр таваҷҷуҳ мекард. Бо пиразанҳову пирамардҳо менишаст, аз гузашта мепурсид. Сари ҳар калима бо истифодаи қадимиаш меандешид ва дар ин хусус савол медод. Посухҳо тааҷҷубашро меафзуданд. Даврони худро ба даврони рафта муқоиса менамуд, то асолати Рус ва рус барояш бештар ошкор бишавад, ҷилваи ростин бикунад. Шунидани ин сухан аз забони куҳансолон барояш ҳам гуворо ва ҳам риққатовар буд: «Мо одамони пирем. Ҳамин гуна зарур будааст. Ҳоло бошад, замони нав аст, дигар аст». Дар ин суханон носозгории замони навро нисбат ба ин мардум, яъне пиронсолон, медид. Ин дардҳои пурсӯзеанд, ки танҳо шоир, хосса шоире чун Сергей Есенин, мебинаду эҳсос мекунад ва шарики ранҷҳои ин мӯйсафедон мегардад. Бегумон, онҳо баъдҳо дар вуҷуди шоир афзуданду рӯ заданд ва ба шеърҳояш роҳ ёфтанд. Табиист, ки танҳо шаклҳояшонро дар ҳарфҳо, калимаҳо, ибораҳо, мисраъҳо дигар кардаанд.
Модари азизаш аз ҳузури фарзандаш, шоири Рус, ифтихор мекард. Ӯ ёдовар мешавад: «Ба хона омада, шеърҳояшро бароям хонд. Дар ин ҳол ӯ шоири баркамолу маъруфу шинохта буд. Бароям гуфт, ки ҳеҷ як сухани шоир дар шеър набояд зиёдатӣ бошад».
Ба деҳа, зодгоҳаш, ки мерафт, барои деҳқонон низ шеърҳояшро аз рӯи муҳаббате, ки ба онҳо дошт, мехонд.
Дар як шеъри ӯ ба унвони «Номае барои хоҳарам» муҳаббати ӯ, самимияти ӯ ба деҳаш, зодгоҳаш бисёр равшан аст:
Аз Александр гирифтам дина рӯз
Коғазе аз чанд сатри норавон,
Ман варо гаҳ хонда, гаҳ бӯ мекашам,
Бӯи деҳ меояд аз ҳар сатри он.

Хоҳарам, эй хоҳарам!
Эй хоҳари ҷонам, салом!
Гарчи дар сад шаҳри дунё зиндагӣ кардам,
Ҳанӯз,
Ҳамчунон рустоии деринаам.
Хештанро атру анбар мезанам,
Хоку обу деҳа меояд ба ёд,
Мешавам ман шоду ношод.

Сабзаҳоро дида дар пушти дарам,
Боз ман фикри Риёзон мекунам.
Дар хумори деҳа ҳамчун кӯдаке
Хешро ҳар лаҳза гирён мекунам...

Гарчи оби дида дорад ин хаёл,
Саргузашти кӯдакиҳои ман аст.
Шодию ғамҳои нотакрори ӯ
Сархати ашъори гӯёи ман аст.
Хоҳараш ҳам дар хотираҳояш сабт кардааст, ки бародараш қиматтарину маҳбубтарин меҳмонашон буд, ҳатто омаданаш ҳам на танҳо барои онҳо ғайримуқаррариву ғайриинтизор, балки барои тамоми аҳли деҳа маҳсуб мешуд. Албатта, ба маънои некаш. Дар рӯи фарш ҷомадони кушодааш ва дар назди тиреза китобҳояш ҷой мегирифтанд. Пас аз рӯзе тағйирот ба амал меомад. Дар толори хона эҷод мекард ва дар анбор мехусбид. Хоҳараш махсус таъкид менамояд, ки бо омаданаш ҳатто ҳавои хона тағйир меёфт, дигар мешуд. Дар болои мизи корияш баъд аз китобҳо, коғазҳо ва қаламҳояш буд. Аксар вақт бо қалам менавишт, аз хомаву давот ба нудрат, бисёр кам истифода мекард. Ба ҳангоми хастагӣ аз кори эҷодӣ суруд мехонд.
Зиндадил будааст. Ҳузураш ба хона табъҳоро шод менамуда, ҳолати мавҷударо идона мекардааст.
Муносибату муҳаббаташ нисбат ба модар аз шеърҳояш равшан ба назар мерасанд. Ин муносибату муҳаббат хоси Сергей Есенин аст, хоси як шоири огоҳу бедордил ва дӯстдори Ватан, ки барояш ҳукми модарро дорад. Аз шеъри «Мактуб ба модар»-аш аст:
Зиндаӣ то ба ҳанӯз, эй кампир?
Ман дуогӯи сари сахти туам.
Дар ҳама рӯи ҷаҳони дилгир
Ҷуз хаёли ту надорам ҳамдам.

Хабар омад, ки ту бо дидаи чор
Аз дари кулбаякат ҳар хуфтан
Мебароӣ ба сари раҳ ночор
Куртаи куҳнаи рустоӣ ба тан...

Пас аз ин об макун аз ғами ман
Дилу ҷону ҷигаратро, модар,
Куртаи куҳнаи рустоӣ ба тан
Набаро бар сари раҳ бори дигар.
Ин охирин шоири рустоӣ ё деҳотӣ, ба қавли худаш, агар ҳам дар ҳар куҷои дигар бошад, бо хаёли деҳа нафас мегирад. На танҳо нафас, балки:
Ман агар дар ғарибиҳо монам,
Мекунам аз хаёли деҳа кафан.
Ӯ зиндагиномаи худро, муҳаббату самимияташро ба деҳа, пайвандон, хоҳари бисёр азизаш ва рӯзгори ғарибӣ, мушкилоти ҳастӣ дар ин чанд сатр бисёр зебо, дақиқ ва равшан бозгӯ кардааст:
Ҳар кӣ дур афтода ночор
Ҳамчу ман аз хоҳари ғамхори хеш,
Тӯсҳоро дида гирён мешавад беихтиёр.
Хоҳарам, эй хоҳари якдонаам!
Зиндагӣ осон набудаст,
Марг ҳам.
Баски кас дар зиндагии ман намебинад барор,
Дӯстонам ҳар замон кам мешаванд,
Байтҳои ишқии ман
Дар забонам оҳи сарду дар дилам ғам мешаванд.
Сергей Есенин зиндагии душвореро ба сар бурд, агарчи он ба сол зиёд набуд. Ба кишварҳои зиёде сафар кард. Талхиҳои рӯзгорро бештару бештар чашид. Дар Ватан, дар Рус, аммо таҳаммули ҳама ғам, шикастҳои рӯзгор барояш осон менамуд. Ва аз ин бо ифтихор гуфтааст:
Дар ин ҷо дурам аз ғавғои олам,
Нахоҳам хӯрд аз бешу кам афсӯс.
Азобе  ҳам кашам, парво надорам,
Бувад ширин азоби кишвари Рус.
Дар айни ҷавонӣ ва камолоти эҷодиаш даврон бо ғалабаи Инқилоби Октябр тағйир ёфт, дигар шуд. Қабули таҳаввулоти зиндагӣ, дигар шудани диду фарҳанг ва муҳим барои шоир шеър пур душвор буд, вале дигар илоҷе ҷуз қабул ба зоҳир надошт. Ӯ худ дар ин хусус навиштааст:
Агарчанде дигаргун гашта даврон,
Дигаргун гаштаам ман ҳам ба оин.
Валекин будаму монам ғазалхон,
Суханпардози манзилҳои чӯбин.
Гилаи ӯ аз ин даврон пурҳасрату риққатовар мебошад. Бо хондани сатрҳояш аз ин боб андуҳи гаронашро бо чашми хаёл мебинӣ ва шарики дардҳояш мешавӣ. Охир, ин дардҳои як одам ва ҳазорон одами одӣ нест, дардҳои як шоир аст. Як шоире, ки баъдҳо миллионҳо чи дар Рус ва чи берун аз он ошиқи ашъораш, навиштаҳояш шудаанд. Ва ҳам Рус бо он ифтихор карду мекунад. Ин ифтихорро, бешак, сазовор мебошад. Агарчи:
Ки даврон бо мани чун рӯҳи нохуш
Надорад он қадар меҳру муҳаббат.
Бо ин ҳама таманнои ӯ дигар аст, нек аст, пур аз муҳаббату самимият аст. Дар Рус, дар Ватан будан барояш шараф аст, шарафи бузург.
Вале аз рӯзгори тоза хуррам,
Ман аз тақдири худ дорам таманно,
Агар хоҳӣ, ки ман осуда мирам,
Маро мон дар Ватан бо ҳамватанҳо.
Агарчанде шоири асил дар кӯраи оташи рӯзгор, бо ҳама сахтиҳо, ранҷҳо обу тоб меёбад, рушд мекунад, таҳаммули ин ҳама баъдҳо бар пасиниён пур мушкил меафтад. Аксар ин шоирони русу Рус ин пайроҳаро ба сахтиҳо ночор тай кардаанд. Ташнаи меҳрубонӣ, дастгирии хосса буданд. Афсӯс, ҳамчунон ташналаб ва бо хориҳо аз ҷаҳон даргузаштанд. Ва ҳам пеш аз он дар зери бори вазнини рӯзгор монданду фарёдҳояшон ба гӯшҳое, ки бояд бишнаванд, нарасиданд.
Марги иҷбории Сергей Есенин ин ҳақиқатро бори дигар собит сохта буд. Киро зиндагӣ хуш намеояд, ки маргро мехоҳад, маргро ба ёрӣ даъват мекунад? Ин гуна гуноҳҳо гуноҳҳоеанд, ки масъулони вақт ҷазоҳои онҳоро аз таърих, инсоният мекашанд. Бешак, агар онҳо имрӯз зинда мебуданд ва медиданд, ки 125 - солагии шоир, махсусан, дар Рус бошукӯҳ таҷлил мегардад, аз карда, аз муносибатҳои бади худ бо ӯ пушаймон мешуданд ва ҳазорҳо бор афсӯс мехӯрданд.
Дар сурате, ки муҳаббати оламиёнро ба ин шоири ҷавонмарг аз ашъори ҷовидонааш эҳсос мекарданд, розӣ мешуданд, ки дар пеши пои ӯ сари таъзим фуруд биёваранд, пӯзиши гуноҳҳояшонро бихоҳанд.
Фикр мекунам, ки ин ҳақиқатро ба рӯзи маргаш, хосса он замон, ки аз субҳ то ба шом, балки шаб низ, шумораи видоъкунандагон бо шоири асили Рус кам намегардид, дарёфта буданд.
Видоъкунандагон 31 декабри соли 1925 пеш аз он, ки ҷисми беҷони шоирро ба тобут ба хок, ба гӯристони Ваганково бисупоранд, онро аз даст ба даст гирифта, ба гирди ҳайкали Александр Сергеевич Пушкин, сардафтари адабиёти классики рус, гардонданд. Ин рамзи эҳтироми олӣ ба адабиёт, шеъри русу Рус ва эътирофи истеъдоди нотакрори Сергей Есенин буд.
Ин шоири асили рангинхаёлу дӯстдори Руси бузург дар як пораи шеъраш ба ин маънӣ муҳаббаташро ба Ватан иброз доштааст: Агар рӯҳонӣ бо фарёд аз рӯи дилсӯзӣ бигӯяд, ки аз баҳри Рус бигузар ва дар биҳишти ҷовидон бизӣ, дар посух ба ӯ ҳатман хоҳам гуфт: «Ман биҳишти ҷовидонро намехоҳам, ба ман Ватанамро бидиҳед».
Дар ҳақиқат, Ватан, Руси бузургаш, наметавонад, ин гуна шоири дӯстдорашро дӯст надорад ва ба ӯ эҳтироми махсус қоил нашавад.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 94
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед