logo

Хабарҳо

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

Тавре медонем, чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент қарор доштанд. Дар ин бостоншаҳр, дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ Пешвои миллат дар деҳоти Саразм мактаби навбунёдро ба истифода дода, дар тантанҳои Ҷашни 5500-солагии шаҳраки Саразм ширкат намуданд.
Зимнан, бояд гуфт, ки деҳоти Саразм яке аз калонтарин деҳоти шаҳр ба ҳисоб рафта, зиёда аз 34 ҳазор аҳолӣ дорад.
-  Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Сарвари давлат ба деҳоти мо ташриф оварда, бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-ро (барои 1280 хонанда дар ду баст) бо тамоми шароити замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Як нуктаро бояд гӯям, ки то ба истифода додани ин мактаб хонандагон, ки шумораашон ба 850 нафар мерасид, дар бинои хурди якошёна таҳсил мекарданд. Бо сабаби норасоии ҷойи нишаст таълим дар се баст сурат мегирифт, - иброз дошт Дилнавоз Султонова, раиси Ҷамоати деҳоти Саразм. – Мактаби якошёнаро низ 15 сол қабл Пешвои миллат барои сокинони зарардида аз офати табиии деҳоти Шинг, Рӯдакӣ ва Хурмӣ, ки ба шаҳраки Саразм кӯчонда шуда буданд, ифтитоҳ намуда буданд. Акнун, бо қомат афрохтани муассисаи нав мушкили омӯзгорону хонандагони шаҳраки Саразм ба пуррагӣ ҳалли худро ёфт.
- Сокинони заҳматдӯсти деҳоти Саразм аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва омодагӣ ба Ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ манзилҳои истиқоматиашонро таъмиру навсозӣ карда, шиору овезаҳои таранумкунандаи ҷашнӣ насб намуданд. Бо шарофати қудуми мубораку файзбори Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳот куллан ободу зебо гашт, - иброз дошт Дилнавоз Султонова. - Имрӯз мамнуъгоҳи бостоншиносии Саразм ба макони дилписанду истироҳатӣ ва дӯстдоштаи бошандагон ва сайёҳон табдил ёфтааст. Ҳамарӯза истиқоматкунандагони деҳот барои истироҳату фароғат ба ин ҷо меоянд.
Барои фархунда пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот 29 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ҳол 13 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмон ва навсозии дигар иншооти ҷашнӣ бомаром ҷараён дорад.
Шуғли асосии сокинони ин деҳот кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Дар баробари дигар зироатҳо сокинони меҳнатқарини деҳот барои таъмин намудани бозори дохилӣ имсол нақшаи кишти картошка, ки 750 гектар пешбинӣ гардида буд, барзиёд иҷро намуданд.
Мавсими имсола барои шолипарварон бобарор омад. Ҳосили шолӣ нисбат ба дигар солҳо зиёдтар шуд, аз 210 гектар шолизор деҳқонон аз ҳар гектар то 100 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Дар деҳот 450 гектар токзор аст, ки асосан ангурҳои навъи кишмиши сиёҳу сафед мебошад. Ангурпарварон бештар онро мавиз карда, ҳам бозори дохилиро таъмин ва ҳам содирот мекунанд.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 333
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед