logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсонаро чунин омадааст:
“Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
 Аз номи мардум ва Ҳукумати Бразилия,  Шуморо Ҷаноби Олӣ барои аз нав интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Ба Шумо, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳоятон дар марҳилаи нав, муваффақияти комил таманно намуда, Шуморо дар бораи қатъияти қарорам, ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Шумо – Ҷаноби Олӣ, баҳри таҳкими муколама ва ҳамкориҳо байни ҳар ду кишварамон бовар мекунонам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ эҳтироми олӣ ва хосаи маро пазируфта бошед”.

Президенти Венгрия Янош Адер дар номаи шодбошии худ ба унвони Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед, ки аз номи шаҳрвандони Венгрия ва аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таъмини амният ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозад. Ба Шумо итминон медиҳам, ки Венгрия минбаъд низ ба рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба, инчунин, таҳкими ҳамкории байни ду кишвари дӯст содиқ хоҳад монд.
Ҷаноби Президент ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам”.

Дар табрику таҳнияти Президенти Украина Владимир Зеленский чунин омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Аз номи мардуми Украина ва, шахсан, аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели бовари мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо метавонем ҳамкории байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардорем,  ки ба манфиатҳои ҳар ду кишвар созгор аст.
Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам”.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2020    №: 210    Мутолиа карданд: 228
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед