logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Милош Земан, Президенти Ҷумҳурии Чехия:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед Шуморо ҷиҳати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.
Бо камоли майл аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам бовари устувори худро ҷиҳати он ки муносиботи ҳасанаи анъанавии байни кишварҳоямон минбаъд ҳам муваффақона идома хоҳанд ёфт, иброз намоям.
Ба Шумо – муҳтарам Ҷаноби Президент, қабл аз ҳама, саломатии бардавом ва дар кору ҳаёти шахсиатон муваффақиятҳои фаровон таманно дорам”.

Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср:
“Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Пас аз дуруду салом, боиси фараҳмандии инҷониб аст, ки паёми шодбошии худро ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти кишвари дӯсти Тоҷикистон арз намоям.
Ман мутмаинам, ки аз нав интихоб шуданатон барои муҳлати нав ба мансаби президентӣ ин шинохти воқеии Шумо – Ҷаноби Олӣ ба шумор рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати идома додани ин рисолати сермасъул эътимод ва бовар доранд.
Ҳамчунин, ҷаноби Президент, мехоҳам рағбати инҷонибро ба ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямонро дар солҳои оянда бар нафъи ду ҷониб таъкид намоям.
Ҷаноби Олӣ ба Шумо сиҳатмандӣ, бахту иқбол ва комёбиҳо дар иҷрои вазифаи ба уҳдаатон гузошташуда, ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештарро таманно дорам”.

Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш:
“Ҷаноби Олӣ!
Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо аксарияти мутлақи овозҳо ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон, табрику муборакбод намоям. Ин пирӯзӣ далели изҳори эътимоди мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвоии Шумо мебошад.
Бовар дорам, ки муносиботи гарми мавҷудаи байни Бангладешу Тоҷикистон дар давраи роҳбарии Шумо ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам идома хоҳанд ёфт. Ман ба ҳамкории зичи мо дар таҳкими равобити тарафайн бар нафъи мардумонамон умед мебандам.
Ба Шумо саломатии қавӣ, умри дарозу хушбахтӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи пойдор, тараққӣ ва шукуфоӣ хоҳонам.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, эҳтиромоти фоиқаи инҷонибро бипазиред”.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2020    №: 211    Мутолиа карданд: 234
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед