logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ 8 КИШВАРИ АМНТАРИНИ АҚСОИ ОЛАМ

Маркази байналмилалии омӯзиши афкори умум «Gallup»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як раддабандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро шомили феҳристи 8 кишвари амнтарини сайёра кардааст, ки шаҳрвандонаш худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд.
Тадқиқоти 2020 Global Law and Order 144 кишвари дунёро фаро гирифта, раддабандӣ бар асоси назарпурсии соли 2019 дар ин давлатҳо таҳия шудааст. Ҳудуди 90 дарсади пурсидашудагон посух додаанд, ки худро дар Тоҷикистон дар ҳоли амну бехатарӣ эҳсос менамоянд.
Тибқи ин нишондод Афғонистон (12), Габон (28) ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (29 дарсад) ноамнтарин кишварҳо номбар мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар индекси «волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ»-и пажӯҳиши «Gallup» Тоҷикистон бо 91 хол дар зинаи 12-ум ҷой гирифтааст.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ бошад, баъди Ӯзбекистон мамлакати мо дар мақоми дуюм қарор дорад.   
Боиси зикри махсус аст, ки ин маротибаи аввал нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати суботкорона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин назарпурсиву рад-дабандии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ бо фазои ҳукумрони осоишта қобили таваҷҷуҳ ва сазовори  мақоми шоиста мегардад. Соли гузашта низ дар натиҷаи назарпурсии Маркази байналмилалии омӯзиши афкори умум «Gallup» мавқеи 2-юмро ишғол намуда буд.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 410
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед