logo

сиёсат

ВАҚТЕ МАРД САВГАНД МЕХӮРАД...

Қобили зикр аст, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсоз тақдири давлату миллати хешро бар дӯши худ гирифта, ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардондаанд. Воқеан, ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони пасошӯравӣ Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо  умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат, ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд. 
Пӯшида нест, ки дар оғози солҳои 90-уми асри 20 дар сиёсати ҷаҳонӣ тағйироти куллие ба вуқӯъ пайваст ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун як давлати абарқудрати олам  аз байн рафт ва дар заминаи он давлатҳои нави миллӣ зуҳур намуданд. Дар баъзе аз кишварҳои паҳнои собиқ шӯравӣ қувваҳои гуногун  ҷиҳати  дарёфти ҳокимияти  сиёсӣ мухолифату муборизотро шурӯъ намуданд. Қувваҳои сияҳкоре, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо пули бегонагон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба роҳ монданд ва сабаби ғорат шудани дороии кишвар шуданд. Кӯчаҳои шаҳр холӣ, дари корхонаю муассисаҳо ва мактабу маориф баста гардиданд. Мардум аз минтақаҳои даргир фирор карда дар ҳар кӯю пуштае, ки нисбатан амн буданд, паноҳ мебурданд. Аз ҳама ҷо садои тиру гулула мерасид. Акнун дигар ҳарфи қонунро силоҳ мегуфт. Онҳое, ки соҳиби силоҳ буданд, худро ҳокими ҳама чиз мепиндоштанд. Дуздиву ғоратгарӣ ривоҷ ёфт. Ҷанги бародаркуш дар шаҳри Душанбе ва алангаи он дар ҷануби кишвар доман паҳн мекард. Вилояти Хатлон дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва мардум аз гуруснагию беморӣ ранҷ мебурд. Амалан баргузории иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар пойтахт имкон надошт. Ҳамин буд, ки қувваҳои солимфикри ҷомеа Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд ва ин иҷлосияи сарнавиштсоз вазъро минбаъд дар кишвар дигар сохт. Дар ҳамин гуна вазъи ҳассосу мураккаб Эмомалӣ Раҳмон, ҷавоне, ки ҳанӯз таҷрибаи сиёсии кофӣ надошт, бо ҷасорати том масъулияти  роҳбариро бар дӯш гирифт.  Дар ин иҷлосия аз тарафи Роҳбари ҷавон паёми сулҳ садо дод, ки: "Ман ба кишвар сулҳ меорам" буд. Ин паём дар дили мардум шуълаи умедро равшан сохт. Ҳамин аз худ гузаштанҳо ва устувор будан ба ҳадафи худ боиси он гардид, ки дар ҳафт раванди гуфтушунид ахиран 27-уми июни соли 1997 ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон расид ва кишварро аз вартаи нобудӣ берун овард. Ҳамаи ин бозгӯкунандаи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дорои фаросати баланди сиёсӣ буда, ҳанӯз бо баробари ба ин арса ворид шудан, дар кору амали ӯ ин сифат зуҳур намуда буд. Аз ин рӯ, аз ибтидои ворид шудан ба сиёсат аз рӯи фаросат корҳои давлатдориро ором ва дилпуронаву босаброна дар кишвар татбиқ сохт.
Агар сулҳу салоҳ дар кишвар ба миён намеомад, аз байн рафтани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил яқин буд, зеро ин ҳадафро кайҳо баъзе аз қувваҳои хориҷӣ дар сар мепарварданд. Ҳамин фаросату ҷасорат ва устувориву мардумияти  Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист мамлакатро аз вартаи нобудӣ раҳонад ва ба як кишваре пешрафтаву амн табдил диҳад.
 Сифатҳои фаросату ҷасорат ва устувориву мардумият дар ҳама кору амали Эмомалӣ Раҳмон муҷалло ба назар мерасанд, ки онҳоро метавон муфассал мавриди омӯзиш қарор дод. Ин ҷо ба тарзи иҷмолӣ баъзе аз паҳлуҳои онро метавон ҳамчун мисол зикр кард. Агар амалкардҳои имрӯзаи Пешвои миллатро низ ба назар гирем, ин сифатҳо ҳанӯз ҳам бо ин ки як сиёсатмадори таҷрибадору варзидаанд ва ҷойгоҳи муҳимеро ҳамчун шахсият дар ҷомеа дороянд, дар кору амалашон чун сифатҳои меҳварӣ  қарор гирифтаанд. Яъне, ба ҳайси як сиёсатмадор аз байни мардум бархоста, ҳамон мардумиятро барои ҳамешагӣ дар худ нигоҳ доштаанд.
Пӯшида нест, ки имрӯз дар ҷаҳон вируси ҳамагири COVID - 19 инсониятро ба як ваҳму тарси фарогир дучор намудааст. Хатари он ба ҷони ҳамаи инсонҳо новобаста аз мақому мартаба, хуну пӯст, миллияту мазҳаб баробар таҳдид мекунад. Дар чунин як шароит, ки аксари роҳбарони мамолики ҷаҳон худро дар фосила қарор дода, тамоми маҷлису машварат ва барномаҳои кории хешро тариқи онлайн ба роҳ мемонанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор сифати бунёдӣ: фаросату ҷасорат ва устуворию мардумиятро, ки дар дарозои фаъолияти худ аз онҳо истифода намудаанд, идома медиҳанд. Аз рӯзҳои пайдоиши ин вирус дар кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи мардум қарор гирифта,  тамоми имкониятҳоро ҷиҳати маҳор кардани вирус сафарбар намуданд. Ҳеҷ гоҳ аз мардум фосила нагирифтанд ва ҳамеша дар ҳама вазъ бо мардуманд. Дар шароите, ки роҳбарони иддае аз  кишварҳои ҷаҳон дар пайи ҳифзи саломатии хеш танҳо фосилавӣ бо мардум иртибот доранд, Президенти Тоҷикистон ба минтақаҳои кишвар сафар карда, бо мардум мулоқот меороянд ва ба хонаи мардумони одӣ рафта меҳмон мешаванд.
Ҳамаи ин ҳолатҳо бозгӯкунандаи онанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми даврони фаъолияти хеш бо мардум аст ва мардум бо Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ мардум ва миллати худро дӯст медорад ва мардуми кишвар ӯро самимона дӯст медоранд ва эҳтиром менамоянд, зеро ӯ ҳамеша такягоҳ ва муттакои ҳар фарди кишвар аст. Маҳбубияти ин марди фозил то дараҷаест, ки хурду бузурги кишвар ҳама ӯро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва барои ҳар нафар ҳамчун шахси наздик  ба ҳисоб мераванд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа,
мудири кафедраи гуманитарии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2020    №: 216    Мутолиа карданд: 418
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед