logo

Хабарҳо

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвари азизамон бунёдкориҳо бомаром ҷараён доранд. Мардуми сарбаланди ноҳияи Варзоб низ дар қатори дигар сокинони шаҳру навоҳии кишвар барои ободу зебо гардондани як гӯшаи Ватани хеш дастаҷамъона саъю кӯшиш мекунанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар доданд, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия қариб 280 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 140-тои онҳо  бунёд ёфта, дар ин замина 354 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар ин ҷода соҳибкорону ашхоси  саховатманд ҳам саҳми хешро мегузоранд. Соли равон бо ибтикори онҳо беш аз 40 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Масалан, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 дар деҳоти Гулбоғ, толори варзиш, маркази забономӯзӣ, дорухонаҳо дар деҳаи Чорбоғ, хоҷагии мурғпарварӣ, хати оби ошомиданӣ, майдончаи варзиш, сехи дӯзандагӣ дар деҳоти Лучоб аз ин қабиланд.
Ҳамзамон, дар ноҳия ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ бунёду навсозии 12 муассисаи таълимӣ дар назар аст. Айни замон қисми зиёди онҳо мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони 5 муассисаи таълимӣ ва муассисаи томактабии хусусӣ барои 1056 кӯдак идома дорад.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, ҳоло дар ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии  соҳибкорон сохтмони 57 иншооти дигар идома дошта, баъди бунёди онҳо 108 нафар ба ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мегардад. Инчунин, дар боғи фарҳангии маркази ноҳия эъмори иншооти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. 

З. РАҶАБЗОДА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 550
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед