logo

Хабарҳо

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

АИР «Новости». - Ин маблағ барои ҳадафҳои башардӯстона сарф мешавад, - тавзеҳ дод сардори ситоди русию суриягии ҳамоҳангсозии байниидорӣ оид ба баргардондани гурезаҳо Михаил Мизинсев.
Ба гуфтааш, бо истифодаи ин маблағ шабакаҳои барқ ва истеҳсолоти саноатӣ, иншооти динӣ барқарор мешаванд. Аз ҷумла, дар Димишқ Маркази таълими кушод ба забони русӣ муваффақона амал мекунад, ки дар он, аллакай, беш аз 100 омӯзгори забони русӣ ихтисосашонро такмил доданд. Дар макотиби олии Россия алъон зиёда аз 1300 шаҳрванди Сурия таҳсил дошта, беш аз 1900 мутахассиси ҷавон таҳсилро анҷом дод.


ОЛМОН НИЯТИ ГИРИФТАНИ 100 МИЛЛИОН ВОЯИ ВАКСИНАИ COVID-19 ДОРАД
«Интерфакс». - Ҳукуматдорон ин ниятро дар доираи созишномае амалӣ намуданианд, ки сарварони Иттиҳоди Аврупо бо ширкати олмонии BioNTech ва консерни амрикоии Pfizer Inc бастанд, - гуфт намояндаи Вазорати тандурустии Олмон Ханно Каус.
- Тибқи созишномаи мазкур, мо 100 миллион вояи ваксина гирифтан мехоҳем, - афзуд Каус.
Ваксина мувофиқи шарти созишнома, дар ҳудуди Аврупо истеҳсол мешавад.
Қаблан, Комиссияи Аврупо созишнома бо BioNTech ва Pfizer барои фармоиши пешакии 300 миллион вояи ваксинаро тасдиқ карда буд.


ТАЛАФОТИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ КИБЕРҲАМЛА 90 ТРИЛЛИОН ДОЛЛАР МЕШАВАД
АИР «Новости». - Ҷинояти киберӣ ба иқтисоди глобалӣ то соли 2030 - ум 90 триллион доллар хисорот хоҳад расонд, - изҳор дошт президенти Ассотсиатсияи россиягии политсия Юрий Жданов.
- Ин бар ҳаҷми феълии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон баробар аст. Зараре, ки киберҷиноят ба иқтисоди ҷаҳон мерасонад, сол ба сол меафзояд, - гуфт Жданов ва афзуд, ки ташкили DDoS-ҳамла ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 9 ҳазор рубл арзиш дорад, таҳияи барномаи нави зараровар - 20 ҳазор рубл. Айни замон тақрибан 1,5 миллион одам ҳеҷ набошад як ҷиноят дар интернет содир намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар Россия тайи се соли охир киберқаллобон 130 миллиард рублро рабудаанд.


ДАР ҶОПОН РЕАКТОРИ ЯКУМИ НБА БО ҲИМОЯ АЗ ТЕРРОРИЗМ ФАЪОЛ ГАРДИД
NHK. Дар ин кишвар реактори якуми неругоҳи барқи атомиро ба кор дароварданд, ки бо таҷҳизоти зиддитеррористӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Он моҳи март бинобар қафомонии корҳои ҳимоя аз терроризм боздошта шуда буд. Баъдан, ин камбудиҳо рафъ шуданд.
Баъди садамаи НБА дар Фукусима, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ ва обхезӣ ба амал омад, барои неругоҳҳои атомӣ дар Ҷопон талаботи нави амниятӣ роҳандозӣ шуд. Барои таҷдиди ду реактор дар НБА "Сэндай" Kyushu Electric Power ҷудо намудани 240 миллиард иен (қариб 2,3 миллиард доллар) - ро ба нақша гирифтааст.


КАШФИ ЯКЕ АЗ КАЛОНТАРИН АЛМОСҲО ДАР БОТСВАНА
Bloomberg. Дар Ботсвана алмосе бо вазни 998 қирот истихроҷ карданд, ки яке аз калонтарин сангҳои қиматбаҳо дар таърих маҳсуб меёбад.
Онро кормандони ширкати Lucara Diamond дар кони «Карове» канданд ва дар рейтинги ҷаҳонии алмосҳои носуфта ҷои чорумро гирифт. Соли 2019 дар ин кон алмосе ёфтанд, ки 1758 қирот вазн дошт. Аз рӯи вазн он танҳо аз алмосе, ки соли 1905 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо вазни 3106 қирот ёфт шуда буд, сабуктар мебошад. Соли 2015 дар кони «Карове» алмоси 1109 қирота канданд, ки ба маблағи $53 миллион ба савдо рафт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 571
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед