logo

сиёсат

ҶАШНИ ФАРХУНДАИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОД!

Ҳамасола ва бо тантана ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат, кишвари ободу зебо, шукуфону гулафшон,  сулҳу ваҳдати пойдори миллӣ, шакли давлатдории президентӣ ва арҷ гузоштан ба сарварии содиқона ва холисонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва идораи президентии муваффақона мебошад. 
16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Тоҷикистон интихоб кардан хеле рамзӣ аст. Зеро санаи 16 дар хотираи таърихи миллати тоҷик аз чанд ҷиҳат тақдирсоз, созанда, хотирмон ва фаромӯшнашаванда аст. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Моҳияти тақдирсозии иҷлосияи мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бо қарорҳои қабулнамудааш – махсусан, ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз парешонӣ ва давлатро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошт.
Дигар ин ки пас аз ду соли идораи парламентии давлат 6-уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ дар баробари қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти кишвар низ интихоб шуд. Бо азму иродаи матин ва ҷонибдории халқ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 
16  ноябри соли 1994  дар ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти мамлакат даст болои нахустин Конститутсияи ҷумҳурӣ савганди садоқату вафодорӣ ва кафолату ҳифзи халқу давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиро ёд карданд. Бо назардошти маҳз дар ҳамин рӯз савганд ёд кардани Эмомалӣ Раҳмон ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи президентии муваффақона бо пешниҳоду ташаббуси қонунгузории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2016, ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дарвоқеъ, дар давоми 26 соле, ки дар Тоҷикистон идораи президентӣ амал дорад, он муҳимтарин идораи давлату ҳукумат эътироф гардидааст. 
Ин иқдом бо назардошти саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва дар доираи ҷаҳон баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон амалӣ гардид.  
Бо ба назар гирифтани далелҳои фавқ, истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик муҳимтарин ҷашни фархунда  маҳсуб меёбад. Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди дар синни 40-солагӣ вазифаи роҳбари ҷумҳурии дар гирдоби кашмакашиву нофаҳмӣ, парешониву парокандагӣ қарордоштаро ба зимма гирифта, хирадмандонаву дурандешона онро роҳбарӣ карда, тавонистанд миллату давлатро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Боиси зикр аст, ки бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2015 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид.  Бо назардошти мавриди таҷдиди назар қарор гирифтану ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конс-титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» он дар такмили нав аз 14 ноябри соли 2016 мавриди истифодаи умум қарор гирифт. Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад.
Президент ҳамчун яке аз унсурҳои муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат ва мураттабии  фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои роҳбариашон бо ҷасорату нотарсӣ ва далериву тавоноӣ на ин ки миёни ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, балки миёни дигар давлату халқиятҳо низ шуҳрат ва мақоми хосса доранд. Бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр гардидан ва бори дигар бо аксарияти овози интихобкунандагон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, гувоҳи эътиқоду эътимоди тамоми мардуми кишвар аст.
Сабаб ва асосҳои муқаррар шудани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ин на ин ки дар ин рӯзи таърихӣ ба вуқӯъ пайвастани муҳимтарин рӯйдодҳои барои халқу миллат сарнавиштсозу таърихӣ, балки қадрдонӣ ба роҳбарии шахсияти барҷастаи таърихии миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд, мебошад.
Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи демократия ва сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, таҳкими истиқлолияти миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву устувории давлат, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳадафҳои стратегии  миллату давлат мебошад.

Раҷабалӣ САНГОВ,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2020    №: 221    Мутолиа карданд: 402
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед