logo

сиёсат

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ШИНОХТИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРӢ

Имсол Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазое ҷашн гирифта шуд, ки Тоҷикистони азизи мо бо баргузор намудани ду маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ ва интихоботи президентӣ дар фазои сулҳу ваҳдати комил аз худ ҳамчун кишвари амну осоиш бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём дод. Зеро ҳар ду чорабинии муҳим, ки зери назари мушоҳидони зиёди байналмилалӣ баргузор гардид, бо риояи низоми демократӣ ва якдиливу муттаҳидии мардуми сулҳпарвари тоҷик доир шуд.
Мутмаинем, ки бо интихоби дигарбораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи шарафманди тоҷик ба самти уфуқҳои нави рушду тараққиёт қадам хоҳад гузошт. Зеро дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ ба Пешвои муаззами миллат муяссар шуд, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд.
Дар моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Президент ҳомии Конс-титутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад”. Ба иқболи баланди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рисолату вазифаи пурмасъулро дар давраи басо ҳассосу сангин ба уҳда гирифта, мамлакати ҷангзадаро ба як кишвари ободу зебо ва хурраму сарсабз табдил доданд. Президенти маҳбуби кишвар баробари ҳузури муборакашон ба саҳнаи сиёсӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ бо мавқеъгирӣ ва суханони умедбахшашон ба дили мардум умед ба фардои дурахшонро зинда карда буданд. Ин абармарди таърих аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи босаодат ҷаҳду талош ва мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуданд, ки таърихи давлатдории навини мо онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Аз ҳамин дидгоҳ, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, ба сурати табиӣ дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ин шахсияти ҷаҳонӣ дар роҳи наҷоти давлату миллат ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ пеши назар меоянд.
Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша ифтихор аз он хоҳад дошт, ки Пешвои маҳбуби миллат сиёсатмадори баркамоли сатҳи ҷаҳонӣ буда,  мактаби сулҳофариашон ҳамеша мавриди омӯзиш қарор гирифта, намунаи беҳтарин роҳи ҳалли низоъҳои дохилӣ шинохтаву эътироф шудааст. Далели барҷастаи ин воқеиятро метавон  бо  суханони  собиқ  Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан тасдиқ кард, ки бо ишора ба таҷрибаи сулҳофарии Президенти мамлакат гуфта буд: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи  сулҳофарӣ гуфтан иштибоҳ намешавад”.
Ин дар ҳолест, ки Пешвои муаззами миллат дар баробари пешниҳоди беҳтарин модели сулҳофарӣ, ҳамчунин, ба унвони яке аз чеҳраҳои маъруфи ҷаҳонӣ дар ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти вобаста ба об, шинохта шудаанд. Антониу Гутерриш, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, дар ин робита нақши Президент ва ташаббусҳои байналмилалии кишвари моро чунин баён медорад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” - ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чи андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд”.
Ин баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ, роҳбарияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нисбат ба иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ва Тоҷикистони соҳибистиқлол моро водор менамояд, ки дар амалӣ намудани ҳар иқдоми Сарвари маҳбубамон сидқан талош намоем.

З. ШОҲИЁН, раиси ноҳияи Панҷ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2020    №: 222    Мутолиа карданд: 256
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед