Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР «Новости». Бино ба гуфти вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров, бар хилофи таҷрибаи солҳои 90 – уми асри гузашта, нозирони ИМА ба корхонаҳои истеҳсоли пайконҳои ядроии Россия дигар роҳ дода намешаванд.
АИР «Новости». Тавре намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Россия генерал-майор Игор Конашенков иттилоъ дод, созишномаи қатъи оташфишонӣ дар тамоми хатти бархӯрд дар Кӯҳистони Қарябоғ аз ҷониби низомиёни Арманистону Озарбойҷон риоя мешавад.
Press Trust of India. Марҳилаи дуюму сеюми озмоиши ваксинаи русии «Спутник V» дар Ҳиндустон рӯзҳои наздик оғоз меёбад.
INTERFAX.RU. Ба Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон 64 ариза аз хоҳишмандони иштирок дар интихоботи бармаҳали президентӣ, ки 10 январи соли оянда баргузор мегардад, ворид шуд, - хабар додааст КМИ кишвар.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 382