Хабарҳо
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»
Сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Корея, таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсияи “Koshuma” (Korean Smart Technology Association) Ҷаибок Сим ба минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ташриф оварда, бо роҳбарони он мулоқот намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ ба соҳибкорону сармоягузорони Корея оид ба имконоти сармоягузорӣ, логистика ва афзалияти мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва бартарияти фаъолият дар минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо, инчунин, вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхона ва озмоишгоҳҳои муосир оид ба истеҳсоли моҳӣ ва хӯроки он, коркард ва содироти маҳсулоти моҳигӣ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Корея ва имтиёзи андозию гумрукии мавҷуда ибрози назар намуда, барои татбиқи ин ҳадафҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 331