Хабарҳо
ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ бо нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва майдонҳои пахтазори ноҳияи Ҷайҳун шинос шуданд. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, иттилоъ дод.
Зимни шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили сабзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Пахтакор» - и деҳаи Маданияти деҳоти Ваҳдати миллӣ, иттилоъ доданд, ки майдони заминҳои корами обӣ дар ин мавзеъ 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ 23 саҳмдор фаъолият карда, соли ҷорӣ дар майдони 3,76 гектар пахта, 4,5 гектар сабзӣ, 0,5 гектар пиёз, 0,24 гектар гандум ва дар 1 гектар беда кошта, ҳосили хуб ба даст оварданд.
Ёқуб Саймуддинов, роҳбари хоҷагӣ, зимни суҳбат, гуфт, ки барои истеҳсоли сабзӣ ба 1 гектар тақрибан 11 - 12 ҳазор сомонӣ хароҷот карда, ҳангоми аз ҳар гектар 400 сентнер ҳосил гирифтан фоидаи хоҷагӣ 16 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Хоҷагидорон таҷрибаи хуби кишоварзӣ дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон аз тухмиҳои аълосифат истифода менамоянд. Саҳмдорон соли ҷорӣ 13,16 тонна пахта, 22,5 тонна пиёз ва 1,3 тонна гандум рӯёндаанд.
Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят дар деҳоти Қумсангир бо рафти нашъунамои пиёзи баҳорӣ ва чиниши сабзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Абдулхайр» шинос шуданд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз пиёзи барвақтӣ ҳосили фаровон ба даст оварданд.
Қоҳир Расулзода ба хоҷагидорон барои меҳнати пурмаҳсулашон миннатдорӣ ва саҳми онҳоро дар таъмини амнияти озуқавории кишвар шоёни ибрат арзёбӣ кард.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 361