logo

сиёсат

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ. БО ИСБОТИ ТАЪРИХ БЕҲТАРИН НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИСТ

Давлати дунявӣ беҳтарин низоми давлатдорӣ дар замони муосир маҳсуб мешавад. Он имконият фароҳам меоварад, ки ҷомеа ҳам арзишҳои миллӣ ва ҳам арзишҳои динии худро бе ягон монеа, дар доираи қонунгузории амалкунанда, арҷгузорӣ намояд. Дар ин ҷода давлати миллӣ метавонад бо назардошти арзишҳои миллии худ аз таҷрибаи беҳтарини низоми дунявии давлатҳои дигар истифода бурда, аз он ба нафъи худ истифода намояд.

Истифода аз таҷрибаи пешқадами давлатдории миллии ҷаҳони муосир ҳамон вақт метавонад барои ҷомеаҳои тозаистиқлол бо аҳамият бошад, ки он ба арзишҳои фарҳангии ҳамон давлат созгор ояд. Ҳар як давлат, аз ҷумла давлатҳои мустақили пасошӯравӣ арзишҳои фарҳангии хоси худро дошта, халқу миллати он бо онҳо ифтихор доранд. Яке аз чунин давлатҳои мустақили пасошӯравӣ ин давлати соҳибистиқлоли мо  - Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фарҳанги муосири он аз маҷмӯи арзишҳои тоисломии ориёӣ, арзишҳои исломӣ ва арзишҳои миллие, ки дар заминаи омезиш ва синтези анъанаҳои пешқадами Эрони қадимӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғайра, ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол аз ҷониби доираҳои зеҳнии тоҷикону форсҳо эҷод шудааст, иборат мебошад. Аз ҳамин назар ин се навъи арзишҳо, ки ҷузъҳои таркибии як фарҳанги воҳиданд, аз ҳам ҷудо карда, онҳоро муқобили якдигар гузоштан на танҳо хатои илмӣ-методологӣ, ҳамчунин, кӯтоҳандешии сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо доир ба ҳамбастагии арзишҳои динию миллӣ ибрози ақида карда, бо шаклҳои ба миллати мо хос арзи ҳастӣ намудани арзишҳои диниро таъкид сохта, мегӯянд: «Манфиатҳои миллии мо тақозо мекунанд, ки пайвандҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ дошта шаванд, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ кумак намояд».
Омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои миллии ҷаҳон на танҳо дар шакли идоракунии давлат манфиатовар аст, балки бо ин роҳ метавон ваҳдати миллиро, ки зодаи муборизаҳои шадид, бозёфти айёми дигаргуниҳои куллии таърихӣ ва дар охир меваи истиқлол аст, тақвият бахшид.
Ин гуфтаҳо ишора ба таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон мебошад, ки онро то ба имрӯз дар институтҳои давлатҳои ҷаҳон пажӯҳиш мекунанд ва, аллакай, иқрор гаштаанд, ки ба чунин воқеаҳои нодири таърихӣ танҳо халқе ва миллате қодир аст, ки дилу тинаташ аз азал барои кинаву адовати ҳамдигарӣ тангӣ мекунад, сулҳ мехоҳаду сулҳ меҷӯяд. Тоҷикон азалан чунин халқу миллати бафарҳанг ва Тоҷикистон дар таърихи олам ягона кишварест, ки халқаш волоияти гуфтугӯи тамаддунҳоро нисбати низоъҳои мазҳабию мансабӣ сари вақт дарк карда тавонистааст.
Имрӯз мардуми кишварҳои пешрафта дар ҳамбастагӣ бо  эътиқодоту боварҳои динии худ принсипҳои давлати дунявиро дар корбурди давлатдории худ расман эътироф намуда, сол ба сол аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ пеш рафта истодаанд. Ин шаҳодати он аст, ки низоми дунявии эътирофнамудаи онҳо монеи динварзиашон набуда, баръакс, он заминаи хуби ҳамзистии пайравони динҳо ва фарҳангҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст.
Ин ҳама гувоҳи он аст, ки ин давлатҳо тавонистаанд, ки дар тӯли даврони бадастории истиқлоли давлатии худ аз таҷрибаи пешқадами якдигар  истифода  бурда,  онҳоро  бо арзишҳои миллӣ ва динии худ мувофиқ сохта, дар самти давлатдорӣ  истифода  баранд.

Субҳиддин ЗИЁЕВ, ходими пешбари илмии АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2020    №: 224    Мутолиа карданд: 175
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед